пятница, 25 октября 2019 г.
пятница, 28 июня 2019 г.
АНДОЗЕ, КИ СОКИНОН НАМЕДОНАНД...
Фирӯза
Муҳаммадова, як сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки аз андози объектҳои молу мулки
ғайриманқул 800 сомонӣ қарздор шудааст, вале худаш аз он бехабар аст.
Фирӯза
пас аз он дар ин бора хабардор мешавад, ки ба нозироти андози шаҳри Хуҷанд барои
гирифтани як ҳуҷҷат меравад. Баъди ҳисоби дубора кормандони андоз қарзашро 500
сомонӣ арзёбӣ карданд.
Фирӯза
мегӯяд, бо он вуҷуд, ки аз мафҳуми андози молу мулки ғайриманқул чизе
намедонад, аммо бо шунидани он, ки қарзаш 300 сомонӣ камтар шудааст, бо
хурсандӣ онро месупораду меравад.
Фирӯза
Муҳаммадова ягона нафаре нест, ки дар бораи тартибу пардохт ва пена задании қарзи
андозаш маълумоти кофӣ надорад. Мисли ӯ садҳо сокинони дигар Тоҷикистон
тақрибан дар бораи ин намуди андоз чизе намедонанд. Гуфтаҳои болоро Собир
Вазиров, сардори шуъбаи рушди маъмурикунонии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ
низ дар маҳфили “Тавозун” вобаста ба ислоҳотҳо дар низоми андозбандии ҶТ тасдиқ
намуд.
Бо вуҷуди он, ки шаҳрвандон дар бораи андози молу мулки ғайриманқул кам медонанд, вале ба иттилои масъулини Нозироти андози шаҳри Хуҷанд, қарзи сокинон аз ин намуди андоз сол ба сол дар назди давлат кам шудааст."Тибқи моддаи 269-и Кодекси андози ҶТ, объектҳои ғайриманқул – биноҳо, иморатҳо ва молу мулки дигари ба замин мустаҳкам насбгардида, яъне объектҳое, ки ҷойивазкуниашон бе расонидани зарари моддӣ ба онҳо ғайриимкон аст, дониста мешавад ва тибқи моддаи 275 cупорандагони андоз аз объектҳои ғайриманқул соҳибони (истифодабарандагони) объектҳои ғайриманқул, ки объекти андозбандӣ мебошанд, ба шумор мераванд"
Дар як назарсанҷии интерентӣ ҳам бештари сокинони шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба саволи он, ки оё дар бораи андоз аз объектҳои ғайриманқул маълумот доранд ё не қисми зиёдашон гуфтаанд ки оиди ин намуди андоз чизе намедонанд.
Дар
ҳамин ҳол, тибқи иттилои Раёсати андози вилояти Суғд то 01 январи соли 2018, агар
андозаи пена аз миқдори қарзи умумии ҳар як андозсупоранда 0,8 % буд, аз якуми январи соли равон фоизи пена ба 0,5% поён фароварда шудааст.
Валаматшех МАҲМУДОВ корманди Раёсати андоз дар вилояти Суғд мегӯяд, Н а т и ҷ а и т а ҳ л и л и баҳисобгирии (инвентаризатсияи) объектҳои молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ нишон дод , ки дар ҳақиқат, объектҳои андозбандишаванда ва қитъаи замини шахсони воқеӣ пурра ба андозбандӣ ҷалб нашудаанд. Масалан, дар натиҷаи инвентаризатсияҳои гузаронидашуда 6515 адад хоҷагии шахсони воқеии ба қайд гирифтанашуда муайян гардид.
Валаматшех МАҲМУДОВ корманди Раёсати андоз дар вилояти Суғд мегӯяд, Н а т и ҷ а и т а ҳ л и л и баҳисобгирии (инвентаризатсияи) объектҳои молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ нишон дод , ки дар ҳақиқат, объектҳои андозбандишаванда ва қитъаи замини шахсони воқеӣ пурра ба андозбандӣ ҷалб нашудаанд. Масалан, дар натиҷаи инвентаризатсияҳои гузаронидашуда 6515 адад хоҷагии шахсони воқеии ба қайд гирифтанашуда муайян гардид.
