Табъиз – гарчанде ин истилоҳ чанд соли охир дар забони тоҷикӣ ба кор бурда шавад ҳам, аммо як пурсишҳои сарироҳии мо дар шаҳри Панҷакент дар байни беш аз 50 нафар нишон дод, ки бештари мардуми оддӣ чӣ будани мафҳуми табъизро намедонанд.
Дар
фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, ТАБЪИЗ а. ﺾﻴﻌﺒﺗ
- ҷудо кардани
гурўҳе аз гурўҳи дигар, ба гурўҳе
имтиёз дода, гурўҳидигарро паст шуморидан;
табъизи нажодӣ нажодҳоро бартар ё
бадтар ҳисоб кардан, нобаробарии ҳуқуқи нажодҳо омадааст.
Ба
андешаи соҳибназарон, барои мардуми оддӣ табъиз ҳамон хушунат дониста мешавад.
Аммо
ҳуқуқшиносон мегӯянд табъиз ва хушунат мафҳумҳои фарқунандаанд.
Табъизи
зиёд метавонад ба хушунат оварда расонад, мегӯянд коршиносон.
Саломат
Аёзова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии маркази занони танҳо “Нури умед”, ки бештар
бо занони танҳо кор мекунад, дар фаъолияти корӣ зиёд шоҳиди табъиз ва дар
натиҷа фурӯпошии оилаҳо гардидааст.
![]() |
| Саломат Аёзова |
Ба
андешаи хонум Аёзова, ҳоло ҳам ҷавоно баробарҳуқуии зану шавҳарро намедонанд ва
аз табъизи ҷинсӣ кор мегиранд. Ӯ қисса мекунад, ки дар яке аз деҳаҳои ҷамоати
Моғиёни шаҳри Панҷакент, зане зиндагӣ мекунад, ки ҳамагӣ 3 моҳ оиладорӣ карда,
бо сабабҳои табъиз шудан дар оила ҷудо мешавад. Яъне шавҳари ӯ намегузорад, ки
занаш кор кунад. Зан маълумоти олӣ дорад ва баъди хатми донигоҳ ӯҳдадор буд, ки
бояд чанд сол кор кунад. Аммо шавҳараш “ё ман ё кор” гӯён шарт мегузорад.
Зан ҳарчанд мефаҳмонад шавҳар қабул
намекунад ва ҳатто занро хушунат мекунад. Падари духтар аз ин ҳолат огоҳ шуда,
духтарашро ба хона меорад – мегӯяд Саломаӣ Аёзова.
Ҷавонзане
бо номи Гулчирой Раҳимова аз ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент ҳам бино ба
нақли қиссаи зиндагиаш ба табъиз рӯ ба рӯ шудааст.
- Бо ҳамсарам зиндагии хуб доштем. Баъди ҳомиладор шуданам ва таваллуди фарзанд, поям маъюб гардид.
Ба қавле чӯлоқ шудам. Дигар таваҷҷӯҳи ҳамсарам ба ман кам гардид ва оҳиста – оҳиста аз ман дилхунук шуда ахиран гуфт, ки ба ман зани маъюб лозим нест, бо оби дида нақл мекунад Гулчирой.
Қиссаи
зиндагии Гулчирой Раҳимова ба кормандони ТҶ “Нури умед” маълум буда онҳо
мегӯяд, ҷавонзан аз ин амали шавҳараш зарбаи сахти рӯҳӣ гирифтааст. Зеро дар 24
солагӣ вайрон шудани оила ва маҳз бо маъюб гуфтану ҷудо намудан ва танҳо гузоштани зан аз
тарафи шавҳар таъсири равонии шадид ба зан мерасонад.
Ба
андешаи Саломат Аёзова роҳбари ташкилоти ҷамъиятии маркази занони танҳо “Нури
умед” сабабгори пайдоиши табъизро дар чунин омилҳо медонад:
- Ø Нобаробар
будани сатҳи дониш байни зану мард,
- Ø бештар
аз тарафи мардҳо гузаронидани гапи худ дар оила,
- Ø қолабҳои
шахшуда,
- Ø ҷаҳонбинии танг ва дигар омилҳо.
Ин дар
ҳолест ки ба дар як тренинги омӯзиши аз тарафи фонди ҷамъиятии “Nota bene” аввали баҳори имсол ба рӯзноманигорон иттилоъ
дода шуда буд, ки айни замон дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои табъиз" ба
парлумон барои баррасӣ фиристода шудааст.
Хуршед
Фозилов

Комментариев нет:
Отправить комментарий