Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳнатӣ омад, ба ВНМО гирифтор мешавад. Баъди таваллуди фарзанди дуюмаш маълум мегардад, ки худаш, шавҳараш ва тифли навзодашон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Шавҳари Ҷаҳоноро аз Руссия олуда гардида, ҳамсарашро низ гирифтор мекунад ва бо ҳамин фарзандашон ҳам гирифтори ВНМО мешавад. Ҷаҳоноро қисса мекунад, ки баъди гирифтани табобати зиддивирусӣ фарзанди сеюмашон солим бе гирифоршавӣ ба ин ВНМО ба дунё меояд.
![]() |
| Маҳмадмурод Сафаров |
Мо инҷо дар бораиҳои чи будани бемориҳои ВНМО/БПНМ руҷӯъ намекунем ва хонандагон метавонанд оиди он маълумоти муфассалро дар сомонаи расмии Афиф пайдо намоянд.
https://afif.tj/tg/dar-borai-bemoriho/vnmo-bpnm.html
Ҳамчунин дар сомонаи Муассисаи давлатии маркази ҷумҳурияви ипешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО таърих ва фактҳо оиди ин беморӣ оварда шудааст.
Табибони вогиршинос
ба ин назаранд, ки гирифтани табобати саривақтӣ метавонад ашхоси дорои ВНМО-ро
солҳо умрашонро дароз намояд. Академик Вадиим Валентиинович Покровский,
яке аз табибони машҳури вигиршинос дар яке аз мусоҳибаҳои худ гуфтааст, ки агар
усулҳои имрӯзаи табобатро шахсони гирифтории ВНМО риоя накунанд, дар муддати 10
сол баъди олудагӣ ба ин вирус 50%, баъд аз 20 сол 95% ба касалии бемории пайдошудаи
норасоии масъуният (БПНМ) гирифтор мешаванд. БПНМ ин дараҷаи охири гирифтории
ВНМО мебошад.
Исботи он, ки
инсоният метавонад бо гирифтани табобати антивирусӣ дараҷаи ВНМО-ро паст кунад
ва аз ӯ фарзандони солим ба дунё оянд, зиндагии қаҳрамони асосии ҳамин матлаб
Ҷаҳоноро мебошад.