Тибқи
иттилои ин манбаъ дар рафти азнавбаҳисобгирӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ дар давоми
соли 2018 ба маблағи 12,3 млн. сомонӣ андозҳои иловагӣ ҳисоб гардида, 11,7 млн.
сомонии он рӯёнида шудааст. Дар навбати худ маблағи андозҳо аз молу мулки
ғайриманқул дар соли 2017 нисбат ба соли 2016 ба маблағи 15,5 млн. сомонӣ, дар
соли 2018 нисбат ба соли 2017 ба маблағи 10,4 млн. сомонӣ зиёд ворид
гардидааст.
Масъулини
Кумитаи андоз мегӯянд, баҳри баланд бардоштани дониши молиявӣ ва саводнокии
андозсупорандагон, ҳамчунин барои огоҳ кардани мардум ва ҷалби онҳо ба
супоридани андоз аз роҳҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи вохӯриҳо, паҳн намудани
маълмумот дар шабакаи интернетӣ ва фиристодани СМС паёмҳо кор хоҳанд гирифт.
Дар зери матлаб тартиби ҳисобу китоби анзозҳоро тариқи ҳисобкунаки сомонаи расмии Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ овардем, ки шояд барои хонандагон муфид бошад...
Дар зери матлаб тартиби ҳисобу китоби анзозҳоро тариқи ҳисобкунаки сомонаи расмии Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ овардем, ки шояд барои хонандагон муфид бошад...
1 by Хуршед Фозилов on Scribd
воскресенье, 17 февраля 2019 г.
602168 СОМОНӢ ДАР 1 СОЛ БАРОИ БЕМОРОНИ СИЛ ДАР ПАНҶАКЕНТ
Дар саҳни маркази мубориза бо бемории
сили шаҳри Панҷакент бо сокини ҷамоати деҳоти Саразм, Мансурро (номаш дигар шудааст) вохўрдем. Барои ташхиси навбатӣ ин ҷо омадааст. Шаш моҳ
пеш ў бо аломатҳои бемории сил ин ҷо табобат гирифта буд.
Банди корҳои рўзгор на ҳамеша
тавсияи табибонро ба ҷо меовард ва оқибат бемориаш ба шакли мутобиқгаштаи сил
табдил ёфтааст ва ўро лозим меояд муддати мадид ба табобат машғул шавад.
Мансур ягона нафаре нест, ки ба ин шакли
бемории сил мубтало гаштааст. Тавре дар нишасти матбуотӣ сардухтури маркази мубориза бо бемории сили шаҳри
Панҷакент Бузургмеҳр Аминов гуфт, ҳоло 105 нафар гирифторони шакли мутобиқгаштаи
сил зери назорати диспансерӣ қарор доранд ва 384 нафари онҳо ба шакли фаъоли ин
беморӣ мубтало гаштаанд.
Дар маҷмўъ шумораи мубталоёни ин
беморӣ, ки ба қайди диспансерӣ гирифта шудаанд, нисбати соли 2017-ум 316 нафар
бештар ҳастанд. Масалан соли 2018-ум балғами 1320 нафар гумонбарон ташхис шуда,
бо ин роҳ 152 нафар беморон ошкор шуданд, ки 53 нафарашон микробхориҷкунанда ҳастанд. Онҳо дар сурати ба табобат напардохтан манбаи сироят буда метавонанд.
Инро аз ҷадвали зер метавон дид:
Ҳамчунин ҳамасола ҳазорон нафар, ки ба
Маркази саломатӣ муроҷиат менамоянд, бо мақсади муайян намудани шакли паҳншудаи
он-сили шуш, аз ташхиси флюрографӣ мегузаранд. Соли 2017-ум, 10622 ва соли 2018-ум 13856 нафар муроҷиат аз чунин
ташхис гузашта, мутаносибан 5 ва 4 нафар бо аломатҳои ин беморӣ муайян гардида,
ба табобат фаро гирифта шудаанд.
Сардухтури маркази мубориза бо
бемории сил Бузургмеҳр Аминов мегўяд, бемории сил бештар дар байни сокинони ҷамоатҳои
деҳоти Саразм, Хурмӣ, Чинор ба мушоҳида мерасад.
