воскресенье, 24 января 2021 г.

Панҷакент: Маблағгузории соҳаи маориф танҳо аз пули буҷет иборат нест

    Давоми 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 39 муассисаи таълимӣ ва 2 муассисаи томактабӣ бунёд шудааст. Сохтмони ин муассисаҳо бо харҷи миллионҳо сомонӣ ба итмом расида, дар анҷоми он бар иловаи буҷа, саҳми соҳибкорону сокинон ва созмону муассисаҳои молии байналмилалӣ ҳам назаррас мебошад.

    Дар рӯзҳои таҷлили 5500-солагии бостоншаҳри Саразм бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони ин ҷашнвора бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шумораи 72-и шаҳраки Саразм мавриди истифода қарор гирифт. Он барои 640 хонанда дар назар гирифта шудааст. Мактаби мазкур бо маблағгузории ҶДММ КМ “Зарафшон”, ки аз корхонаҳои азими истихроҷи тилло дар кишвар ба ҳисоб меравад, бунёд шудааст. Зимнан, 15 сол муқаддам, вақте ин шаҳрак барои сокинони аз офати табиӣ зиёндидаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент бунёд мешуд, Президенти мамлакат бинои собиқи онро бо 260 ҷойи нишаст   ифтитоҳ кард. Он аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд маблағгузорӣ гардида буд. Кӯдакистони намунавии шаҳри Панҷакент низ, ки “Наврӯз” ном гирифтааст, соли 2018 бо сармояи ин корхона сохта шудааст. Ҳоло бо маблағгузории КМ “Зарафшон” барои хонандагони МТМУ №47-и шаҳр сохтмони мактаби нав идома дорад.

         Ин муқаддима танҳо як мисоле аст, ки собит менамояд:   маблағгузории соҳаи маориф дар шаҳри Панҷакент, танҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ нест. Аз буҷети маҳаллӣ барои пардохти маоши омӯзгорон ва хароҷоту пардохтҳои ҷорӣ ҳамасола маблағ ҷудо мешавад. Таъмини рушди соҳаи маориф, аз ҷумла, бунёди биноҳо ва синфхонаҳои нав аз буҷети ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, имкониятҳои буҷети маҳаллӣ, шарикони рушд, корхонаю муассисаҳо, соҳибкорон, аҳолӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешавад. Тавре дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, тӯли танҳо ҳафт соли охир бо ҷалби сармоя аз манбаъҳои гуногун дар мамлакат 1144 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, сифхонаҳои иловагӣ ва 135 муассисаи томактабӣ бо 160 ҳазор ҷойи нишаст, 740 маркази ташаккули зеҳнии кӯдакон бунёд карда шудаанд.

         Коршиноси соҳаи маориф Бобоҷон Сарваров мегӯяд, бо сармоягузорӣ аз манбаъҳои гуногун давоми 29 соли истиқлоли кишвар дар Панҷакент 39 муассисаи таълимии дорои 389 синфхона ва 9829 ҷойи нишаст, 2 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 300 кӯдак сохта шудаанд, ки барои онҳо миллионҳо сомонӣ масраф шудааст.

    Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар аз ҳама бештар дар бунёди биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва  синфхонаҳо дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон ва аҳолӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр саҳм гузоштааст. Маблағҳои барои ин масрафшуда на ба истилоҳ аз “сектори 04”, ки дар хазинадории раёсати молия барои маблағгузории соҳаи маориф пешбинӣ шудааст, балки аз ҳисоби барзиёд иҷрошавии буҷети маҳаллӣ ва маблағҳои  барои сохтмони асосӣ  ҷудошуда мебошанд. Ҳамчунин дар ин солҳо бо маблағгузории аҳолӣ, сафоратхонаи Ҷопон, Фонди глобалӣ, Фонди рушди Арабистони Саудӣ, Фонди католикӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, КМ “Зарафшон”, созмони “Наҷоти кӯдакон”, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мактабҳо биноҳои нав ва синфхонаҳо бунёд шудаанд. Дар ин муддат бо ҷалби сармояи  КМ “Зарафшон” ва ширкати кишоварзии “Хуросон” 2 муассисаи томактабӣ барои 300 кӯдак сохта шудааст.   Зимнан, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳа амалан бо ҳамдастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ сурат гирифтаанд.   

