Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаи сердаромад дониста мешавад. Аммо беш аз ду сол мешавад, ки бо пайдо гардидани бемории ҳамагири COVID – 19, омадани ҷаҳонгардон ба мамлакат хеле кам гардида, ба соҳаи мазкур зарбаи ҷиддӣ расонидааст.
Фарангис Шарипова, яке аз он нафаронест, ки COVID –
19 ба зиндагиаш таъсири манфӣ расонидааст.
Вабои COVID – 19
сабаб гардид, ки чанд ширкати сайёҳӣ фаъолияти худро муваққатан қатъ
карданд, роҳбаладу тарҷумонҳо низ мисли пешина
даромад намегиранд, хостелу меҳмонхонаҳо дар деҳот ба қавле “холӣ”
монданд.
Фарангис Шарипова, ки дар Ассосиатсияи рушди туризм дар водии “ Зарафшон” дар ширкати сайёҳии “Шоҳин тур” дар шаҳри Хуҷанд кор мекунад, гуфт, ки қариб 3 сол мешавад, ширкати онҳо мисли пешина ҷаҳонгардони хориҷиро қабул накардааст. Бино ба гуфтаи худаш Фарангис таҷрибаи 10 солаи роҳбаладӣ ва кор бо сайёҳонро дорад.
-
Мо ҳар сол пеш аз пайдо шудани COVID – 19
сар аз оғози фасли баҳор то тирамоҳ ҳар рӯз меҳмон қабул мекардем.
Қариб, ки рӯзи холигӣ надошем. Аз Хуҷанд то Хатлону Бадахшону Зарафшон
сайёҳонро мебурдем. Манбаи даромадамон аз пушти сайёҳон буд. Инак беш аз ду сол
мешавад, бо сабаби пандемия хориҷиён намеояд ва кори мо ҳам ба маротиб суст
гардид. Шукри Худо, ки кам - кам сайёҳии
дохилиро ба роҳ мондаему бо ин васила ҳам рӯз мегузаронем ва ҳам афсурдагии
хешро рафъ месозем – иброз дошт хонум Фарангис.
Тоҷикистон бо манзараҳои дилфиреб ва мавзеъҳои таърихиву
фарҳангиаш, тамошогоҳи ҳазорон
ҷаҳонгардони хориҷӣ гаридааст. Дар водии Зарафшон ба хусус дар шаҳри Панҷакент,
даҳҳо мавзеъҳои диданӣ мавҷуданд, ки ҳамасола шумораи бисёри сайёҳон ба инҷо
ташриф меоранд.
Ҳукумати мамлакат барои ҷалби бештари сайёҳон ва ривоҷи
туризм, ба ин соҳа таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, солҳои 2019-2021-ро солҳои “Рушди
сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуд.
Мутасстфона 2 соли охир, таъсири манфии бемори COVID – 19
ба ба соҳаи сайёҳӣ низ баръало эҳсос
гардид. Назар ба гуфтаи нафароне, ки дар ин соҳа сару кор доштан, даҳҳо нафаре,
ки аз пушти сайёҳӣ рӯз мегузарониданд,
тақрибан бекор монданд ва ё бо ҳар роҳе бори гарони рӯзгори хешро мекашанд.
Ширкате, ки Фарангис Шарипова кор мекунад, ба андешаи
худаш дар як сол беш аз 5000 нафар ҷаҳонгардонро аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон - Амрикову Аврупо ва дигар қитъаҳои олам қабул
мекард. Ҳатто баъзан вақт мешуд, ки барои қабули меҳмонон вақту роҳбалад
намеёфтем, мегӯяд ӯ.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи
худ ба порлумони кишвар зикр намуд, ки то хуруҷи бемории COVID – 19, соли 2018 бори нахуст дар замони
соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида,
нисбат ба соли 2017–ум 2,6 баробар зиёд шудааст. Дар соли 2019 аз шумораи
умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор
нафарашон сайёҳон буданд.
Тоҷикистон ба қатори даҳ
кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини
сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди
раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти
мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният
ворид гардида аст – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Бо вуҷуд ин ҳолат 2 соли охир соҳаи туризм дар Тоҷикистон
бинобар кам ворид шудани сайёҳон зарари ҷиддӣ дид. Масалн соли 2020 тибқи
маълумоти оморӣ дар 9 моҳи соли 2020, 355,5
ҳаз.нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 590,9 ҳазор
нафар ё 62,4 фоиз кам шудааст. Аммо ба ин нигоҳ накарда ҳама
умед доранд, ки замоне боз ин соҳа ба буҷаи мамлакат фоидаи зиёд меораду вазъ
чун пешина хуб мегардад.
... Фарангис ҳам мисли дигар кормандони соҳаи туризм умед
дорад, ки ин вабои асри 21 бо номи COVID – 19 аз байн раваду мисли пешин
сарҳадҳо кушода ва омаду рафти сайёҳон ба Тоҷикистон бештар мегардад.
Хуршед Фозилов
Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст.