Тавре аз Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидимеологии
Панҷакент шарҳ доданд, агар дар ин минтақа дар маҷмўъ ба 100 ҳазор
нафар 48,5 нафар беморони сил рост ояд ва ин аз нишондоди ҷумҳурӣ кам аст, дар ҷамоати
деҳоти Саразм ин рақам 122,9, Хурмӣ-121,1 ва
Чинор-112,8 нафарро ташкил медиҳад.
Омили инро аз назари коршиносон
пеш аз ҳама аз сатҳи таъминоти аҳолӣ, сари вақт муайян кардану ба табобат фаро
гирифтани аъзоёни оилаи беморон, фаҳмонидани нишонаҳои беморӣ ва зарурати табобат фаро
гирифтани онҳо, хатарҳои аз табобат
саркашӣ намудан ва риоя накардани тавсияи табибон ҷустан лозим аст.
Тавре дар беморхонаи марказии шаҳр
шарҳ доданд, бемороне, ки ба табобати диспансерӣ фаро гирифта шудаанд, дар
доираи пешбинишудаи «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сид
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2015-2020» аз маводи ғиоӣ, ташхису
табобати ройгон бархурдоранд.
Яъне агар бо сабабе табобатро
пурра намегиранд, на танҳо худ сиҳат
намеёбанд, балки сабабгори сирояти ин беморӣ ба дигарон дар муҳити хона ва ҷойҳои
ҷамъиятӣ буда метавонад. Зеро ба таъқиди
мутахассисон сил бемории хавфноки сироятӣ буда, дар шакли фаъол буданаш бо роҳи
ҳавоӣ-қатрагӣ аз шахси бемор ба одами солим ҳангоми сўҳбат, сулфаю атса, балғамафшонӣ
сироят карда метавонад.
Ташхису табобати бемории сил дар
заминаи маблағҳои буҷаи маҳаллӣ, Нақшаи миллии стратегие, ки зикр шуд, дастгирии
шарикони рушд -
Барномаи USAID,
лоиҳаи «ХОУП», «Табибони бидуни марз» ва ғайра ба роҳ монда мешавад.
Маблағгузорӣ
барои
табобат ва ҳимоят аз бемории сил аз буҷаи маҳаллии шаҳри Панҷакент (барои
Макази мубориза бо бемории сил), (сомонӣ)
Буҷет
|
Соли
2018
|
2017
|
2016
|
М/меҳнат
|
449808
|
449808
|
376776
|
Захираҳои
моддӣ-молӣ
|
18000
|
18000
|
15488
|
Пардохтҳо
|
112452
|
112452
|
94194
|
Маводҳои
сўхт
|
720
|
720
|
720
|
Хароҷоти
ҷорӣ
|
600
|
600
|
1160
|
Таъмири
ҷорӣ
|
10500
|
7500
|
560
|
Пардохт
барои хизматрасониҳо
|
7488
|
15488
|
7488
|
Пардохт
барои хидмати алоқа
|
2600
|
600
|
368
|
Ҷамъ:
|
602168
|
605168
|
496000
|
Тавре аз ин ҷадвал бармеояд, маблағи ҷудошуда,
аз буҷети маҳаллӣ ва ҳар нафар беморӣ сил, ки дар қайди диспансерӣ қарор доранд, дар
соли 2017-ум 536,4 ва соли 2018-ум 526,3
сомонӣ рост меояд. Тибқи нишондодани Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, мўҳлати табобати бемории
сил дар сурати риояи тавсияҳои духтурон 6-8 моҳ давом мекунад. Дар ин сурат
хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҳар бемор масалан, дар соли 2018 ҳар моҳ ҳамагӣ 44,7
сомонӣ аст. Ин дар суратест, ки маблағи аз буҷети маҳаллӣ ҷудошуда, пурра барои
нигоҳдории Маркази мубориза бо бемории сил, аз ҷумла пардохти маоши кормандони
он масраф мешавад. Табобати беморон
бошад, ройгон тибқи меъёрҳои дар «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз
бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои давраи солҳои 2015-2020» муайяншуда
сурат мегирад.