 Бунёди муассисаҳои таълимӣ дар солҳои Истиқлол  

    МИҲД шаҳр  дар ҳамдастӣ бо аҳолӣ

    21 мактаб барои 5460 хонанда

    Аҳолӣ

    4 мактаб барои 800 хонанда

    Фонди католикӣ

     4 мактаб, барои 730 хонанда

    МИҲД вилоят

    3 мактаб, барои 610 хонанда

    Вазорати маориф ва илми ҶТ

     2 мактаб, барои 470 хонанда

    Созмони “Наҷоти кӯдакон”

    2 мактаб, барои 420 хонанда

     Фонди рушди Арабистони Саудӣ

    1 матаб, барои 275 хонанда

    Фонди глобали таҳсилот

    1 макаб, барои 180 хонанда

    Сафоратхонаи Ҷопон

    1 мактаб, барои 180 хонанда

 Манбаъ: шуъбаи маорифи ш. Панҷакент

    Ҳарчанд, дарёфти ҳаҷми пурраи маблағгузорӣ барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳо аз манбаъҳои расмӣ бо сабабҳои гуногун даст надод, тавре дар идораи шаҳрсозӣ ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлватии шаҳри Панҷакент гуфтанд, танҳо барои бунёди мактабҳо дар ҷамоати деҳоти Шинг 9,5 миллион сомонӣ, мактаб дар деҳаи Рукнобод 1,2 миллион, мактаб дар чамоати деҳоти Хурмӣ 2,8, деҳаи Хурмӣ 3,8 миллион сомонӣ аз манбаъҳои гуногун масраф шудааст.

         Дар ин баробар, ҳоло 14 мактаб ба таъмирӣ асосӣ ниёз дошта, 2 муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, сохтмони 6 мактаб нотамом мебошад. Ҳанӯз ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот дар ду баст фаъолият менамоянд. Гузашта аз ин, таносуби шумораи қабул ба синфи якум нисбат ба хатмкунандагони мактаб бештар аст.  Яъне, бунёди бино ва синфхонаҳои нав аз вазифаҳоест, ки таваҷҷӯҳи пайвастаро тақозо мекунад.

         Маблағгузорӣ барои соҳаи маориф танҳо бо бунёди бино ва синфхонаҳои нав ба анҷом намерасад. Он аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои гуногун низ сурат мегирад. Ҳоло дар соҳаи маорифи шаҳри Панҷакент лоиҳаи дастгирии занону кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ҷониби  ташкилоти хайриявии байналмилалии “Миссияи Шарқ” бо фарогирии 154, Маркази тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд бо фарогирии 126 кӯдак фаъолият мебарад. Ҳамчунин бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар назди 16 муассисаи таълимӣ бо ҷалби 516 кӯдак марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд. Лоиҳаи дигар, ки тибқи он дар 68 муассисаи таълимӣ 13410 хонандаи зинаи аввали таҳсил бо хуроки гарм таъмин мешаванд, аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ маблағгузорӣ  мегардад.

         Аз ин нигоҳ маблағгузории соҳаи маориф танҳо аз маблағҳои буҷет иборат нест. Ҳукумати мамлакат дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ бо созмонҳо ва институтҳои молиявии байналмилалӣ барои рушди ин соҳаи калидӣ ва ояндасоз пайваста талош мекунад. Инро омӯзиши масъалаи дар ин матлаб баёншуда бори дигар собит намуд.

                                                        Б. Одиназода, Хуршед Фозилов


Матлаб бо ибтикори ташкилоти  ҷамъиятии «Хома» дар доираи илов“Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣбо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.

