понедельник, 26 ноября 2018 г.

ШАКЛИ НАВУ МУШКИЛОТИ КУҲНАИ НАФАҚА ДАР ТОҶИКИСТОН



Дар Тоҷикистон тӯли ду сол мешавад, ки шакли нави пешниҳоди нафақа роҳандозӣ мешавад, ки ба гуфти масъулин нисбат ба низоми пешинаи он беҳтар будааст.
Ин низом дар асоси  қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» дар амал татбиқ шуда истодааст.

Абдураҳмон Ҳакимзода, сардори раёсати таъминоти сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҶТ мегӯяд, низоми нави суғуртавӣ, ки аз ибтидои соли 2017 ба амал татбиқ  гардид, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки минбаъд аз рӯи пардохти андози суғуртавии  дар тӯли тамоми фаъолияти кориашон пардохт намуда, дар пирӣ нафақа бигиранд.
Аммо таҳлилгарон мегӯянд низоми нави нафақа низ комил нест ва он танҳо ба манфиати онҳое равона шуда аст, ки дар давраи кориашон маоши баланд мегиранду аз ин ҳисоб андози иҷтимоиро пардохт мекунанд.
Тавре Зулфиқори Исмоилиён, шореҳи масоили иқтисодӣ зимни суҳбат бо мо гуфт,  он шаҳрвандон, ки  дар вақти фаъолият маоши кам мегиранд, гунаҳкор нестанд, ки боз дар пирӣ ҳам бо нафақаи ночиз таъмин мегарданд:

Дар байни нафақагирон ҳам, онҳое кам нестанд, ки аз меъёри нав ва ҳаҷми нафақаи имрӯзаашон норозианд. Дар ин миён ҳатто нафаронеро низ вохӯрдан, мумкин аст, ки дар бораи низоми нафақа чи ки ҳатто дар бораи читавр ба нафақа баромадан маълумот надоранд.  Ин нафарон ҳарчанд синну солашон ба нафақа расидааст, аммо аз ин имтиёзи давлат бархӯрдор нестанд.

Ба андешаи коршиносон нобаробариҳо дар низоми нави нафақа кам нест. Аз ҷумла, вақте нафароне, ки бо тартиби гузашта ба нафақа баромадаанд, наметавонанд аз 800 сомонӣ зиёд нафақапулӣ гиранд.

-          Шояд он нафароне, ки меъёр доранд, дар гузашта зиёд кор карда буданду аз ҳисоби маоши хеш ба буҷа андози иҷтимоии зиёд пардохтаанд, ки метавонист он маблағҳои пардохтаашон даромади нафақаашонро зиёд кунад - мегӯянд бархе соҳибназарон.
Ҳамчунин хориҷ кардани як модда аз қонуни пешина дар бораи нафақа, ки гуфта мешуд: “андозаи ҳадди ақали нафақа набояд аз андозаи ҳадди ақали маош кам бошад” боиси нигаронии коршиносон гардидааст.

Коршинос Зулфиқор Исмоилиён, ба он бовар аст, ки дар таҳияи ин қонун ба саросемагӣ роҳ дода шудаасту он ба ислоҳот ниёз дорад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...