четверг, 21 апреля 2016 г.

Ачоибот


Дар шаҳри Панҷакент гӯсолае ба дунё омадааст, ки як пойи иловагӣ дорад.

Тақрибан 10 рӯз пеш дар деҳаи Сӯҷинаи ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент, гови Бӯрибой Сатторов, сокини ин деҳа, ду гӯсола таваллуд мекунад. Аз ин ду гӯсола якеш бо 5 пой ба дунё меояд. Пойи 5-уми ин гӯсола аз болои шонаи тарафи росташ буда, ба замин намерасад ва каме кӯтоҳ аст.
Ин гуна ҳолатҳо, яъне таваллуди ҳайвонот бо нуқс, дар Тоҷикистон нодир набуда, чанд сол қабл дар Панҷакент гӯсолае бо 2 сари часпида таваллуд шуда буд.
Бахтиёр Умриев, як тан аз мутахасиси соҳаи бойторӣ мегӯяд, таваллуди чунин ҳайвонот дар илми бойторӣ ба назар мерасад ва чуноне, ки инсонҳо бо ягон нуқсон ба дунё меоянд, ҳайвонот низ чунин таваллуд мешаванд, ки сабабаш ирсият аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...