 

 



вторник, 19 января 2021 г.

Сабабҳои фурӯпошии оилаҳо: Муҳоҷират, телефон, дахолат ба зиндагӣ, ё ..?

 Ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон  аз падидаҳоест, ки занонро танҳо, фарзандонро аз волидон ҷудо ва ҷомеаро нигарон кардааст. Ҳарчанд, хушбахтона, ин раванд дар соли 2020 нисбатан кам шуда бошад ҳам, омори фурӯпошии оилаҳо то ҳол нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Зане, ки бо сад азоб шавҳарашро бахшид

Ситора, дар яке аз рустоҳои шаҳри Панҷакент дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаааст. Дар мактаб ҳам хуб таҳсил мекард. Ба воя расиду хостгоҳро пушти дарашон қатор шуданд. Орзу дошт, оилаи солиму намунавӣ бунёд кунад. Волидонаш ӯро ба як ҳамдеҳаашон ба шавҳар доданд. Баъди 3 моҳи оиладорӣ, шавҳараш озими муҳоҷират ба Русия шуд. Арӯси нав ҳар субҳ барвақт мехесту аз пайи корҳои зиндагӣ, ҳавлирӯбиву говҷӯшӣ, нигоҳубини молу ҳол ва омода кардани хӯрок мешуд.

Ситора рӯзе эҳсос кард, ки ҳомила аст ва ба хушдоманаш гуфт, бояд барои дар қайд истодан ба назди духтур равад, аммо хушдоманаш ба ӯ иҷозат намедод ва мегуфт, ки мо бе духтур ҳам таваллуд кардем. Ситора, ки хунаш кам буд, худро рӯз аз рӯз бад ҳис мекард. Рӯзе дар вақти овардани об аз лаби дарё  сараш чарх зада беҳуш шудва ҳамсояҳо ӯро ба хона оварданд.

— Ту моро дар байни мардум шарманда кардаӣ, касалӣ, — гӯён хушдоманаш ҳар рӯз ӯро таъна мекард ва охир  Ситораро аз хона ронд. Ситора бо ашки шашқатор ба хонаи волидонаш рафт.

Хушдомани Ситора бо духтараш баҳона оварданд, ки гӯё ӯ бо дигар марде муносибат дорад ва ин овоза ба деҳа паҳн гардид. Шавҳари Ситора аз Русия омада ҷавоби ӯро дод ва зани дигар гирифт.

Ситора акнун намедонист чӣ кор кунад. Вазъи рӯҳияш хеле бад буд. Бо ин вуҷуд  аз пайи ҳимояи ҳуқуқҳои худ гардид. Ба бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Панҷакент муроҷиат кард ва онҳо Ситораро ба ТҶ “Занони шарқ” фиристоданд.

Дар ин марказ кормандонаш ба ӯ ёрии равониву ҳуқуқӣ расониданд. Ӯро ба курси омӯзишии дӯзандаги ҷалб карданд. Баъди чанде Ситора писар таваллуд кард. Бо ёрии кормандони “Занони шарқ” ба хонаи шавҳараш маскун ва алимент рӯёниданд. Ин духтараки деҳотӣ эҳсос кард, ки ӯ танҳо нест ва ҳастанд нафароне, ки ӯро дастгирӣ мекунанд.

Акнун Ситора он арӯси гапшунаву танҳо набуд, балки як дӯзандаи шинохташуда гардид. Фарзандашро низ ба яке аз кӯдакистонҳои шаҳр гузошт. Рӯзе, вақте фарзаандашро аз кӯдакистон мегирифту ба хона меомад, шавҳарашро дар ҳолати афсудаву бо сару либоси бетартиб вохӯрд. Шавҳараш ба назди ӯ омада аз Ситора бахшиш пурсид. Ститора ба хотири фарзандаш шавҳарашро бахшид…

259 ҷудошавӣ оё кам аст, ё зиёд?