Вале аз рӯи маълумоте,
ки мо дастрас намудем, барои табобати як нафар бемори сил дар шакли содда,
зиёда аз 1400 сомонӣ дар як давраи табобат масраф мегардидааст.
Соли гузашта бо дастгирии созмонҳои
хайриявӣ дар Марказ барои ташхистгоҳ бинои нав сохта, бахши табобати диспансерӣ
ба ҷои алоҳида гузаронида шуд. Вале ҳанўз набудани ҷомашўихона ва ҳаммом, ки
барои ин беморхона иншооти зарурӣ мансуб мешавад мавҷуд нест. Маблағи ночизе,
ки ҳамасола барои таъмир пешбинӣ мешавад, на танҳо барои бунёди онҳо, ҳатто
барои таъмири ҷорӣ кифоя нест.
Тавре сарвари ТҶ «Бузург»
Дилором Эгамбердиева мегўяд, онҳо бо дастгирии
USAID
лоиҳаи «Барномаи USAID
оид ба мубориза ба мемории сил дар ноҳияҳои водии Зарафшон»-ро дар 10 ҷамоатҳои
деҳоти ҳадафии шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ амалӣ менамоянд.
Дар доираи ин лоиҳа корҳои зиёди
тарғиботӣ оид ба бемории сил дар байни аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ
гузаронида шудааст. Аз ҷумла, ба чорабиниҳои тарғиботии он беш аз 3300 нафар муҳоҷирони
меҳнатӣ, ки эҳтимоли сироятёбиашон ба бемории сил дар шароити номусоид дар муҳоҷират
зиёд аст, фаро гирифта шудаанд.
Баъди сўҳбатҳо оид ба хатари эҳтимолии
ташхису табобат накардани беморони сил, ошноӣ бо роҳҳои дастрас ба ташхису
табобат дар муассисаҳои давлатии тиббӣ аз байни 502 нафар ташхисшудагон 50
нафар бо аломатҳои бемории сил дарёфт гардида, барои табобат ба муассисаҳои тиббӣ
фиристода шудаанд.
Натиҷаҳои пурсиши дар давраи
татбиқи лоиҳа гузаронида собит сохт, ки ҳанўз 10 фоизи пурсидашудагон баъди
ошкор шудани аломатҳои беморӣ намедонанд ба куҷо муроҷиат намоянд, 5 дарсад аз
хатари пеш аз мўҳлат қатъ кардани табобат ва 10 дарсад аз роҳҳои сирояти беморӣ
огоҳ нестанд. – мегўяд Дилором Эгамбердиева.
Бо вуҷуди он, ки фарогирии аҳолӣ ба тасхис бештар ва
ошкор кардани беморӣ зиёд шуда бошад ҳам, амммо тибқи назари
мутахассисон нишондоди гирифторӣ,
ба бемории сил ба 100 ҳазор дар Панҷакент нисбат ба ҳисоби миёнаи Ҷумҳурӣ кам аст. Вале
норасогии ошкор
силшинос ташхису табобати беморонро душвор
менамоянд.
Мутахассисон бар онанд, ки сару
кор гирифтан бо гирифторони бемории сироятии сил аз паи худ хатар ҳам дорад. Ҳодисаҳои ба ин беморӣ сироят ёфтани худи духтурон низ
ба мушоҳида мерасад. Аз ин рў талабгорони ин пеша дар байни
хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ зиёд нестанд. Роҳи ҷалби онҳо ба ин соҳа муқаррар
намудани маоши бештар барои хатарҳои эҳтимолӣ ё муқаррар намудани меъёри собиқаи
кор барои гирифтани нафақаи имтиёзнок аст, ки пешниҳоди он дар салоҳияти мақомоти
ҷумҳуриявии соҳа мебошад.
- Мардум бояд бидонанд, ки сил
бемории табобатшаванда аст, ирсӣ нест ва мо дар сурати муроҷиати саривақтӣ ва
риояи тасмяҳои табибон ба пурра шифо ёфтани онҳо кафолат медиҳем, – мегўяд
сардухтури Маркази мубориза бо бемории сили шаҳри Панҷакент Бузургмеҳр Аминов .
