четверг, 13 октября 2022 г.

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳнатӣ омад, ба ВНМО гирифтор мешавад. Баъди таваллуди фарзанди дуюмаш маълум мегардад, ки худаш, шавҳараш ва тифли навзодашон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Шавҳари Ҷаҳоноро аз Руссия олуда гардида, ҳамсарашро низ гирифтор мекунад ва бо ҳамин фарзандашон ҳам гирифтори ВНМО мешавад. Ҷаҳоноро қисса мекунад, ки баъди гирифтани табобати зиддивирусӣ фарзанди сеюмашон солим бе гирифоршавӣ ба ин ВНМО ба дунё меояд. 



- Агар солҳои қабл дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент, раванди гирифторшавӣ ба бемории ВНМО тариқи сӯзандору зиёд ба қайд гирифта мешуд, вале солҳои охир ин тенденсия кам ва гирфторшавӣ ба воситаи алоқаи ҷинсӣ зиёд гардидааст – мегӯяд Маҳмадмурод Сафаров роҳбари Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар шаҳри Панҷакент. 
Маҳмадмурод Сафаров
 - Мо ҳама беморонро қабул мекунем, ташхис ва табобат намуда махфиятро нигоҳ медорем. Ҳама одамоне, ки гирифтори ВНМО мебошанд, баробари дигар мардуми солим ҳуқуқи зисту зиндагони ва ҷудо аз табъиз бояд бошанд. Мо махфиятро кафолат медиҳем ва ба ҷуз аз қарори суд дар бораи ягон нафар аз гирифтори ВНМО ба касе ё ҷое маълумот намедиҳем – мегӯяд ҷаноби Сафаров. 

Мо инҷо дар бораиҳои чи будани бемориҳои ВНМО/БПНМ руҷӯъ намекунем ва хонандагон метавонанд оиди он маълумоти муфассалро дар сомонаи расмии Афиф пайдо намоянд.

https://afif.tj/tg/dar-borai-bemoriho/vnmo-bpnm.html 

Ҳамчунин дар сомонаи Муассисаи давлатии маркази ҷумҳурияви ипешгирӣ ва мубориза  бар зидди ВНМО таърих ва фактҳо оиди ин беморӣ оварда шудааст


Ба андешаи мутахасисони соҳа, дар байни мардум то ҳол бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботӣ сатҳи нокифояи маълумот дар бораи роҳҳои гирифторшавӣ ба ВНМО, ҳимоя аз ин вирус, гирифтани табобати ретровирусӣ дар сатҳи нокифоя боқӣ мондааст. Мо дар як инфографика роҳҳои гузариш ва нагузаштани ВНМО-ро гирд овардем: 

Табибони вогиршинос ба ин назаранд, ки гирифтани табобати саривақтӣ метавонад ашхоси дорои ВНМО-ро солҳо умрашонро дароз намояд. Академик Вадиим Валентиинович Покровский, яке аз табибони машҳури вигиршинос дар яке аз мусоҳибаҳои худ гуфтааст, ки агар усулҳои имрӯзаи табобатро шахсони гирифтории ВНМО риоя накунанд, дар муддати 10 сол баъди олудагӣ ба ин вирус 50%, баъд аз 20 сол 95% ба касалии бемории пайдошудаи норасоии масъуният (БПНМ) гирифтор мешаванд. БПНМ ин дараҷаи охири гирифтории ВНМО мебошад.

Исботи он, ки инсоният метавонад бо гирифтани табобати антивирусӣ дараҷаи ВНМО-ро паст кунад ва аз ӯ фарзандони солим ба дунё оянд, зиндагии қаҳрамони асосии ҳамин матлаб Ҷаҳоноро мебошад.



Комментариев нет:

Отправить комментарий

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...