среда, 30 января 2019 г.

ЧАРО “ҚАРЗДОРҲО”-И КУМИТАИ АНДОЗ НАВ НАМЕШАВАНД?


Ба гуфтаи коршиносоне, ки сомонаҳои Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд, дар торномаи andoz.tj дар бахши қарздорҳо, зуд – зуд маълумотҳои нав ворид карда мешуд. Аммо аз чи сабаб бошад, ки маълумоти охирини ин сомона, санаи 1.05.2017 ворид карда шуда, то ҳол бо гузашти беш аз 1 солу 7 моҳ дигар маълумотҳои нав ворид ва ин бахши andoz.tj  таҷдид нашудааст.  
Бино ба иттилои кӯҳнае, ки дар сомонаи Кумитаи андози назди ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст, қарзи корхонаву ташкилот ва муассисаву идораҳо дар назди ин кумита, 686 миллиону 645 ҳазору 585 сомониро ташкил медиҳад. Дар маълумотнома оварда шудааст, ки ин танҳо рӯйхати он қарздорҳоест, ки қарзашон аз 200 000 сомонӣ зиёд будааст. 
Аз рӯи ин маълумотщо, ки лар сомонаи andoz.tj  дар базши қарздорҳо ҷойгир аст, 424 корхонау муасисаву ташкилоту идораҳо, аз 64 шаҳру навоҳии мамлакат дар назди Кумиати андоз ба маблағи 279 664 057 сомонӣ қарздор будаанд. 
Аз байни корхонаҳое, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ҷойгиранд, аз рӯи маълумоти расмии сомонаи мазкур, ин ЧСК"Точикхимпром" дар ноҳияи Ёвон будааст, ки ин корхона 10 069 434 сомонӣ қарз дар назди Кумитаи андоз доштааст.
Ҳамчунин дар ин рӯйхат, номи 53 корхонаҳое, ки бо номи андозсупорандагони калон дониста шудаанд, низ мавҷуд мебошанд, ки қарзашон дар назли кумитаи андоз 406 миллиону 981 ҳазору 528 сомонӣ мебошад, ки аз ҳама қарздори калон, ширкати “Барқи Тоҷик” ба маблағи 194 318 253 сомонӣ, ҶДММ “ТАКОМ”, 28 679 419 сомонӣ, КВД “АЛЮМИНСОХТМОН” КВД “ШАТ”, 21 176 532 сомонӣ, ҶСК "НЕРӮГОҲИ ОБИИ БАРҚИИ САНГТӮДА 1", 17 443 083 сомонӣ, ҶСК РЕСАНДАИ ҚУРҒОНТЕППА, 16 726 986 сомонӣ, ҶСК "ТОҶИКТЕЛЕКОМ" 13 619 826 сомонӣ, КФ "Шахтаи Фон-Яғноб"-и КВД "Ангишти Тоҷик", 12 885 871 сомонӣ, КВД "Фулузоти нодири Точикистон" 8 503 848 сомонӣ, ҶДММ "ШИРКАТИ ХАВОПАЙМОИИ СОМОН ЭЙР" 4 475 368 сомонӣ ва ғайра ҳастанд.
Гурӯҳе ба он ақидаанд, ки “обновить” накардани бахши қарздорҳо дар сомонаи Кумитаи андоз, шояд як танбалӣ бошад, дигаре ин амалро шояд рӯйпӯш кардани қарзҳои нав ва маслиҳати пешакии дастандаркорон бо қарздорҳо медонанд.
Вале мо ҷавоби расмии худи Кумитаи аандозро интизорем!
Аммо дар ҳамин ҳол як манбаъ аз Кумитаи андоз гуфт, албатта ин маълумотҳо кӯҳнаад ва қарзи андозӣ аз он чи дар рӯйхат омадааст ба маротиб зиёд шудааст.
Қарзи ташкилоту корхона ва муассисаву идораҳо дар назди Кумитаи андоз дар ҳолест, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири худ аз иҷро нашудани ду намуди андоз аз ҷумла: андоз аз даромад ба маблағи 8,3 млн. сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 411,3 млн. сомонӣ интиқод намуд.
Эмомалӣ Раҳмон  барои кам намудани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, Вазорати молия ва Кумитаи андозро  ҷиҳати иҷрои саривақтии даромадҳои буҷети давлатӣ вазифадор сохт.

суббота, 12 января 2019 г.