Ҳамин гуна ҳолатҳо дар Панҷакент кам нестанд, ки бо ҳар баҳона оилаҳои ҷавон вайрон мешаванд.

Ба андешаи коршиносон ҷудошавии оилиаҳо чанд омили асосӣ дорад.

Мастона Муродзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Панҷакент мегӯяд, имрӯхо муҳоҷират, тайёр набудани ҷавонон ба оиладорӣ, дахолати шахсони сеюму чорум ва телефону интернет сабабҳои асосии фурӯпошии оилаҳо гардидаанд.

Мо дар шабакаи ичтимоии Фейсбук бо саволи “Сабаби фурӯпошии оилаҳоро дар чӣ мебинед?”, байни хонандагон пурсиш гузаронидем. Беш аз 100 нафар дар ин назарсанҷӣ ширкат карда назар доданд. Қариб 50% ба ин назаранд, ки бо дахолати шахси 3-юму 4-ум оилаҳо вайрон мешаванд, беш аз 33% тайёр набудани ҷавонон ба оиладориро сабаб медонанд.











Дар соли гузашта, яъне соли 2020, бино ба маълумоти шӯъбаи САҲШ-и шаҳри Панҷакент, 259 ҳолати ҷудошавии оилаҳо сабт гардид, ки аз ин шумора, 188 ҳолат тариқи суд ва 71 ҳолат тариқи САҲШ сурат гирифтааст.

Мастона Муродзода

— Бо вуҷуди он, ки дар соли 2020 нисбати соли 2019 ҷудошавии оилаҳо 46 адад кам ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, аммо ин қонеъкунанда нест, – мегӯяд мудири бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Панҷакент хонум Муродзода.

— Бо гурӯҳҳои кории пешгирии вайроншавии оилаҳо мо тавонистем беш аз 51 оилаеро, ки то ҷудошавӣ расида буданд, бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ ба муросо оварда, онҳоро ба зиндагии шоиста талқин кунем, – гуфт Мастона Муродзода.

“Занони шарқ” — пуштибони занон дар мушкилот

Дар барқарор кардани оилаҳо ва кӯмак ба заноне, ки гирифтори хушунат дар оила мегарданд, нақши баъзе аз созмонҳои ҷамъиятӣ назаррас мебошад.

Яке аз чунин ташкилоти чамъиятӣ, ки дар самти дастгирии занон дар Панҷакент фаъолияти назаррас дорад, ин ТҶ “Занони шарқ” мебошад.

Бино ба маълумоти роҳбари ташкилоти мазкур Зӯҳро Шарипова, дар назди ташкилот равоншиносону ҳуқуқшиносон фаъолият доранд, ки тақрибан ҳамарӯза ба заноне, ки бо мушкилоти оилавӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд, пайваста ёрӣ мерасонанд.

— Мо заноноро ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб месозем, бо кор таъмин мекунем, маслиҳатҳои равониву ҳуқуқӣ медиҳем, дар тартиб додани асноди ҳуқуқӣ кӯмак ва ҳатто баъзан вақт дар мурофиаҳо ширкат карда ҳуқуқи занонро ҳимоя мекунем ва ҳамаи ин ройгон аст, – мегуяд Зӯҳро Шарипова.

Ташкилоти мазкур тавонист дар соли 2020-ум 3 занро аз худкушӣ наҷот дода, 12 оиларо барқарор ва 64 занро бо ҷойи кор таъмин кунад.

Чи бояд кард, то оилаҳо ҷудо нашаванд?

Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан мо назари ду оиларо гирифтем. Яке оилаи ҷавон ва дигар оилае, ки беш аз 40 сол хушбахтона зиндагӣ доранд. Ин оилаҳо дар озмунҳо ҳамчун оилаҳои беҳтарин дониста шудаанд.

Насиба, як нафар зане, ки бо шавҳараш 10 сол аст зиндагӣ дорад, ба ин назар аст, ки бояд зан пуртоқат бошад.

