воскресенье, 26 сентября 2021 г.

COVID – 19: соли 2020 беш аз 62% сайёҳ кам шуд

 Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаи сердаромад  дониста мешавад. Аммо беш аз  ду сол  мешавад, ки бо пайдо гардидани бемории ҳамагири COVID – 19, омадани ҷаҳонгардон ба мамлакат хеле кам гардида, ба соҳаи мазкур зарбаи ҷиддӣ расонидааст.

Фарангис Шарипова, яке аз он нафаронест, ки COVID – 19  ба зиндагиаш таъсири манфӣ расонидааст.

Фарангис Шарипова

Вабои COVID – 19  сабаб гардид, ки чанд ширкати сайёҳӣ фаъолияти худро муваққатан қатъ карданд, роҳбаладу тарҷумонҳо низ мисли пешина  даромад намегиранд, хостелу меҳмонхонаҳо дар деҳот ба қавле “холӣ” монданд.

Фарангис Шарипова, ки дар  Ассосиатсияи рушди туризм дар водии “ Зарафшон”  дар ширкати сайёҳии  “Шоҳин тур” дар шаҳри Хуҷанд кор мекунад, гуфт, ки қариб 3 сол мешавад, ширкати онҳо мисли пешина ҷаҳонгардони хориҷиро қабул накардааст. Бино ба гуфтаи худаш Фарангис таҷрибаи 10 солаи роҳбаладӣ ва кор бо сайёҳонро дорад.

-          Мо ҳар сол пеш аз пайдо шудани COVID – 19  сар аз оғози фасли баҳор то тирамоҳ ҳар рӯз меҳмон қабул мекардем. Қариб, ки рӯзи холигӣ надошем. Аз Хуҷанд то Хатлону Бадахшону Зарафшон сайёҳонро мебурдем. Манбаи даромадамон аз пушти сайёҳон буд. Инак беш аз ду сол мешавад, бо сабаби пандемия хориҷиён намеояд ва кори мо ҳам ба маротиб суст гардид.  Шукри Худо, ки кам - кам сайёҳии дохилиро ба роҳ мондаему бо ин васила ҳам рӯз мегузаронем ва ҳам афсурдагии хешро рафъ месозем – иброз дошт хонум Фарангис.


Тоҷикистон бо манзараҳои дилфиреб ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангиаш,  тамошогоҳи ҳазорон ҷаҳонгардони хориҷӣ гаридааст. Дар водии Зарафшон ба хусус дар шаҳри Панҷакент, даҳҳо мавзеъҳои диданӣ мавҷуданд, ки ҳамасола шумораи бисёри сайёҳон ба инҷо ташриф меоранд. 

Ҳукумати мамлакат барои ҷалби бештари сайёҳон ва ривоҷи туризм, ба ин соҳа таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, солҳои 2019-2021-ро солҳои “Рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуд.

Мутасстфона 2 соли охир, таъсири манфии бемори COVID – 19  ба ба соҳаи сайёҳӣ низ баръало эҳсос гардид. Назар ба гуфтаи нафароне, ки дар ин соҳа сару кор доштан, даҳҳо нафаре, ки аз пушти  сайёҳӣ рӯз мегузарониданд, тақрибан бекор монданд ва ё бо ҳар роҳе бори гарони рӯзгори хешро мекашанд.   

Ширкате, ки Фарангис Шарипова кор мекунад, ба андешаи худаш дар як сол беш аз 5000 нафар ҷаҳонгардонро аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон  - Амрикову Аврупо ва дигар қитъаҳои олам қабул мекард. Ҳатто баъзан вақт мешуд, ки барои қабули меҳмонон вақту роҳбалад намеёфтем, мегӯяд ӯ.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба порлумони кишвар зикр намуд, ки то хуруҷи бемории COVID – 19,  соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2017–ум 2,6 баробар зиёд шудааст. Дар соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳон буданд.

Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардида аст – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Бо вуҷуд ин ҳолат  2 соли охир соҳаи туризм дар Тоҷикистон бинобар кам ворид шудани сайёҳон зарари ҷиддӣ дид. Масалн соли 2020 тибқи маълумоти оморӣ дар 9 моҳи соли 2020,  355,5 ҳаз.нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 590,9 ҳазор нафар ё 62,4 фоиз кам шудааст. Аммо ба ин нигоҳ накарда ҳама умед доранд, ки замоне боз ин соҳа ба буҷаи мамлакат фоидаи зиёд меораду вазъ чун пешина хуб мегардад.

... Фарангис ҳам мисли дигар кормандони соҳаи туризм умед дорад, ки ин вабои асри 21 бо номи COVID – 19 аз байн раваду мисли пешин сарҳадҳо кушода ва омаду рафти сайёҳон ба Тоҷикистон бештар мегардад.

Хуршед Фозилов

Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии  Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст. 


четверг, 22 апреля 2021 г.

Дар Панҷакент ними як кӯчаро таъмир карданду ними дигараш фаромӯш шуд

 Ронандагони хатсайри №2 ва сокинони кӯчаи Борбади шаҳри Панҷакент мегӯянд, чаро мақомот 500 метр роҳи ин кӯчаро асфалтпӯш карду боқиманда без аз 1 км роҳи дигари кӯчаи мазкур то ҳол валангор боқӣ мондааст?

Ба гуфтаи ронандагон ва сокинони ин кӯча, асфалтпӯш кардани роҳ то меҳмонхонаи “Интурист”  чанд рӯз пеш аз баргузории ҷашни 5500 солагии шаҳраки бостонии Саразм дар моҳи сентябри соли 2020 анҷом ёфтааст. Зеро меҳмонон ва намояндагони дипломатии сафоратхонаҳои кишвар дар ин ҷашн, дар меҳмонхонаи “Интурист” меҳмон буданд.