ДУ ҲАБ ВА НИМ ЛИТР БЕНЗИН ва ё меъёр барои як даъвати ёрии таъҷилӣ

Дар дурдасттарин деҳаи Панҷакент - Фароб, ки аз маркази шаҳр дар 90  километр ҷойгир аст, худо накарда, нафаре бемор шаваду зарурати интиқоли ӯ ба беморхонаҳои шаҳр пеш ояд, наздикони мошиндори мариз ба соҳибони нақлиёти  шахсӣ, рӯи ниёз меоранд. Он ҷо маркази саломатӣ ҳаст, вале на ҳама беморонро мешавад, дар ин гӯшаи дурдаст ташхису табобат кард.  
-Маркази саломатии деҳаи Фароб замоне дорои мошини ёрии таъҷилии тамғаи УАЗ буд. Ин ҷо таъқид ба тамғаи мошин ба ин хотир аст, ки дар роҳҳои душворгузар ва фарозу нишеби деҳаҳои кӯҳистон на ҳар мошин кор медиҳад. УАЗ-и шӯравӣ мошини ҳарҷогард буд, - мегӯяд собиқ сардухтури маркази саломатии деҳаи Фароб Алиҷон Усмонов.
            Ҳоло бошад на танҳо маркази саломатии деҳаи Фароб, балки аксари беморхонаҳои минтақавӣ, ки шумораашон ба 13 адад ва марказҳои саломатӣ, ки 40-то ҳастанд, нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва ё мошини ёрии таъҷилӣ надоранд.
Ин нақша аз рӯи маълумоти беморхонаи марказии шаҳр аст. Дар асл бошад, дар беморхонаҳои минтақавии ҷамоатҳои деҳоти Саразм ва шаҳраки Суғдиён воҳиди кории нуқтаи ёрии таъҷилӣ мавҷуд аст, вале мошини ёрии таъҷилӣ надоранд.
Тибқи маълумоти беморхонаи марказии шаҳр ба маркази саломатии деҳаҳои дурдасти Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Ворӯ ва Моғиён соли 2018 мошини ёрии таъҷилӣ ҷудо шудааст. Ин кӯмаки сохторҳои вилоятии соҳа дар соли 2018 мебошад.  
Дар маҷмӯъ ҳоло ба беш аз 260 ҳазор нафар сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент, 4 мошини ёрии таъҷилӣ ва  34 воҳиди кории духтурон ва кормандони миёнаи тиббӣ хизмат мерасонанд, ки ин аз меъёри муқарраршудаи бо хидматрасонии ёрии таъҷилӣ фаро гирифтани аҳолӣ 22 то кам мебошад. Тибқи меъёрҳои соҳавӣ ба ҳар 10 ҳазор нафар бояд як бригадаи ёрии таъҷилӣ хидмат расонад.
Дар пойгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Панҷакент, 4 адад мошини ёрии таъҷилӣ ва 54 воҳиди корӣ мавҷуд мебошад, ки онҳо асосан дар ҳудуди шаҳри ва деҳаҳои Чинор, Кабудсанг ва Нурафшон ба тақрибан 60 000 нафар сокинон кӯмаки тиббӣ мерасонанд. 
Тавре сарвари пойгоҳи ёрии таъҷилии беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент Муҳаммадҷон Сафаров мегӯяд, ба муроҷиин 3 бригадаи умумитиббӣ, 29 нафар духтурони навбатдор, 12 нафар беҳёр, 4 нафар танзимгар, 5 нафар тозакорон ва 9 нафар ронандагон шабонарӯзӣ хидмат мерасонанд. Дар ҳудуде, ки пойгоҳ хидмат мерасонад, беш аз 60 ҳазор нафар сокин ҳастанд ва тибқи меъёр боз ба 2 мошини ёрии таъҷилӣ бо бригадаи табибон эҳтиёҷ доранд. 

Тавре аз ин арқом бармеояд, қисмати бештари даъватҳо ба  амрози дилу рагҳои хунгард, рӯҳӣ-неврологӣ, узвҳои нафаскашӣ равона гардидааст ва тӯли ду сол соли охир пойгоҳ ба 552 нафар сокинони деҳоти атрофи шаҳр низ хидмати тиббӣ расонидааст. Дар ин солҳо 3137 нафар аз тариқи пойгоҳи ёрии таъҷилӣ дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.
Оё сокинони ҷамоатҳои деҳот низ аз чунин ёрии таъҷилии тиббӣ бархурдоранд? Дар сурате, ки ба 14 ҷамоатҳои деҳот ҳамагӣ 4 мошини ёрии таъҷилӣ хидмат мерасонад, дар ин бора чизе гуфтан душвор аст. Тибқи меъёр тавре зикр шуд, барои Панҷакент, ки наздик ба 300 ҳазор нафар аҳолӣ сукунат доранд, на кам аз 30 мошини ёрии таъҷилӣ ва мутобиқи он бригадаҳои умумитиббӣ  ва махсус  лозим аст.
Таҳлили даъватҳо ба пойгоҳи ёрии таъҷилии беморхонаи марказии шаҳр собит мекунад ва онро сардухтури пойгоҳ М.Сафаров низ таъкид менамояд, ин ҷо ба мошинаи ёрии таъҷилии муҷаҳҳази замонавӣ, ки ба беморони дил, кӯдакон ва ёрии изтирорӣ (эҳёгарӣ) махсус гардонида шудааст, эҳтиёҷ доранд.
Маблағе ки дар соли 2018 барои таъмини фаъолияти  пойгоҳи ёрии таъҷилии беморхонаи марказии шаҳр ҷудо шудааст,  ба як даъват мутаносибан баробари як сӯзандору ва ним литр сӯзишворӣ аст.
Оё мешавад бо ин маблағ ҳатто ба як бемор хидмати тиббӣ расонид ё ба маҳалли дурдасти атрофи шаҳр сафар кард. Яъне, баъзан аз бемор ё соҳибони бемор пул талаб кардани духтурони ёрии таъҷилӣ аз ҳамин таъминоти ночиз сарчашма мегирад ва ин таъкиди Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҷумҳуриро, ки ёрии аввали тиббӣ дар мамлакат барои аҳолӣ комилан ройгон мегӯяд, зери суол мебарад.
Зиёда аз ин дар тамоми шаҳр ҳоло коргоҳи истеҳсоли оксиген, ки барои беморон дар ҳолатҳои изтирорӣ зарур аст, мавҷуд нест ва ба ин сабаб 3 маҷмӯъ асбоби оксигендихии пойгоҳи  ёрии таъҷилии тиббии беморхонаи марказии шаҳр низ истифода намешавад.
Хулоса, касал нашавед ва коратон ба ёрии таъҷилӣ наафтад. Беҳтарин орзу дар соли нави 2019.

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...