среда, 30 января 2019 г.
ЧАРО “ҚАРЗДОРҲО”-И КУМИТАИ АНДОЗ НАВ НАМЕШАВАНД?
Ба
гуфтаи коршиносоне, ки сомонаҳои Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд, дар торномаи
andoz.tj дар бахши қарздорҳо, зуд – зуд маълумотҳои нав ворид карда мешуд. Аммо
аз чи сабаб бошад, ки маълумоти охирини ин сомона, санаи 1.05.2017 ворид карда
шуда, то ҳол бо гузашти беш аз 1 солу 7 моҳ дигар маълумотҳои нав ворид ва ин
бахши andoz.tj таҷдид нашудааст.
Бино
ба иттилои кӯҳнае, ки дар сомонаи Кумитаи андози назди ҳукумати Чумҳурии
Тоҷикистон мавҷуд аст, қарзи корхонаву ташкилот ва муассисаву идораҳо дар назди
ин кумита, 686 миллиону 645 ҳазору 585 сомониро ташкил медиҳад. Дар
маълумотнома оварда шудааст, ки ин танҳо рӯйхати он қарздорҳоест, ки қарзашон
аз 200 000 сомонӣ зиёд будааст.
Аз рӯи ин маълумотщо, ки лар сомонаи andoz.tj дар базши қарздорҳо ҷойгир аст, 424
корхонау муасисаву ташкилоту идораҳо, аз 64 шаҳру навоҳии мамлакат дар назди
Кумиати андоз ба маблағи 279 664 057
сомонӣ қарздор будаанд.
Аз байни корхонаҳое, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо
ҷойгиранд, аз рӯи маълумоти расмии сомонаи мазкур, ин ЧСК"Точикхимпром"
дар ноҳияи Ёвон будааст, ки ин корхона 10 069 434 сомонӣ қарз дар назди
Кумитаи андоз доштааст.
Ҳамчунин дар ин рӯйхат, номи 53 корхонаҳое, ки бо
номи андозсупорандагони калон дониста шудаанд, низ мавҷуд мебошанд, ки қарзашон
дар назли кумитаи андоз 406 миллиону 981 ҳазору 528 сомонӣ мебошад, ки аз
ҳама қарздори калон, ширкати “Барқи Тоҷик” ба маблағи 194 318 253 сомонӣ,
ҶДММ “ТАКОМ”, 28 679 419 сомонӣ, КВД “АЛЮМИНСОХТМОН” КВД “ШАТ”,
21 176 532 сомонӣ, ҶСК "НЕРӮГОҲИ ОБИИ БАРҚИИ САНГТӮДА 1", 17 443 083 сомонӣ,
ҶСК РЕСАНДАИ ҚУРҒОНТЕППА, 16 726 986 сомонӣ, ҶСК "ТОҶИКТЕЛЕКОМ"
13 619 826 сомонӣ, КФ "Шахтаи Фон-Яғноб"-и КВД "Ангишти
Тоҷик", 12 885 871 сомонӣ, КВД "Фулузоти нодири Точикистон"
8 503 848 сомонӣ, ҶДММ "ШИРКАТИ ХАВОПАЙМОИИ СОМОН ЭЙР" 4
475 368 сомонӣ ва ғайра ҳастанд.
Гурӯҳе ба он ақидаанд, ки “обновить”
накардани бахши қарздорҳо дар сомонаи Кумитаи андоз, шояд як танбалӣ бошад,
дигаре ин амалро шояд рӯйпӯш кардани қарзҳои нав ва маслиҳати пешакии
дастандаркорон бо қарздорҳо медонанд.
Вале мо ҷавоби расмии худи Кумитаи
аандозро интизорем!
Аммо дар ҳамин ҳол як манбаъ аз Кумитаи
андоз гуфт, албатта ин маълумотҳо кӯҳнаад ва қарзи андозӣ аз он чи дар рӯйхат
омадааст ба маротиб зиёд шудааст.