Танҳо роҳи то ин меҳмонхона ва дохили меҳмонхонаро асфалтпӯш кардан фақат ба хотири меҳмонон будаасту халос – мегӯянд ҳолдонҳо.

Раиси собиқи шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ваъда карда буд, ки давоми роҳро баъди ҷашни Саразм асфалтпӯш меку


нем, аммо бо гузашти 7 моҳ то ҳол ин ваъда иҷро нагардидааст.

Муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент Муҳаммадсодир Сафарзода дар сӯҳбат ба Азия плюс гуфт, дар нақша ҳаст, ки ҳамин сол идомаи роҳи кӯчаи Борбадро асфалтпӯш кунем.

Ҳоло худи ронандагон ва сокинон чуқуриҳои роҳро гоҳ – гоҳ кумпӯш мекунанд.

Кӯчаи Борбад роҳи дуввумдараҷа дар Панҷакент буда, ба гуфтаи ронандагони мусофиркашонии хатсайри №2 он қадар кӯчаи дароз набуда, беш аз  1,5 км дарозӣ доштааст.

среда, 14 апреля 2021 г.

Бунафша ва COVID

Аз  пайдо шудани бемории COVID-19 дар Тоҷикистон як сол мегузарад. Дар ин мууддат, даҳҳо нафар аз ҷумла, чандин шахсиятҳои шинохта аз вабои ҳамагири COVID-19 вафот карданд. 

Вале дар сафи пеши дар набард бо COVID-19, кормандони соҳаи тандурустӣ қарор доштанд, ки ҷони худро дар хатар гузошта, барои табобату муолиҷаи мардум сайъ мекарданд.

Кормандони шӯъбаи касалиҳои дарунии беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, аз аввалин нафароне буданд, ки аз як беморе ба COVID-19 сироят гардида буданд...

Яке аз ин қаҳрамонон ҳамшираи шуъбаи мазкур мебошад, ки COVID -ро бо душворӣ паси сар намуда, аз чанголи аҷал раҳо ёфтааст...



суббота, 20 марта 2021 г.

Сил боиси ихроҷи донишҷў шуд, ё ҳузур надоштан дар дарсҳо?

 Як сокини 20-солаи шаҳри Панҷакент, ки баъди гирифторӣ ба бемории сили ба дорувор устувор аз Коллеҷи тиббӣ хориҷ гардидааст, даъво дорад, ки дар ҷои таҳсилаш барқарор карда шавад.

Зулфия Эргашева,  сокини деҳаи Ҳавзаки ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент, соли 2019 баъди хатми мактаби миёна, тариқи Маркази милии тестӣ ба Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил  мегардад.

Тавре худи Зулфия дар сӯҳбат гуфт, баъди як моҳи таҳсил дар колеҷ,  дар вуҷудаш бемории сили ба дорувор устуворро ташхис мекунанд. Баъдан ӯро барои табобат ба беморхонаи  Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар байни халқ бо номи “ Беморхонаи Деҳмой” машҳур аст, мефиристанд. Ӯ аз санаи 7-уми октябри соли 2019 то санаи 17-уми  декабр дар ин бемористон муолиҷа мегирад.

Моҳи феврали соли 2020, вақте табибон хулоса медиҳанд, ки ӯ дигар барои атрофиён манбаи сироят нест, ба коллеҷ омада мехоҳад, ки таҳсилашро идома диҳад, аммо ба Зулфия  мегӯянд, ки ӯро хориҷ кардаанд.

— Ман 1250 сомонӣ маблағи ҳаққи таҳсилро супорида будам ва дар курси аввали ихтисоси кори ҳамширагӣ мехондам. Фикр кардам, ки бо пешниҳод кардани маълумотномаи духтур маро ба хонданам барқарор мекунанд, зеро дар дарс иштирок накарданам сабаби узрнок дошт, Аммо маро барқарор накарданд. Хоҳиш кардам, ки аққалан маро ба рухсатии академӣ гузаронанд, лекин аз коллеҷ гуфтанд, ки барқарор кардан ва таҳсили академӣ гирифтан ба донишҷӯёни курси як роиҷ нест, — мегӯяд Зулфия Эргашева.

Ба гуфтаи қаҳрамони мо, онҳо дар оила 8 нафар буда, бародараш сардори хоҷагӣ аст. Бародари Зулфия низ аз бемории сили ба дорувор устувор азият кашида, баъди муолиҷаи тӯлонӣ шифо ёфтааст.

Тавре Аҳмадҷон Облоқулов, корманди саҳроии Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф”, ки “Лоиҳаи ЮСАИД оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи марказӣ” (ETICA)-ро  амалӣ мекунад, иброз дошт, дар доираи лоиҳаи мазкур ба беморони сил дар давраи муолиҷа кӯмаки иҷтимоӣ расонида мешавад.