— Рости гап шавҳари ман ҳам бо дигар занҳо муносибат дошт, шояд ишқварзӣ ҳам дошт, вале ман ба ҳамаи ин тоқат мекардам. Ман шавҳарамро  хеле дӯст медорам. Медонам, ки дар 99% ҳолатҳо ҳама мард куҷое равад, боз назди зани авваллаш меояд. Бале занҳо ҳам рашк мекунанд, аммо сабр калиди ҳама хушбахтиҳост. Имрӯз шояд духтарбозӣ ба дили шавҳарам задааст, ки дигар бо ману фарзандонам меҳрубон аст. Мо хушбахтем ва ба ҷавонон маслиҳати ман ҳамин аст, ки дар ҳама ҳолат сабр дошта бошанд, – мегӯяд Насиба, ки худ 30-сола аст.

Дигар зане, ки занонро ба сабру таҳаммул даъват мекунад ин Мунира Шамсиддинова, сокини шаҳри Панҷакент аст. Ӯ мегӯяд:

— Ҳамсари ман чанд сол дар Афғонистон хизмат кард. Серкор буд. Саҳар ба кор мерафт, бегоҳ дер ба хона меомад. Дар ин ҳолат ту ба ман аҳамият намедиҳӣ гуфта бояд баромада мерафтам? Имрӯз ҳамсарам дар наздам, зиндагии хушбахтона дорем. Духтарони имрӯз дурандеш нестанд, дарҳол фикри ҷудошавиро мекунанд, ки ин нодуруст аст, – ақида дорад Мунира Шамсиддинова ва меафзояд: — Шукри Худо ҳозир ҳама фарзандонам оиладор, соҳиби чанд набера ҳастем…



суббота, 16 января 2021 г.

Маблағ барои ҳар хонанда

 Ё Афзалият ва нуқси маблағгузории сарикасӣ

Инак, соли даҳум аст, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон аз тариқи сарикасӣ ё меъёрӣ маблағгузорӣ мешаванд

Зимнан, пеш аз он ки ин усули маблағгузории соҳаи маориф рӯи кор гирифта шавад, нахуст давоми ду сол онро дар чанд шаҳру ноҳия санҷиданд ва ба хулосае омаданд, ки он дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар татбиқ карда шавад.  Ҳамин тавр, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ  аз 1 октябри соли 2007, таҳти рақами 505 “Оид ба тасдиқи қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  то соли 2010, дар  ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ   ин усули маблағгузорӣ татбиқ карда шуд. Бо ҳамин қарор ҷадвали гузариш ба ин усул ва  меъёри минималӣ ва коэффитсиенти махсус барои маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) тасдиқ карда шуданд. Ҳамчунин соли 2010  Дастурамал оид ба маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки онро Вазоратҳои молия ва маориф таҳия ва тасдиқ намудаанд, мавриди амал қарор гирифт. Ба ин минвол заминаҳои қонунгузории ин усул муҳайё гардида, инак даҳ сол аст муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз онҳо кор мегиранд.

            Татбиқи ин усули маблағгузорӣ аз усули собиқа куллан фарқ менамуд.  Собиқа аз буҷет барои соҳа маблағ ҷудо мегардид ва тақсимот ба ҳар муассиса  ба салоҳдиди раёсати молия ва шӯъбаи маориф буд. Яъне сарвари муассисаи таълимӣ дастнигари ин ду ниҳод буд.  Баъди татбиқи ин усул акнун ӯ дигар чун роҳбарони ҳар коргоҳи дигар ба маблағи аз буҷет барои муассиса ҷудошуда ихтиёрдорӣ менамояд, мактабаш муҳосиб ҳам дорад.

             Ин яке аз афзалиятҳои усули маблағгузории сарикасӣ аст. Бартарияти дигараш, тавре коршиносон мегуянд, ин усул ба   истифодаи босамари маблағҳои буҷет мусоидат намуда, ҳавасмандии муассисаҳои таълимиро меафзояд, фарогирии

хонандагонро ба таҳсил беҳтар мекунад,  масъулияти муассисаи таълимӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллиро зимни ҷудо намудани маблағ ба сари ҳар як хонанда ва ҷалб намудани миқдори бештари   хонандаҳо ба муассисаҳои таълимӣ меафзояд.

