Дар дурдасттарин деҳаи Панҷакент
- Фароб, ки аз маркази шаҳр дар 90
километр ҷойгир аст, худо накарда, нафаре бемор шаваду зарурати интиқоли
ӯ ба беморхонаҳои шаҳр пеш ояд, наздикони мошиндори мариз ба соҳибони нақлиёти шахсӣ, рӯи ниёз меоранд. Он ҷо маркази саломатӣ
ҳаст, вале на ҳама беморонро мешавад, дар ин гӯшаи дурдаст ташхису табобат
кард.
-Маркази
саломатии деҳаи Фароб замоне дорои мошини ёрии таъҷилии тамғаи УАЗ буд. Ин ҷо
таъқид ба тамғаи мошин ба ин хотир аст, ки дар роҳҳои душворгузар ва фарозу
нишеби деҳаҳои кӯҳистон на ҳар мошин кор медиҳад. УАЗ-и шӯравӣ мошини ҳарҷогард буд, - мегӯяд собиқ сардухтури маркази
саломатии деҳаи Фароб Алиҷон Усмонов.
Ҳоло бошад на танҳо маркази саломатии
деҳаи Фароб, балки аксари беморхонаҳои минтақавӣ, ки шумораашон ба 13 адад ва марказҳои
саломатӣ, ки 40-то ҳастанд, нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва ё мошини ёрии таъҷилӣ
надоранд.
Ин нақша аз рӯи маълумоти беморхонаи
марказии шаҳр аст. Дар асл бошад, дар беморхонаҳои минтақавии ҷамоатҳои деҳоти
Саразм ва шаҳраки Суғдиён воҳиди кории нуқтаи ёрии таъҷилӣ мавҷуд аст, вале
мошини ёрии таъҷилӣ надоранд.
Тибқи маълумоти
беморхонаи марказии шаҳр ба маркази саломатии деҳаҳои дурдасти Артучи ҷамоати
деҳоти Рӯдакӣ, беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Ворӯ ва Моғиён соли 2018
мошини ёрии таъҷилӣ ҷудо шудааст. Ин кӯмаки сохторҳои вилоятии соҳа дар соли
2018 мебошад.
Дар маҷмӯъ ҳоло ба беш аз 260
ҳазор нафар сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент, 4 мошини ёрии таъҷилӣ
ва 34 воҳиди кории духтурон ва
кормандони миёнаи тиббӣ хизмат мерасонанд, ки ин аз меъёри муқарраршудаи бо хидматрасонии
ёрии таъҷилӣ фаро гирифтани аҳолӣ 22 то кам мебошад. Тибқи меъёрҳои соҳавӣ ба ҳар
10 ҳазор нафар бояд як бригадаи ёрии таъҷилӣ хидмат расонад.
Дар пойгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Панҷакент, 4 адад мошини ёрии таъҷилӣ ва 54 воҳиди корӣ мавҷуд мебошад, ки онҳо асосан дар ҳудуди шаҳри ва деҳаҳои Чинор, Кабудсанг ва Нурафшон ба тақрибан 60 000 нафар сокинон кӯмаки тиббӣ мерасонанд.
Тавре сарвари пойгоҳи ёрии
таъҷилии беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент Муҳаммадҷон Сафаров мегӯяд, ба муроҷиин
3 бригадаи умумитиббӣ, 29 нафар духтурони навбатдор, 12 нафар беҳёр, 4 нафар
танзимгар, 5 нафар тозакорон ва 9 нафар ронандагон шабонарӯзӣ хидмат мерасонанд.
Дар ҳудуде, ки пойгоҳ хидмат мерасонад, беш аз 60 ҳазор нафар сокин ҳастанд ва
тибқи меъёр боз ба 2 мошини ёрии таъҷилӣ бо бригадаи табибон эҳтиёҷ доранд. Дар пойгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Панҷакент, 4 адад мошини ёрии таъҷилӣ ва 54 воҳиди корӣ мавҷуд мебошад, ки онҳо асосан дар ҳудуди шаҳри ва деҳаҳои Чинор, Кабудсанг ва Нурафшон ба тақрибан 60 000 нафар сокинон кӯмаки тиббӣ мерасонанд.
Тавре аз ин арқом бармеояд, қисмати
бештари даъватҳо ба амрози дилу рагҳои
хунгард, рӯҳӣ-неврологӣ, узвҳои нафаскашӣ равона гардидааст ва тӯли ду сол соли
охир пойгоҳ ба 552 нафар сокинони деҳоти атрофи шаҳр низ хидмати тиббӣ
расонидааст. Дар ин солҳо 3137 нафар аз тариқи пойгоҳи ёрии таъҷилӣ дар
беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.
Оё сокинони ҷамоатҳои деҳот
низ аз чунин ёрии таъҷилии тиббӣ бархурдоранд? Дар сурате, ки ба 14 ҷамоатҳои
деҳот ҳамагӣ 4 мошини ёрии таъҷилӣ хидмат мерасонад, дар ин бора чизе гуфтан
душвор аст. Тибқи меъёр тавре зикр шуд, барои Панҷакент, ки наздик ба 300 ҳазор
нафар аҳолӣ сукунат доранд, на кам аз 30 мошини ёрии таъҷилӣ ва мутобиқи он
бригадаҳои умумитиббӣ ва махсус лозим аст.
Таҳлили даъватҳо ба пойгоҳи
ёрии таъҷилии беморхонаи марказии шаҳр собит мекунад ва онро сардухтури пойгоҳ
М.Сафаров низ таъкид менамояд, ин ҷо ба мошинаи ёрии таъҷилии муҷаҳҳази замонавӣ,
ки ба беморони дил, кӯдакон ва ёрии изтирорӣ (эҳёгарӣ) махсус гардонида
шудааст, эҳтиёҷ доранд.
Маблағе ки дар соли 2018
барои таъмини фаъолияти пойгоҳи ёрии таъҷилии
беморхонаи марказии шаҳр ҷудо шудааст, ба як даъват мутаносибан баробари як сӯзандору
ва ним литр сӯзишворӣ аст.
Оё мешавад бо ин маблағ ҳатто
ба як бемор хидмати тиббӣ расонид ё ба маҳалли дурдасти атрофи шаҳр сафар кард.
Яъне, баъзан аз бемор ё соҳибони бемор пул талаб кардани духтурони ёрии таъҷилӣ
аз ҳамин таъминоти ночиз сарчашма мегирад ва ин таъкиди Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриро, ки ёрии
аввали тиббӣ дар мамлакат барои аҳолӣ комилан ройгон мегӯяд, зери суол мебарад.
Зиёда аз ин дар тамоми шаҳр ҳоло
коргоҳи истеҳсоли оксиген, ки барои беморон дар ҳолатҳои изтирорӣ зарур аст,
мавҷуд нест ва ба ин сабаб 3 маҷмӯъ асбоби оксигендихии пойгоҳи ёрии таъҷилии тиббии беморхонаи марказии шаҳр
низ истифода намешавад.
Хулоса, касал нашавед ва
коратон ба ёрии таъҷилӣ наафтад. Беҳтарин орзу дар соли нави 2019.

Slot Game - DrmCD
ОтветитьУдалитьIf you love 오산 출장샵 the slots you are probably interested in. Play this Game 경상남도 출장샵 on our website for free, 경상북도 출장샵 and we can help you to enjoy the thrill 충청북도 출장샵 of casino 성남 출장샵 play.