“Мо бародари Зулфияро дар давраи муолиҷааш аз ҷиҳати иҷтимоӣ дастгирӣ намудем ва тасмим гирифтем, ки ба Зулфия барои барқарор кардани таҳсилаш кӯмак расонем. Зулфия орзу дорад, ки дар муассисаи мазкур таҳсил намояду оянда ҳамшира шавад.  Ба ӯ дар таҳияи ариза барои барқароршавӣ мусоидат кардем. Ҳангоми вохӯри  ҷонишини директор ва ва ёвараш ба ман гуфтанд, ки Зулфия бинобар сабаби иштирок накардан дар дарсҳо аз коллеҷ хориҷ шудааст ва донишҷӯёни соли аввал барқарор намешаванд. Гуфтанд, ки Зулфия бояд аз сари нав тариқи маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорад, аммо Зулфия розӣ нест, зеро аллакай боре имтиҳонҳои воридшавиро гузашта, маблағи таҳсилро ҳам супоридааст”, – мегӯяд Аҳмадҷон Облоқулов

Барои мусоидат намудан ба идомаи таҳсил, Зулфия тасмим гирифтааст, ки ба унвони Вазири маориф ва илми мамлакат низ ариза пешниҳод намояд. Аммо ҳануз умедвор аст, ки роҳбарияти коллеҷ ба арзи ӯ ҷавоби мусбат медиҳанд.

Дар робита ба ҳамин масъала, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент, Муҳаббат Собирова гуфт, воқеан мо чунин донишҷӯ бо номи Зулфия Эргашева доштем.

— Як чизро бояд қайд кунам, ки бемории силе, ки Зулфия дошт, дараҷаи вазнинтар буд ва хавфи сирояти ин беморӣ ба дигар донишҷӯёну атрофиён зиёд буд. Аз рӯи Оинномаи коллеҷ, мо наметавонем донишҷӯёнеро, ки дорои чанд намуди беморӣ, аз ҷумла бемории сил ҳастанд, то шифо ёфтан ба дарс қабул кунем, – изҳор дошт Муҳаббат Собирова.

Ба гуфтаи сарвари колеҷ, мешуд, ки ӯро ба рухсатии академӣ фиристанд, вале аз сабабе, ки Зулфия Эргашева донишҷӯи курси якум буд, ин гуна имтиёз ба донишҷӯни курси аввал татбиқ намегардад.

— Бинобар он, ки қариб се моҳ дар дарсҳо ҳузур надошт ва ҳам ба бемории сил сироят ёфта буду шояд ба дигарон мегузашт, мо ӯро аз коллеҷ хориҷ кардем, – гуфт хонум Собирова.

Директори коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент ҳамчунин таъкид намуд, ки дар соли таҳсили 2021-2022, агар Зулфия Эргашева ҳуҷҷатҳояшро аз  сари нав ба коллеҷ супорад, шояд бо ягон имтиёзе ба ӯ кӯмак кунанд  ва ё ба ҷои таҳсилаш барқарор созанд.

Тавре сухангӯи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт мегӯяд, “Имтиёз тибқи Конун «Дар бораи маориф» танҳо ба ятимони кулл, маъюбони гуруҳҳои 1 ва 2 пешбинӣ шудааст… Мувофикқи Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии академии донишҷӯёни курси 1 бо пешниҳоди хуҷҷатҳои тасдиқкунанда (дар бораи сабабҳо: бо сабаби мушкили оилавӣ, беморӣ, вазъи оилавӣ), танҳо бо иҷозати Вазорати маориф ва илм ба роҳ монда мешавад”.

Дар ҳамин мавзӯъ рӯзноманигори маҳаллӣ Шоҳин Облоқулзода мегӯяд: — Ман чанд сол вобаста ба касалии сил мавод менависаму чандин барномаву қонунҳоро омӯхтам. Дар Тоҷикистон қонуне мавҷуд аст бо номи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил». Дар  моддаи 15-и қонуни мазкур, ки ба дастгирии ичтимоии шахсони гирифтори бемории сил бахшида шудааст, мутаасифона барои донишҷӯёне, ки ба ин беморӣ мубтало мегарданд, ягон имтиёз оварда нашудааст.

Дар Қонуни мазкур оид ба ҳимояи ҳуқуқии муҳассилини мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва кормандони коргоҳҳо, ки ба бемории сил гирифтор мешаванд, оварда шудааст:

Моддаи 15. Дастгирии иҷтимоии шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он  таҳти  мушоҳидаи  диспансерӣ қарордошта

Барои шаҳрвандони гирифтори бемории сил, ки қобилияти кориашонро муваққатан гум кардаанд, ҷои корашон (вазифа) ба мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

Дар давраи аз кор (вазифа) хориҷ кардан вобаста ба бемории сил ва ба гирифторони бемории сил дар асоси суғуртаи иҷтимоии давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулӣ дода мешавад.

Барои беморони гирифтори шакли фаъоли сил, ки аз рӯзи муайян шудани беморӣ бекоранд, ба мӯҳлати як сол гурӯҳи маъюбӣ муқаррар карда мешавад.

Моддаи 13. Ҳуқуқи  шахсони  гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти  мушоҳидаи диспансерӣ қарордошта

Шахсоне, ки барои  ташхис ва ё  табобат дар муассисаи тиббии муолиҷаи бемории  сил  бистарӣ  шудаанд,  ҳуқуқ доранд, ки:

— таҳсилро мувофиқи барномаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳатмӣ идома диҳанд;

Тавре дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ин қазияро шарҳ доданд, дар чунин ранг гирифтани ҳодиса як тарафро гунаҳкор кардан нашояд.