             Тавре муҳосиби муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-и шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент Раҳимқул Холмуродов, ки собиқаи беш аз чилсолаи меҳнатӣ дорад ва аз оғози татбиқи ин усул чун муҳосиби мактаб кор мекунад, мегӯяд, тақсимоти маблағ аз буҷети маҳаллӣ  мутобиқи формулаи  зерин, ки  гумон мекунам  ба ҳар нафар фаҳмо аст, сурат мегирад.


ШХ*МХ+ММ=БМ

             Ин ҷо БМ- буҷети мактаб, ШХ- миқдори хонандаҳо ба 1 январи соли молиявӣ, МХ- меъёри минималӣ барои як хонанда вобаста ба типи мактаб, ММ- меъёри минималӣ барои як мактаб мутобиқи типи мактаб


Мутобиқи ин тартиб соли 2020-ум ба ҳар як нафари 810  хонандаи мактаби мазкур 951 сомонӣ, ҷамъ 770310 сомонӣ,(дар формула МХ) барои мактаби онҳо, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумӣ аст, 146452 сомонӣ (ММ), дар маҷмӯъ ҷудо кардани 946762 сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

            Оё ин маблағ ҳама хароҷоти муассисаро мепӯшонад? Дар ҷавоби ин савол боз ҳамон мақол ё қоидаи маъмули риёзии “аз иваз шудани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад” ба ёд меояд. Яъне татбиқи усули маблағгузории сарикасӣ роҳ ё тартиби нисбатан босамари истифодаи маблағҳои буҷети соҳаи маориф аст, ки ба сарварони мактабҳо мустақилияти бештар медиҳад, онҳоро ба ҳисобу китоби саҳеҳ ва хоҷагидории босамар водор менамояд. Афзоиши маблағгузорӣ  ба имкониятҳои буҷети маҳаллӣ ва дар маҷмӯъ буҷети ҷумҳурӣ вобаста аст.

            Ҳарчанд давоми даҳ соли гузашта маблағгузорӣ ба ҳар хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ  дар миқёси мамлакат аз 244 ба 951 сомонӣ, барои ҳар мактаби миёна аз 45159 ба 176452 сомонӣ расидааст ва ин меъёр  бо назардошти имкониятҳои буҷет  ҳамасола зиёд карда мешавад, онро ҳанӯз идеалӣ унвон карда намешавад.  Инро аз ҷадвали зер метавон дид:

Мутобиқи ин тартиб соли 2020-ум ба ҳар як нафари 810  хонандаи мактаби мазкур 951 сомонӣ, ҷамъ 770310 сомонӣ,(дар формула МХ) барои мактаби онҳо, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумӣ аст, 146452 сомонӣ (ММ), дар маҷмӯъ ҷудо кардани 946762 сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

            Оё ин маблағ ҳама хароҷоти муассисаро мепӯшонад? Дар ҷавоби ин савол боз ҳамон мақол ё қоидаи маъмули риёзии “аз иваз шудани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад” ба ёд меояд. Яъне татбиқи усули маблағгузории сарикасӣ роҳ ё тартиби нисбатан босамари истифодаи маблағҳои буҷети соҳаи маориф аст, ки ба сарварони мактабҳо мустақилияти бештар медиҳад, онҳоро ба ҳисобу китоби саҳеҳ ва хоҷагидории босамар водор менамояд. Афзоиши маблағгузорӣ  ба имкониятҳои буҷети маҳаллӣ ва дар маҷмӯъ буҷети ҷумҳурӣ вобаста аст.