Қарзи ташкилоту корхона ва муассисаву
идораҳо дар назди Кумитаи андоз дар ҳолест, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон
дар ҷаласаи ахири худ аз иҷро нашудани ду намуди андоз аз ҷумла: андоз аз даромад ба маблағи 8,3 млн. сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба
маблағи 411,3 млн. сомонӣ интиқод намуд.
Эмомалӣ Раҳмон барои кам намудани
ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, Вазорати молия ва Кумитаи андозро ҷиҳати иҷрои саривақтии даромадҳои буҷети
давлатӣ вазифадор сохт.
суббота, 12 января 2019 г.
ДУ ҲАБ ВА НИМ ЛИТР БЕНЗИН ва ё меъёр барои як даъвати ёрии таъҷилӣ
Дар дурдасттарин деҳаи Панҷакент
- Фароб, ки аз маркази шаҳр дар 90
километр ҷойгир аст, худо накарда, нафаре бемор шаваду зарурати интиқоли
ӯ ба беморхонаҳои шаҳр пеш ояд, наздикони мошиндори мариз ба соҳибони нақлиёти шахсӣ, рӯи ниёз меоранд. Он ҷо маркази саломатӣ
ҳаст, вале на ҳама беморонро мешавад, дар ин гӯшаи дурдаст ташхису табобат
кард.
-Маркази
саломатии деҳаи Фароб замоне дорои мошини ёрии таъҷилии тамғаи УАЗ буд. Ин ҷо
таъқид ба тамғаи мошин ба ин хотир аст, ки дар роҳҳои душворгузар ва фарозу
нишеби деҳаҳои кӯҳистон на ҳар мошин кор медиҳад. УАЗ-и шӯравӣ мошини ҳарҷогард буд, - мегӯяд собиқ сардухтури маркази
саломатии деҳаи Фароб Алиҷон Усмонов.
Ҳоло бошад на танҳо маркази саломатии
деҳаи Фароб, балки аксари беморхонаҳои минтақавӣ, ки шумораашон ба 13 адад ва марказҳои
саломатӣ, ки 40-то ҳастанд, нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва ё мошини ёрии таъҷилӣ
надоранд.
Ин нақша аз рӯи маълумоти беморхонаи
марказии шаҳр аст. Дар асл бошад, дар беморхонаҳои минтақавии ҷамоатҳои деҳоти
Саразм ва шаҳраки Суғдиён воҳиди кории нуқтаи ёрии таъҷилӣ мавҷуд аст, вале
мошини ёрии таъҷилӣ надоранд.
Тибқи маълумоти
беморхонаи марказии шаҳр ба маркази саломатии деҳаҳои дурдасти Артучи ҷамоати
деҳоти Рӯдакӣ, беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Ворӯ ва Моғиён соли 2018
мошини ёрии таъҷилӣ ҷудо шудааст. Ин кӯмаки сохторҳои вилоятии соҳа дар соли
2018 мебошад.
Дар маҷмӯъ ҳоло ба беш аз 260
ҳазор нафар сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент, 4 мошини ёрии таъҷилӣ
ва 34 воҳиди кории духтурон ва
кормандони миёнаи тиббӣ хизмат мерасонанд, ки ин аз меъёри муқарраршудаи бо хидматрасонии
ёрии таъҷилӣ фаро гирифтани аҳолӣ 22 то кам мебошад. Тибқи меъёрҳои соҳавӣ ба ҳар
10 ҳазор нафар бояд як бригадаи ёрии таъҷилӣ хидмат расонад.
Дар пойгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Панҷакент, 4 адад мошини ёрии таъҷилӣ ва 54 воҳиди корӣ мавҷуд мебошад, ки онҳо асосан дар ҳудуди шаҳри ва деҳаҳои Чинор, Кабудсанг ва Нурафшон ба тақрибан 60 000 нафар сокинон кӯмаки тиббӣ мерасонанд.
Тавре сарвари пойгоҳи ёрии
таъҷилии беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент Муҳаммадҷон Сафаров мегӯяд, ба муроҷиин
3 бригадаи умумитиббӣ, 29 нафар духтурони навбатдор, 12 нафар беҳёр, 4 нафар
танзимгар, 5 нафар тозакорон ва 9 нафар ронандагон шабонарӯзӣ хидмат мерасонанд.