“Дар ин ҳодиса нофаҳмӣ ҳам аз ҷониби муассисаи таълимӣ, ҳам аз ҷониби донишҷӯ ва ҳам аз ҷониби муассисаи зиддисилие, ки донишҷӯ дар он ҷо табобат гирифтааст, рух додааст. Вақте донишҷӯ муддати дурудароз ба дарс ҳозир намешавад, табиист, ки ӯро хориҷ мекунанд. Донишҷӯ, ё ақаллан хешовандонаш, қабл аз оғози табобати дурудароз бояд роҳбарияти коллеҷро огоҳ мекарданд, ки сабаби ба дарс ҳозир нашуданаш узрнок аст. Муассисаи зиддисилӣ, ки беморро ба табобат фаро гирифтааст, ба роҳбарияти муассисаи таълимие, ки бемор дар он ҷо таҳсил мекард, бояд маълумотнома оид ба бемории донишҷӯ пешниҳод менамуд. Ҳоло донишҷӯ бояд иқтибос аз таърихи беморӣ ва тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаро ба роҳбарияти коллеҷ пешниҳод кунад. Агар лозим ояд, маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ё Маркази Ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ба роҳбарияти коллеҷ муроҷиат мекунанд, то донишҷӯ барқарор шавад”, — иброз дошт намояндаи масъули Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”.

Ҳуқуқшинос аз Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳимояи ҳуқуқи инсон”, коршинос Лариса Александрова қазияи мазкурро аз нуқтаи назари ҳуқуқи инсон чунин шарҳ дод:

Сабабҳои хориҷ кардан аз коллеҷ бояд асоснок бошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ин масъаларо танзим намекунад.

Шояд ин масъала дар зерсанадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро ёфта бошад. Ин масъала низ бояд дар сатҳи Оинномаи Коллеҷ ҳалли худро дошта бошад. Бемории донишҷӯ, ки монеи иштироки ӯ ба дарсҳо ва супоридани имтиҳонҳо шудааст, бояд сабаби узрнок бошад. Албатта, донишҷӯ бояд пешакӣ ба роҳбарияти коллеҷ дар бораи табобат ва имконнопазирии ташриф хабар медод. Аммо дар ҳар сурат, мантиқан аз рӯи принсипи адолат амал намуда, ба донишҷӯ бояд имконият дода шавад, ки ҳамаи имтиҳонҳоро дубора супорад, агар донишҷӯ барномаро аз худ накарда бошад, пас аз сари нав ба курси аввал қабул кунанд. Аммо дар ҳар сурат, барои дақиқ кардани ин масъала ба мақомоти ваколатдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардан лозим аст.

Агар масъалаи ҳифзи беморони сил аз нуқтаи назари қонунгузории дида бароем, чунин аст:

Қисми 2-и Моддаи 156 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки шахсоне, ки барои ташхис ё табобат дар ташкилотҳои тиббии зидди сил дар беморхона бистарӣ шудаанд, ҳуқуқ доранд: таҳсили худро мутобиқи барномаи таълими умумии таҳсилоти миёнаи ҳатмии умумӣ идома диҳанд.

Мутаассифона, Кодекси тандурстӣ дар масъалаи ҳуқуқи беморони сил дар бораи дигар шаклҳои таҳсил чизе нишон намедиҳад. Аммо бо риояи принсипи бидуни табъиз ва моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар касро, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқод, эътиқоди сиёсӣ, маълумот, вазъи иҷтимоӣ ва моликияташон кафолат медиҳад.) Ин муқаррарот набояд ҳуқуқи таҳсилоти ҳамаи шахсони гирифтори силро вайрон кунад, алахусус агар шахс дигар хатари сироятро надошта бошад. Илова бар ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» муқаррар менамояд, ки таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шаклҳои гуногун (рӯзона, ғоибона, таълими фосилавӣ ва ғ) ташкил карда мешавад, ки тартиби татбиқи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда мешавад. Шаклҳои таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо назардошти талабот ва имкониятҳои донишҷӯён интихоб карда мешаванд.

воскресенье, 24 января 2021 г.

Панҷакент: Маблағгузории соҳаи маориф танҳо аз пули буҷет иборат нест

    Давоми 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 39 муассисаи таълимӣ ва 2 муассисаи томактабӣ бунёд шудааст. Сохтмони ин муассисаҳо бо харҷи миллионҳо сомонӣ ба итмом расида, дар анҷоми он бар иловаи буҷа, саҳми соҳибкорону сокинон ва созмону муассисаҳои молии байналмилалӣ ҳам назаррас мебошад.

    Дар рӯзҳои таҷлили 5500-солагии бостоншаҳри Саразм бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони ин ҷашнвора бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шумораи 72-и шаҳраки Саразм мавриди истифода қарор гирифт. Он барои 640 хонанда дар назар гирифта шудааст. Мактаби мазкур бо маблағгузории ҶДММ КМ “Зарафшон”, ки аз корхонаҳои азими истихроҷи тилло дар кишвар ба ҳисоб меравад, бунёд шудааст. Зимнан, 15 сол муқаддам, вақте ин шаҳрак барои сокинони аз офати табиӣ зиёндидаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент бунёд мешуд, Президенти мамлакат бинои собиқи онро бо 260 ҷойи нишаст   ифтитоҳ кард. Он аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд маблағгузорӣ гардида буд. Кӯдакистони намунавии шаҳри Панҷакент низ, ки “Наврӯз” ном гирифтааст, соли 2018 бо сармояи ин корхона сохта шудааст. Ҳоло бо маблағгузории КМ “Зарафшон” барои хонандагони МТМУ №47-и шаҳр сохтмони мактаби нав идома дорад.

