четверг, 13 октября 2022 г.

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳнатӣ омад, ба ВНМО гирифтор мешавад. Баъди таваллуди фарзанди дуюмаш маълум мегардад, ки худаш, шавҳараш ва тифли навзодашон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Шавҳари Ҷаҳоноро аз Руссия олуда гардида, ҳамсарашро низ гирифтор мекунад ва бо ҳамин фарзандашон ҳам гирифтори ВНМО мешавад. Ҷаҳоноро қисса мекунад, ки баъди гирифтани табобати зиддивирусӣ фарзанди сеюмашон солим бе гирифоршавӣ ба ин ВНМО ба дунё меояд. 



- Агар солҳои қабл дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент, раванди гирифторшавӣ ба бемории ВНМО тариқи сӯзандору зиёд ба қайд гирифта мешуд, вале солҳои охир ин тенденсия кам ва гирфторшавӣ ба воситаи алоқаи ҷинсӣ зиёд гардидааст – мегӯяд Маҳмадмурод Сафаров роҳбари Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар шаҳри Панҷакент. 
Маҳмадмурод Сафаров
 - Мо ҳама беморонро қабул мекунем, ташхис ва табобат намуда махфиятро нигоҳ медорем. Ҳама одамоне, ки гирифтори ВНМО мебошанд, баробари дигар мардуми солим ҳуқуқи зисту зиндагони ва ҷудо аз табъиз бояд бошанд. Мо махфиятро кафолат медиҳем ва ба ҷуз аз қарори суд дар бораи ягон нафар аз гирифтори ВНМО ба касе ё ҷое маълумот намедиҳем – мегӯяд ҷаноби Сафаров. 

Мо инҷо дар бораиҳои чи будани бемориҳои ВНМО/БПНМ руҷӯъ намекунем ва хонандагон метавонанд оиди он маълумоти муфассалро дар сомонаи расмии Афиф пайдо намоянд.

https://afif.tj/tg/dar-borai-bemoriho/vnmo-bpnm.html 

Ҳамчунин дар сомонаи Муассисаи давлатии маркази ҷумҳурияви ипешгирӣ ва мубориза  бар зидди ВНМО таърих ва фактҳо оиди ин беморӣ оварда шудааст


Ба андешаи мутахасисони соҳа, дар байни мардум то ҳол бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботӣ сатҳи нокифояи маълумот дар бораи роҳҳои гирифторшавӣ ба ВНМО, ҳимоя аз ин вирус, гирифтани табобати ретровирусӣ дар сатҳи нокифоя боқӣ мондааст. Мо дар як инфографика роҳҳои гузариш ва нагузаштани ВНМО-ро гирд овардем: 

Табибони вогиршинос ба ин назаранд, ки гирифтани табобати саривақтӣ метавонад ашхоси дорои ВНМО-ро солҳо умрашонро дароз намояд. Академик Вадиим Валентиинович Покровский, яке аз табибони машҳури вигиршинос дар яке аз мусоҳибаҳои худ гуфтааст, ки агар усулҳои имрӯзаи табобатро шахсони гирифтории ВНМО риоя накунанд, дар муддати 10 сол баъди олудагӣ ба ин вирус 50%, баъд аз 20 сол 95% ба касалии бемории пайдошудаи норасоии масъуният (БПНМ) гирифтор мешаванд. БПНМ ин дараҷаи охири гирифтории ВНМО мебошад.

Исботи он, ки инсоният метавонад бо гирифтани табобати антивирусӣ дараҷаи ВНМО-ро паст кунад ва аз ӯ фарзандони солим ба дунё оянд, зиндагии қаҳрамони асосии ҳамин матлаб Ҷаҳоноро мебошад.



суббота, 28 мая 2022 г.

ТАБЪИЗ БА ХУШУНАТ РАСОНИДАНАШ МУМКИН...

Табъиз – гарчанде ин истилоҳ чанд соли охир дар забони тоҷикӣ ба кор бурда шавад ҳам, аммо як пурсишҳои сарироҳии мо дар шаҳри Панҷакент дар байни беш аз 50 нафар нишон дод, ки бештари мардуми оддӣ чӣ будани мафҳуми табъизро намедонанд.

Дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, ТАБЪИЗ  а.  ﺾﻴﻌﺒﺗ  -  ҷудо  кардани  гурўҳе  аз гурўҳи дигар, ба гурўҳе имтиёз дода, гурўҳидигарро  паст  шуморидан;  табъизи  нажодӣ нажодҳоро бартар ё бадтар ҳисоб кардан, нобаробарии ҳуқуқи нажодҳо омадааст.

Ба андешаи соҳибназарон, барои мардуми оддӣ табъиз ҳамон хушунат дониста мешавад.

Аммо ҳуқуқшиносон мегӯянд табъиз ва хушунат мафҳумҳои фарқунандаанд.

Табъизи зиёд метавонад ба хушунат оварда расонад, мегӯянд коршиносон.

Саломат Аёзова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии маркази занони танҳо “Нури умед”, ки бештар бо занони танҳо кор мекунад, дар фаъолияти корӣ зиёд шоҳиди табъиз ва дар натиҷа фурӯпошии оилаҳо гардидааст.

Саломат Аёзова

Ба андешаи хонум Аёзова, ҳоло ҳам ҷавоно баробарҳуқуии зану шавҳарро намедонанд ва аз табъизи ҷинсӣ кор мегиранд. Ӯ қисса мекунад, ки дар яке аз деҳаҳои ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент, зане зиндагӣ мекунад, ки ҳамагӣ 3 моҳ оиладорӣ карда, бо сабабҳои табъиз шудан дар оила ҷудо мешавад. Яъне шавҳари ӯ намегузорад, ки занаш кор кунад. Зан маълумоти олӣ дорад ва баъди хатми донигоҳ ӯҳдадор буд, ки бояд чанд сол кор кунад. Аммо шавҳараш “ё ман ё кор” гӯён шарт мегузорад. Зан  ҳарчанд мефаҳмонад шавҳар қабул намекунад ва ҳатто занро хушунат мекунад. Падари духтар аз ин ҳолат огоҳ шуда, духтарашро ба хона меорад – мегӯяд Саломаӣ Аёзова.

Ҷавонзане бо номи Гулчирой Раҳимова аз ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент ҳам бино ба нақли қиссаи зиндагиаш ба табъиз рӯ ба рӯ шудааст.

-          Бо ҳамсарам зиндагии хуб доштем. Баъди ҳомиладор шуданам ва таваллуди фарзанд, поям маъюб гардид. 

Ба қавле чӯлоқ шудам. Дигар таваҷҷӯҳи ҳамсарам ба ман кам гардид ва оҳиста – оҳиста аз ман дилхунук шуда ахиран гуфт, ки ба ман зани маъюб лозим нест, бо оби дида нақл мекунад Гулчирой.

Қиссаи зиндагии Гулчирой Раҳимова ба кормандони ТҶ “Нури умед” маълум буда онҳо мегӯяд, ҷавонзан аз ин амали шавҳараш  зарбаи сахти рӯҳӣ гирифтааст. Зеро дар 24 солагӣ вайрон шудани оила ва маҳз бо маъюб гуфтану ҷудо намудан ва танҳо гузоштани зан аз тарафи шавҳар таъсири равонии шадид ба зан мерасонад.

Ба андешаи Саломат Аёзова роҳбари ташкилоти ҷамъиятии маркази занони танҳо “Нури умед” сабабгори пайдоиши табъизро дар чунин омилҳо медонад:

  • Ø  Нобаробар будани сатҳи дониш байни зану мард,
  • Ø  бештар аз тарафи мардҳо гузаронидани гапи худ дар оила,
  • Ø  қолабҳои шахшуда,  
  • Ø  ҷаҳонбинии танг ва дигар омилҳо.

Ин дар ҳолест ки ба дар як тренинги омӯзиши аз тарафи фонди ҷамъиятии “Nota bene” аввали баҳори имсол ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуда буд, ки айни замон дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои табъиз" ба парлумон барои баррасӣ фиристода шудааст.

Хуршед Фозилов

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...