            Ҳарчанд давоми даҳ соли гузашта маблағгузорӣ ба ҳар хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ  дар миқёси мамлакат аз 244 ба 951 сомонӣ, барои ҳар мактаби миёна аз 45159 ба 176452 сомонӣ расидааст ва ин меъёр  бо назардошти имкониятҳои буҷет  ҳамасола зиёд карда мешавад, онро ҳанӯз идеалӣ унвон карда намешавад.  Инро аз ҷадвали зер метавон дид:

Меъёри хароҷоти маблағҳои ҷудошуда
Infogram

Тавре аз ин арқом бармеояд, 71 дарсади маблағҳои ҷудошуда барои пардохти маош масраф мешавад  ва ин  дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ тақрибан ҳамингуна аст. Рӯи ниёз овардани мактабҳо ба волидон ва соҳибкорон низ аз ҳамин ибтидо мегирад.

             Дар муассисаҳои таҳсилоти асосӣ, ки дар Панҷакент камшумор ҳастанд, ба ҳар нафар хонанда 1162 ва ба ҳар муассиса 69653 сомонӣ меъёр муқаррар шудааст. Воқеан, ин меъёр ҳамасола мутобиқи имкониятҳо дар буҷети мамлакат пешбинӣ мешавад ва раёсатҳои молия дар маҳалҳо  аз он кор мегиранд. Барои муассисаҳои томактабии давлатӣ, ки аз соли 2016 инҷониб ба ин низом гузаштаанд, барои соли 2020 ба ҳар тарбиягиранда 2174 ва ба ҳар кӯдакистон 103716 сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

            Арафаи соли нави милодии 2021 дар Шӯрои шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент  сарварони муассисаҳои таълимӣ аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар буҷети мактабҳое, ки аз ҷониби хадамоти Агентии назорат дар соҳаи маориф   аттестатсия ва аккредитатсия пешбинӣ гардидааст ва  барои ин то 5000 сомонӣ пардохт муқаррар шудааст, дарёфти  маблағ душвор аст. (Шарҳ диҳем?)

 Ин гуна хароҷот дар буҷети мактаб пешбинӣ нашудааст.  Дар муассисаҳои калони серхонанда шояд имкони “манёвр” дар доираи маблағҳои ҷудошуда ҳастанд, вале дар ин ҳол муассисаҳои камталабаи деҳот чӣ бояд кунанд, маълум нест.  Барои ҷуброни норасоии маблағ барои макотиби  хурди деҳот ҷудо кардани 5 фоиз аз буҷети муассисаҳои серхонандаро Дастурамали маблағгузории сарикасӣ муқаррар кардааст, вале бо ин ҳам ҳамаи хароҷоти мактабҳоро  пӯшонидан душвор аст.

             Мушкилоти дигар марбут ба ҷойивазкунии хонандаҳо дар мактабҳо баъди оғози  соли молиявӣ аст, ки маблағҷудокунии сарикасӣ мутобиқи шумораи хонандаҳо дар ин вақт сурат мегирад. Хонандаҳое, ки баъди  ин бо сабабҳои гуногун ҷои таҳсилашонро иваз мекунанд, маблағи сарикасиашон то соли дигар он ҷо мемонадҲалли ин қазия  дар низоми сарикасӣ пешбинӣ нашудааст. Дар низоми ваучерии маблағгузорӣ бошад маблағи барои ҳар хонанда муқарраршуда дар ваучер ё хазинаи худи ӯ меистад ва вақте  ба мактаби дигар мегузарад, пулаш низ ҳамроҳаш меравад.

             Дар ҳар сурат, низоми маблағгузории сарикасӣ дар доираи  ислоҳоти соҳаи маориф, ки ҳоло бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ба талаботи замон мутобиқ намудани соҳаи маориф идома дорад, тағйироти мусбат астОмӯхтани ҳусну қубҳи ин усул, такмили он  аз ҷониби мутахассисон ба манфиати кор хоҳад буд.

                         Бобо Одиназода, Хуршед Фозилов.    

            Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ, бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон, омода шудааст.

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...