         Ин муқаддима танҳо як мисоле аст, ки собит менамояд:   маблағгузории соҳаи маориф дар шаҳри Панҷакент, танҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ нест. Аз буҷети маҳаллӣ барои пардохти маоши омӯзгорон ва хароҷоту пардохтҳои ҷорӣ ҳамасола маблағ ҷудо мешавад. Таъмини рушди соҳаи маориф, аз ҷумла, бунёди биноҳо ва синфхонаҳои нав аз буҷети ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, имкониятҳои буҷети маҳаллӣ, шарикони рушд, корхонаю муассисаҳо, соҳибкорон, аҳолӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешавад. Тавре дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, тӯли танҳо ҳафт соли охир бо ҷалби сармоя аз манбаъҳои гуногун дар мамлакат 1144 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, сифхонаҳои иловагӣ ва 135 муассисаи томактабӣ бо 160 ҳазор ҷойи нишаст, 740 маркази ташаккули зеҳнии кӯдакон бунёд карда шудаанд.

         Коршиноси соҳаи маориф Бобоҷон Сарваров мегӯяд, бо сармоягузорӣ аз манбаъҳои гуногун давоми 29 соли истиқлоли кишвар дар Панҷакент 39 муассисаи таълимии дорои 389 синфхона ва 9829 ҷойи нишаст, 2 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 300 кӯдак сохта шудаанд, ки барои онҳо миллионҳо сомонӣ масраф шудааст.

    Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар аз ҳама бештар дар бунёди биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва  синфхонаҳо дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон ва аҳолӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр саҳм гузоштааст. Маблағҳои барои ин масрафшуда на ба истилоҳ аз “сектори 04”, ки дар хазинадории раёсати молия барои маблағгузории соҳаи маориф пешбинӣ шудааст, балки аз ҳисоби барзиёд иҷрошавии буҷети маҳаллӣ ва маблағҳои  барои сохтмони асосӣ  ҷудошуда мебошанд. Ҳамчунин дар ин солҳо бо маблағгузории аҳолӣ, сафоратхонаи Ҷопон, Фонди глобалӣ, Фонди рушди Арабистони Саудӣ, Фонди католикӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, КМ “Зарафшон”, созмони “Наҷоти кӯдакон”, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мактабҳо биноҳои нав ва синфхонаҳо бунёд шудаанд. Дар ин муддат бо ҷалби сармояи  КМ “Зарафшон” ва ширкати кишоварзии “Хуросон” 2 муассисаи томактабӣ барои 300 кӯдак сохта шудааст.   Зимнан, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳа амалан бо ҳамдастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ сурат гирифтаанд.   

 Бунёди муассисаҳои таълимӣ дар солҳои Истиқлол  

    МИҲД шаҳр  дар ҳамдастӣ бо аҳолӣ

    21 мактаб барои 5460 хонанда

    Аҳолӣ

    4 мактаб барои 800 хонанда

    Фонди католикӣ

     4 мактаб, барои 730 хонанда

    МИҲД вилоят

    3 мактаб, барои 610 хонанда

    Вазорати маориф ва илми ҶТ

     2 мактаб, барои 470 хонанда

    Созмони “Наҷоти кӯдакон”

    2 мактаб, барои 420 хонанда

     Фонди рушди Арабистони Саудӣ

    1 матаб, барои 275 хонанда

    Фонди глобали таҳсилот

    1 макаб, барои 180 хонанда

    Сафоратхонаи Ҷопон

    1 мактаб, барои 180 хонанда

 Манбаъ: шуъбаи маорифи ш. Панҷакент

    Ҳарчанд, дарёфти ҳаҷми пурраи маблағгузорӣ барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳо аз манбаъҳои расмӣ бо сабабҳои гуногун даст надод, тавре дар идораи шаҳрсозӣ ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлватии шаҳри Панҷакент гуфтанд, танҳо барои бунёди мактабҳо дар ҷамоати деҳоти Шинг 9,5 миллион сомонӣ, мактаб дар деҳаи Рукнобод 1,2 миллион, мактаб дар чамоати деҳоти Хурмӣ 2,8, деҳаи Хурмӣ 3,8 миллион сомонӣ аз манбаъҳои гуногун масраф шудааст.

         Дар ин баробар, ҳоло 14 мактаб ба таъмирӣ асосӣ ниёз дошта, 2 муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, сохтмони 6 мактаб нотамом мебошад. Ҳанӯз ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот дар ду баст фаъолият менамоянд. Гузашта аз ин, таносуби шумораи қабул ба синфи якум нисбат ба хатмкунандагони мактаб бештар аст.  Яъне, бунёди бино ва синфхонаҳои нав аз вазифаҳоест, ки таваҷҷӯҳи пайвастаро тақозо мекунад.

         Маблағгузорӣ барои соҳаи маориф танҳо бо бунёди бино ва синфхонаҳои нав ба анҷом намерасад. Он аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои гуногун низ сурат мегирад. Ҳоло дар соҳаи маорифи шаҳри Панҷакент лоиҳаи дастгирии занону кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ҷониби  ташкилоти хайриявии байналмилалии “Миссияи Шарқ” бо фарогирии 154, Маркази тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд бо фарогирии 126 кӯдак фаъолият мебарад. Ҳамчунин бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар назди 16 муассисаи таълимӣ бо ҷалби 516 кӯдак марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд. Лоиҳаи дигар, ки тибқи он дар 68 муассисаи таълимӣ 13410 хонандаи зинаи аввали таҳсил бо хуроки гарм таъмин мешаванд, аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ маблағгузорӣ  мегардад.

         Аз ин нигоҳ маблағгузории соҳаи маориф танҳо аз маблағҳои буҷет иборат нест. Ҳукумати мамлакат дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ бо созмонҳо ва институтҳои молиявии байналмилалӣ барои рушди ин соҳаи калидӣ ва ояндасоз пайваста талош мекунад. Инро омӯзиши масъалаи дар ин матлаб баёншуда бори дигар собит намуд.