Дар ҳудуде, ки пойгоҳ хидмат мерасонад, беш аз 60 ҳазор нафар сокин ҳастанд ва
тибқи меъёр боз ба 2 мошини ёрии таъҷилӣ бо бригадаи табибон эҳтиёҷ доранд. Дар пойгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Панҷакент, 4 адад мошини ёрии таъҷилӣ ва 54 воҳиди корӣ мавҷуд мебошад, ки онҳо асосан дар ҳудуди шаҳри ва деҳаҳои Чинор, Кабудсанг ва Нурафшон ба тақрибан 60 000 нафар сокинон кӯмаки тиббӣ мерасонанд.
Тавре аз ин арқом бармеояд, қисмати
бештари даъватҳо ба амрози дилу рагҳои
хунгард, рӯҳӣ-неврологӣ, узвҳои нафаскашӣ равона гардидааст ва тӯли ду сол соли
охир пойгоҳ ба 552 нафар сокинони деҳоти атрофи шаҳр низ хидмати тиббӣ
расонидааст. Дар ин солҳо 3137 нафар аз тариқи пойгоҳи ёрии таъҷилӣ дар
беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.
Оё сокинони ҷамоатҳои деҳот
низ аз чунин ёрии таъҷилии тиббӣ бархурдоранд? Дар сурате, ки ба 14 ҷамоатҳои
деҳот ҳамагӣ 4 мошини ёрии таъҷилӣ хидмат мерасонад, дар ин бора чизе гуфтан
душвор аст. Тибқи меъёр тавре зикр шуд, барои Панҷакент, ки наздик ба 300 ҳазор
нафар аҳолӣ сукунат доранд, на кам аз 30 мошини ёрии таъҷилӣ ва мутобиқи он
бригадаҳои умумитиббӣ ва махсус лозим аст.
Таҳлили даъватҳо ба пойгоҳи
ёрии таъҷилии беморхонаи марказии шаҳр собит мекунад ва онро сардухтури пойгоҳ
М.Сафаров низ таъкид менамояд, ин ҷо ба мошинаи ёрии таъҷилии муҷаҳҳази замонавӣ,
ки ба беморони дил, кӯдакон ва ёрии изтирорӣ (эҳёгарӣ) махсус гардонида
шудааст, эҳтиёҷ доранд.
Маблағе ки дар соли 2018
барои таъмини фаъолияти пойгоҳи ёрии таъҷилии
беморхонаи марказии шаҳр ҷудо шудааст, ба як даъват мутаносибан баробари як сӯзандору
ва ним литр сӯзишворӣ аст.
Оё мешавад бо ин маблағ ҳатто
ба як бемор хидмати тиббӣ расонид ё ба маҳалли дурдасти атрофи шаҳр сафар кард.
Яъне, баъзан аз бемор ё соҳибони бемор пул талаб кардани духтурони ёрии таъҷилӣ
аз ҳамин таъминоти ночиз сарчашма мегирад ва ин таъкиди Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриро, ки ёрии
аввали тиббӣ дар мамлакат барои аҳолӣ комилан ройгон мегӯяд, зери суол мебарад.
Зиёда аз ин дар тамоми шаҳр ҳоло
коргоҳи истеҳсоли оксиген, ки барои беморон дар ҳолатҳои изтирорӣ зарур аст,
мавҷуд нест ва ба ин сабаб 3 маҷмӯъ асбоби оксигендихии пойгоҳи ёрии таъҷилии тиббии беморхонаи марказии шаҳр
низ истифода намешавад.
Хулоса, касал нашавед ва
коратон ба ёрии таъҷилӣ наафтад. Беҳтарин орзу дар соли нави 2019.
Подписаться на:
Комментарии (Atom)
БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!
Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...
-
Ронандагони хатсайри №2 ва сокинони кӯчаи Борбади шаҳри Панҷакент мегӯянд, чаро мақомот 500 метр роҳи ин кӯчаро асфалтпӯш карду боқиманда ...
-
Давоми 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 39 муассисаи таълимӣ ва 2 муассисаи томактабӣ бунёд шудааст. Сохтмони ин ...



