Аз рӯи маълумотҳои охири оморӣ, миқдори гирифторони бемории Вируси Норасоии
Масъунияти Одам/Бемории Пайдоиши Норасоии Масъуният дар водии Зарафшон, ба 398
нафар расидааст, ки аз ин миқдор 99 нафар занон ва нафар 8 кӯдакон будаанд. Ин
нукта дар як ҳамоише вобаста ба пешгирии бемории ВНМО/БПНМ дар шаҳри Панҷакент зикр гардид.
Табибон мегӯянд, даҳҳо ҳолати аз падару модари
гирифторони ин намуди беморӣ, ба дунё омадани кӯдакони солим низ ба қайд
гирифта шудаанд. Ба андешаи коршиносони соҳа, имрӯз агар бемории ВНМО ошкор ва
бемор саривақт табобат гирад, имкон дорад эҳтимол, дар 99% аз онҳо кӯдаки солим
таваллуд шавад.
Неъматулло Авезов,
духтури сироятшинос мегӯяд, пештар СПИД-ро “вабои аср” мегуфтанду аз беморони
сироятёфта, дар ҳарос буданд ва аз эшон парҳез мекарданд. Ҳоло бошад сатҳи
фаҳмиши мардум баланд рафта истодааст ва бояд донанд, ки бемории ВМНО на он
беморие ҳаст, ки тариқи салом кардану, якҷо гаштану аз либос ё аз як зарф
истифода бурдан, тавассусти газидани ҳашарот, оғӯшкашӣ ва ғайраҳо намегузарад.
Ин бемори бо 3 роҳи асосӣ: алоқаи ҷинсӣ, тариқи хун ва аз
модар ба кӯдак мегузарад.
Бемории ВНМО/БПНМ бемории ахлоқӣ мебошад ва аз ахлоқи
ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад – мегӯяд Неъматулло Авезов.
Ба андешаи ин табиб, дар Руссияву Қазоқистон ва дигар
давлатҳо ҳолатҳое буданд, ки одамон аз беаҳмиятии баъзе табибон бо нодуруст
гузаронидани хун ба одамони солим, гирифтори ин беморӣ шудаанд. Аз ин рӯ онҳо гуноҳ нестанд, ки аз хатогии касе ба ин беморӣ
печиданд. Ин гуна одамонро маҳкум намудан нодуруст аст.
Дар шаҳри Панҷакент як ташкилоти ҷамъиятие бо номи
“Бузург” бо беморони СПИД ҳамкорӣ дорад ва байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ
мегузаронад. Кормандони ин ташкилот мегӯянд, мо бо ҳама гирифторони бемории
СПИД ҳамкории зич дорем ва аз рӯи қонунҳои мавҷуда ному насаби гирифторони ин
беморӣ махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
М.Д,
як зане, ки гирифтори бемории ВНМО/БПНМ шудааст, мегӯяд ба ӯ аз шавҳараш ин
беморӣ гузаштааст ва шавҳараш дар Руссия ҳангоми истифодаи сӯзандору ба ВНМО/БПНМ
гирифтор гардидааст. Ин зан мегӯяд то 2 сол аз ин хабар надошт.
- Оҳиста – оҳиста, худро дигар хел ҳис кардам ва ахиран
бо тавсияи як дугонаам барои супоридани хун ва муайян кардани беморӣ ба маркази
мубориза бо бемории ВНМО рафтам. Пас аз ташхиш маълум гардид, ки ман низ
гирифтори ВНМО шудаам. Ҳоло пайваста табобат мегирам, доруҳо ба мо ройгон дода
мешавад. Табибон мегӯянд, бо истифодаи ин доруҳо метавонам боз солҳои дароз
саломатиамро нигоҳ дорам – изҳор медорад хонум М.
Абдуразоқ Тошев, сарвари маркази ВНМО/БПНМ дар шаҳри
Панҷакент мегӯяд, дар чанд соли охир аз падарону модароне, ки гирифтори бемории
СПИД буданд, 45 нафар кӯдакони солим ба дунё омаданд.
Ба андешаи мутахасисон, бояд ҳар як шаҳрванд аз алоқаи ҷинсии тасодуфи худдорӣ ё рифоларо истифода барад, мӯътодон ва ё истифодабарандагони маводи мухаддир бояд аз роҳҳои бехатар ё сӯзандоруҳои яккарата исфифода кунанд.
Таъмини сӯзандору ва рифолаҳо дар марказҳои мубориза бо СПИД ройгон ба роҳ монда шудааст.
Пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст, пас худ ва наздиконатонро аз бемории ВНМО эҳтиёт кунед!
Ба андешаи мутахасисон, бояд ҳар як шаҳрванд аз алоқаи ҷинсии тасодуфи худдорӣ ё рифоларо истифода барад, мӯътодон ва ё истифодабарандагони маводи мухаддир бояд аз роҳҳои бехатар ё сӯзандоруҳои яккарата исфифода кунанд.
Таъмини сӯзандору ва рифолаҳо дар марказҳои мубориза бо СПИД ройгон ба роҳ монда шудааст.
Пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст, пас худ ва наздиконатонро аз бемории ВНМО эҳтиёт кунед!
Хуршед Фозилов