                                                        Б. Одиназода, Хуршед Фозилов


Матлаб бо ибтикори ташкилоти  ҷамъиятии «Хома» дар доираи илов“Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣбо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.

 

 



вторник, 19 января 2021 г.

Сабабҳои фурӯпошии оилаҳо: Муҳоҷират, телефон, дахолат ба зиндагӣ, ё ..?

 Ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон  аз падидаҳоест, ки занонро танҳо, фарзандонро аз волидон ҷудо ва ҷомеаро нигарон кардааст. Ҳарчанд, хушбахтона, ин раванд дар соли 2020 нисбатан кам шуда бошад ҳам, омори фурӯпошии оилаҳо то ҳол нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Зане, ки бо сад азоб шавҳарашро бахшид

Ситора, дар яке аз рустоҳои шаҳри Панҷакент дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаааст. Дар мактаб ҳам хуб таҳсил мекард. Ба воя расиду хостгоҳро пушти дарашон қатор шуданд. Орзу дошт, оилаи солиму намунавӣ бунёд кунад. Волидонаш ӯро ба як ҳамдеҳаашон ба шавҳар доданд. Баъди 3 моҳи оиладорӣ, шавҳараш озими муҳоҷират ба Русия шуд. Арӯси нав ҳар субҳ барвақт мехесту аз пайи корҳои зиндагӣ, ҳавлирӯбиву говҷӯшӣ, нигоҳубини молу ҳол ва омода кардани хӯрок мешуд.

Ситора рӯзе эҳсос кард, ки ҳомила аст ва ба хушдоманаш гуфт, бояд барои дар қайд истодан ба назди духтур равад, аммо хушдоманаш ба ӯ иҷозат намедод ва мегуфт, ки мо бе духтур ҳам таваллуд кардем. Ситора, ки хунаш кам буд, худро рӯз аз рӯз бад ҳис мекард. Рӯзе дар вақти овардани об аз лаби дарё  сараш чарх зада беҳуш шудва ҳамсояҳо ӯро ба хона оварданд.

— Ту моро дар байни мардум шарманда кардаӣ, касалӣ, — гӯён хушдоманаш ҳар рӯз ӯро таъна мекард ва охир  Ситораро аз хона ронд. Ситора бо ашки шашқатор ба хонаи волидонаш рафт.

Хушдомани Ситора бо духтараш баҳона оварданд, ки гӯё ӯ бо дигар марде муносибат дорад ва ин овоза ба деҳа паҳн гардид. Шавҳари Ситора аз Русия омада ҷавоби ӯро дод ва зани дигар гирифт.

Ситора акнун намедонист чӣ кор кунад. Вазъи рӯҳияш хеле бад буд. Бо ин вуҷуд  аз пайи ҳимояи ҳуқуқҳои худ гардид. Ба бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Панҷакент муроҷиат кард ва онҳо Ситораро ба ТҶ “Занони шарқ” фиристоданд.

Дар ин марказ кормандонаш ба ӯ ёрии равониву ҳуқуқӣ расониданд. Ӯро ба курси омӯзишии дӯзандаги ҷалб карданд. Баъди чанде Ситора писар таваллуд кард. Бо ёрии кормандони “Занони шарқ” ба хонаи шавҳараш маскун ва алимент рӯёниданд. Ин духтараки деҳотӣ эҳсос кард, ки ӯ танҳо нест ва ҳастанд нафароне, ки ӯро дастгирӣ мекунанд.

Акнун Ситора он арӯси гапшунаву танҳо набуд, балки як дӯзандаи шинохташуда гардид. Фарзандашро низ ба яке аз кӯдакистонҳои шаҳр гузошт. Рӯзе, вақте фарзаандашро аз кӯдакистон мегирифту ба хона меомад, шавҳарашро дар ҳолати афсудаву бо сару либоси бетартиб вохӯрд. Шавҳараш ба назди ӯ омада аз Ситора бахшиш пурсид. Ститора ба хотири фарзандаш шавҳарашро бахшид…

259 ҷудошавӣ оё кам аст, ё зиёд?

Ҳамин гуна ҳолатҳо дар Панҷакент кам нестанд, ки бо ҳар баҳона оилаҳои ҷавон вайрон мешаванд.

Ба андешаи коршиносон ҷудошавии оилиаҳо чанд омили асосӣ дорад.

Мастона Муродзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Панҷакент мегӯяд, имрӯхо муҳоҷират, тайёр набудани ҷавонон ба оиладорӣ, дахолати шахсони сеюму чорум ва телефону интернет сабабҳои асосии фурӯпошии оилаҳо гардидаанд.

Мо дар шабакаи ичтимоии Фейсбук бо саволи “Сабаби фурӯпошии оилаҳоро дар чӣ мебинед?”, байни хонандагон пурсиш гузаронидем. Беш аз 100 нафар дар ин назарсанҷӣ ширкат карда назар доданд. Қариб 50% ба ин назаранд, ки бо дахолати шахси 3-юму 4-ум оилаҳо вайрон мешаванд, беш аз 33% тайёр набудани ҷавонон ба оиладориро сабаб медонанд.











Дар соли гузашта, яъне соли 2020, бино ба маълумоти шӯъбаи САҲШ-и шаҳри Панҷакент, 259 ҳолати ҷудошавии оилаҳо сабт гардид, ки аз ин шумора, 188 ҳолат тариқи суд ва 71 ҳолат тариқи САҲШ сурат гирифтааст.

Мастона Муродзода

— Бо вуҷуди он, ки дар соли 2020 нисбати соли 2019 ҷудошавии оилаҳо 46 адад кам ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, аммо ин қонеъкунанда нест, – мегӯяд мудири бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Панҷакент хонум Муродзода.

