среда, 14 ноября 2018 г.

БУТСИҲОИ КАНДА ВА ОБ БО САТИЛ: БЕЧОРАГИИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ “ЗАРАФШОН”

"Чандин сол аст, ки дар тими "Зарафшон” бозӣ мекунам, вале боре ҳам касе ба ман на либос додааст ва на пойпӯши варзишӣ. Бо ҳамин бутсии кӯҳнаам, ки чандин ҷояш дарбеҳ карда шудааст, аз ноилоҷӣ бозӣ мекунам. Моро таъна мезананд, ки ягон бор ғалаба намекунед, аммо боре ҳам ягон масъулин намегӯянд, ки чӣ ҳол доред, ба шумо чӣ лозим аст, чӣ намерасад? Ақалан дар бозиҳо бароямон об намеоранд, обро аз сатил менӯшем...”
Дастаи футболи "Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент, дар зиёда аз 10 вохӯрии охир бо дигар дастаҳои футболи мамлакат дар Лигаи якум, ягон маротиба ғалаба ба даст наовардааcт. Айни замон дастаи мазкур дар ҷадвали мусобиқот байни дастаҳои Лиаи якум, дар ҷои охир қарор дорад.
Футболбозони ин тим сабаби суст будани дастаи мазкурро дар бетавҷҷӯҳии ҳукумати маҳаллӣ нисбат ба даста ва бозингарон ва набудани маблағ медонанд.
Як бозингари дастаи "Зарафшон” бе овардани номаш мегӯяд: "Даста автобус надорад, сарулибосамонро худамон мехарем, барои бозиҳоямон дар сафарҳо ҳукумат маблағи ночиз ҷудо мекунад, баъзан вақт ин маблағҳо ба хӯрокамон намерасад ва ҳатто ҳолатҳое шуданд, ки танҳо бо нону ангур шикам сер кардем. Ҳамчунин бозингароне, ки ҷароҳат мебардоранд, бо маблағҳои хеш захму ҷароҳаташонро табобат мекунад... Хулоса, мушкилӣ хеле дар даста зиёд аст.”
"Бо ин гуна шароит чӣ гуна дилгарм шавему чӣ хел ғалаба кунем?” – мегӯяд ин футболбоз.
Коршиносони соҳаи варзиш мегӯянд, ҳар як даста бояд суратҳисоби махсус ва дар ҳисобаш маблағ дошта бошад, аммо тавре як масъули дастаи "Зарафшон” гуфт, дар ҳақиқат суратҳисоб доранду аммо ягон сомонӣ дар ҳисобашон мавҷуд нест. Ӯ мегӯяд, дастаҳое ҳастанд, ки даҳҳо ҳазорҳо сомонӣ дар суратҳисобашон маблағ доранд, зеро сарпараст ва дастгириашон хуб аст, лекин мо баъзан вақт дар сафар пул намеёбем.

Як варзишгари собиқадори ҳамин даста гуфт: "Чандин сол аст, ки дар тими "Зарафшон” бозӣ мекунам, вале боре ҳам касе ба ман на либос додааст ва на пойпӯши варзишӣ. Бо ҳамин бутсии кӯҳнаам, ки чандин ҷояш дарбеҳ карда шудааст, аз ноилоҷӣ бозӣ мекунам. Моро таъна мезананд, ки ягон бор ғалаба намекунед, аммо боре ҳам ягон масъулин намегӯянд, ки чӣ ҳол доред, ба шумо чӣ лозим аст, чӣ намерасад?”
"Ақалан дар бозиҳо бароямон об намеоранд, обро аз сатил менӯшем,” – мегӯяд бозингари дастаи "Зарафшон”-и Панҷакент.

Ба иддаои бозингарони дастаи "Зарафшон”, дар 15 бозие, ки дар сафар анҷом додаанд, дар 2 бозиаш ба ҷои 11 нафар ҳамагӣ 8-нафарӣ ва дар 2 вохӯрии дигар 9-нафарӣ ба майдон баромадаанд, ки сабабаш нарафтани футболбозон дар вохӯриҳои дар сафарбуда мебошад. Аз сабаби дилгарм набудан варзишгарон баъзан вақт ба дигар шаҳру ноҳияҳо ба бозӣ намерафтаанд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Панҷакент мегӯяд, корхонаи муштараки "Зарафшон”, ки дар шаҳри Панҷакент воқеъ аст, ҷои дастгирии дастаи футболи "Зарафшон” ба дастаи "Хуҷанд”-и Хуҷанд кӯмаки молӣ мерасонад.
Масъулини даста мегӯянд, воқеъан чаро, заводи алюминиум дастаи "Регар ТадАЗ”-ро, фурудгоҳи Хуҷанд дастаи "Парвоз”-ро, "Барқи Тоҷик” дастаи ”Энергетик” ва дигар корхонаҳо дастаҳои алоҳидаро сарпарастӣ мекунанду КМ "Зарафшон” дастаи моро дастгириву сарпарастӣ намекунаду ба дастаи "Хуҷанд” кӯмак мерасонидааст?
Дастаи футболи "Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент, ягона дастаи футбол дар водии Зарафшон аст, ки дар Лигаи якуми мамлакат оид ба футбол бозӣ мекунад. Ин даста охирон маротиба соли 2011 ба Лигаи олӣ роҳхат гирифта буд, аммо он замон ҳам дучори мушкили молӣ шуда, базӯр як сол дар Лигаи олӣ бозӣ кард ва бо ҳамин дигар ин даста натавонист Панҷакентро дар Лигаи олӣ намояндагӣ кунад.
Тибқи маълумоти як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент, чанде пеш намояндагони Федератсияи футбол ба Панҷакент омада масъалаи ин дастаро баррасӣ кардаанд. Дар ин вохӯрӣ Федератсияи футбол ваъда додааст, ки дастаи "Зарафшон”-ро дастгирӣ хоҳад кард.

1 комментарий:

  1. The Wizard of Odds Casino Site | Lucky Club
    A complete review of The Wizard of Odds luckyclub Casino. Play the best slot machines, table games, poker games, sports betting & more for Free!

    ОтветитьУдалить

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...