— Бо гурӯҳҳои кории пешгирии вайроншавии оилаҳо мо тавонистем беш аз 51 оилаеро, ки то ҷудошавӣ расида буданд, бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ ба муросо оварда, онҳоро ба зиндагии шоиста талқин кунем, – гуфт Мастона Муродзода.

“Занони шарқ” — пуштибони занон дар мушкилот

Дар барқарор кардани оилаҳо ва кӯмак ба заноне, ки гирифтори хушунат дар оила мегарданд, нақши баъзе аз созмонҳои ҷамъиятӣ назаррас мебошад.

Яке аз чунин ташкилоти чамъиятӣ, ки дар самти дастгирии занон дар Панҷакент фаъолияти назаррас дорад, ин ТҶ “Занони шарқ” мебошад.

Бино ба маълумоти роҳбари ташкилоти мазкур Зӯҳро Шарипова, дар назди ташкилот равоншиносону ҳуқуқшиносон фаъолият доранд, ки тақрибан ҳамарӯза ба заноне, ки бо мушкилоти оилавӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд, пайваста ёрӣ мерасонанд.

— Мо заноноро ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб месозем, бо кор таъмин мекунем, маслиҳатҳои равониву ҳуқуқӣ медиҳем, дар тартиб додани асноди ҳуқуқӣ кӯмак ва ҳатто баъзан вақт дар мурофиаҳо ширкат карда ҳуқуқи занонро ҳимоя мекунем ва ҳамаи ин ройгон аст, – мегуяд Зӯҳро Шарипова.

Ташкилоти мазкур тавонист дар соли 2020-ум 3 занро аз худкушӣ наҷот дода, 12 оиларо барқарор ва 64 занро бо ҷойи кор таъмин кунад.

Чи бояд кард, то оилаҳо ҷудо нашаванд?

Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан мо назари ду оиларо гирифтем. Яке оилаи ҷавон ва дигар оилае, ки беш аз 40 сол хушбахтона зиндагӣ доранд. Ин оилаҳо дар озмунҳо ҳамчун оилаҳои беҳтарин дониста шудаанд.

Насиба, як нафар зане, ки бо шавҳараш 10 сол аст зиндагӣ дорад, ба ин назар аст, ки бояд зан пуртоқат бошад.

— Рости гап шавҳари ман ҳам бо дигар занҳо муносибат дошт, шояд ишқварзӣ ҳам дошт, вале ман ба ҳамаи ин тоқат мекардам. Ман шавҳарамро  хеле дӯст медорам. Медонам, ки дар 99% ҳолатҳо ҳама мард куҷое равад, боз назди зани авваллаш меояд. Бале занҳо ҳам рашк мекунанд, аммо сабр калиди ҳама хушбахтиҳост. Имрӯз шояд духтарбозӣ ба дили шавҳарам задааст, ки дигар бо ману фарзандонам меҳрубон аст. Мо хушбахтем ва ба ҷавонон маслиҳати ман ҳамин аст, ки дар ҳама ҳолат сабр дошта бошанд, – мегӯяд Насиба, ки худ 30-сола аст.

Дигар зане, ки занонро ба сабру таҳаммул даъват мекунад ин Мунира Шамсиддинова, сокини шаҳри Панҷакент аст. Ӯ мегӯяд:

— Ҳамсари ман чанд сол дар Афғонистон хизмат кард. Серкор буд. Саҳар ба кор мерафт, бегоҳ дер ба хона меомад. Дар ин ҳолат ту ба ман аҳамият намедиҳӣ гуфта бояд баромада мерафтам? Имрӯз ҳамсарам дар наздам, зиндагии хушбахтона дорем. Духтарони имрӯз дурандеш нестанд, дарҳол фикри ҷудошавиро мекунанд, ки ин нодуруст аст, – ақида дорад Мунира Шамсиддинова ва меафзояд: — Шукри Худо ҳозир ҳама фарзандонам оиладор, соҳиби чанд набера ҳастем…



суббота, 16 января 2021 г.

Маблағ барои ҳар хонанда

 Ё Афзалият ва нуқси маблағгузории сарикасӣ

Инак, соли даҳум аст, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон аз тариқи сарикасӣ ё меъёрӣ маблағгузорӣ мешаванд

Зимнан, пеш аз он ки ин усули маблағгузории соҳаи маориф рӯи кор гирифта шавад, нахуст давоми ду сол онро дар чанд шаҳру ноҳия санҷиданд ва ба хулосае омаданд, ки он дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар татбиқ карда шавад.  Ҳамин тавр, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ  аз 1 октябри соли 2007, таҳти рақами 505 “Оид ба тасдиқи қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  то соли 2010, дар  ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ   ин усули маблағгузорӣ татбиқ карда шуд. Бо ҳамин қарор ҷадвали гузариш ба ин усул ва  меъёри минималӣ ва коэффитсиенти махсус барои маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) тасдиқ карда шуданд. Ҳамчунин соли 2010  Дастурамал оид ба маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки онро Вазоратҳои молия ва маориф таҳия ва тасдиқ намудаанд, мавриди амал қарор гирифт. Ба ин минвол заминаҳои қонунгузории ин усул муҳайё гардида, инак даҳ сол аст муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз онҳо кор мегиранд.

            Татбиқи ин усули маблағгузорӣ аз усули собиқа куллан фарқ менамуд.  Собиқа аз буҷет барои соҳа маблағ ҷудо мегардид ва тақсимот ба ҳар муассиса  ба салоҳдиди раёсати молия ва шӯъбаи маориф буд. Яъне сарвари муассисаи таълимӣ дастнигари ин ду ниҳод буд.  Баъди татбиқи ин усул акнун ӯ дигар чун роҳбарони ҳар коргоҳи дигар ба маблағи аз буҷет барои муассиса ҷудошуда ихтиёрдорӣ менамояд, мактабаш муҳосиб ҳам дорад.

             Ин яке аз афзалиятҳои усули маблағгузории сарикасӣ аст. Бартарияти дигараш, тавре коршиносон мегуянд, ин усул ба   истифодаи босамари маблағҳои буҷет мусоидат намуда, ҳавасмандии муассисаҳои таълимиро меафзояд, фарогирии

хонандагонро ба таҳсил беҳтар мекунад,  масъулияти муассисаи таълимӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллиро зимни ҷудо намудани маблағ ба сари ҳар як хонанда ва ҷалб намудани миқдори бештари   хонандаҳо ба муассисаҳои таълимӣ меафзояд.

             Тавре муҳосиби муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-и шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент Раҳимқул Холмуродов, ки собиқаи беш аз чилсолаи меҳнатӣ дорад ва аз оғози татбиқи ин усул чун муҳосиби мактаб кор мекунад, мегӯяд, тақсимоти маблағ аз буҷети маҳаллӣ  мутобиқи формулаи  зерин, ки  гумон мекунам  ба ҳар нафар фаҳмо аст, сурат мегирад.


ШХ*МХ+ММ=БМ

             Ин ҷо БМ- буҷети мактаб, ШХ- миқдори хонандаҳо ба 1 январи соли молиявӣ, МХ- меъёри минималӣ барои як хонанда вобаста ба типи мактаб, ММ- меъёри минималӣ барои як мактаб мутобиқи типи мактаб


Мутобиқи ин тартиб соли 2020-ум ба ҳар як нафари 810  хонандаи мактаби мазкур 951 сомонӣ, ҷамъ 770310 сомонӣ,(дар формула МХ) барои мактаби онҳо, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумӣ аст, 146452 сомонӣ (ММ), дар маҷмӯъ ҷудо кардани 946762 сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

            Оё ин маблағ ҳама хароҷоти муассисаро мепӯшонад? Дар ҷавоби ин савол боз ҳамон мақол ё қоидаи маъмули риёзии “аз иваз шудани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад” ба ёд меояд. Яъне татбиқи усули маблағгузории сарикасӣ роҳ ё тартиби нисбатан босамари истифодаи маблағҳои буҷети соҳаи маориф аст, ки ба сарварони мактабҳо мустақилияти бештар медиҳад, онҳоро ба ҳисобу китоби саҳеҳ ва хоҷагидории босамар водор менамояд. Афзоиши маблағгузорӣ  ба имкониятҳои буҷети маҳаллӣ ва дар маҷмӯъ буҷети ҷумҳурӣ вобаста аст.

            Ҳарчанд давоми даҳ соли гузашта маблағгузорӣ ба ҳар хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ  дар миқёси мамлакат аз 244 ба 951 сомонӣ, барои ҳар мактаби миёна аз 45159 ба 176452 сомонӣ расидааст ва ин меъёр  бо назардошти имкониятҳои буҷет  ҳамасола зиёд карда мешавад, онро ҳанӯз идеалӣ унвон карда намешавад.  Инро аз ҷадвали зер метавон дид:

Мутобиқи ин тартиб соли 2020-ум ба ҳар як нафари 810  хонандаи мактаби мазкур 951 сомонӣ, ҷамъ 770310 сомонӣ,(дар формула МХ) барои мактаби онҳо, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумӣ аст, 146452 сомонӣ (ММ), дар маҷмӯъ ҷудо кардани 946762 сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

            Оё ин маблағ ҳама хароҷоти муассисаро мепӯшонад? Дар ҷавоби ин савол боз ҳамон мақол ё қоидаи маъмули риёзии “аз иваз шудани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад” ба ёд меояд. Яъне татбиқи усули маблағгузории сарикасӣ роҳ ё тартиби нисбатан босамари истифодаи маблағҳои буҷети соҳаи маориф аст, ки ба сарварони мактабҳо мустақилияти бештар медиҳад, онҳоро ба ҳисобу китоби саҳеҳ ва хоҷагидории босамар водор менамояд. Афзоиши маблағгузорӣ  ба имкониятҳои буҷети маҳаллӣ ва дар маҷмӯъ буҷети ҷумҳурӣ вобаста аст.

            Ҳарчанд давоми даҳ соли гузашта маблағгузорӣ ба ҳар хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ  дар миқёси мамлакат аз 244 ба 951 сомонӣ, барои ҳар мактаби миёна аз 45159 ба 176452 сомонӣ расидааст ва ин меъёр  бо назардошти имкониятҳои буҷет  ҳамасола зиёд карда мешавад, онро ҳанӯз идеалӣ унвон карда намешавад.  Инро аз ҷадвали зер метавон дид:

Меъёри хароҷоти маблағҳои ҷудошуда
Infogram

Тавре аз ин арқом бармеояд, 71 дарсади маблағҳои ҷудошуда барои пардохти маош масраф мешавад  ва ин  дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ тақрибан ҳамингуна аст. Рӯи ниёз овардани мактабҳо ба волидон ва соҳибкорон низ аз ҳамин ибтидо мегирад.

             Дар муассисаҳои таҳсилоти асосӣ, ки дар Панҷакент камшумор ҳастанд, ба ҳар нафар хонанда 1162 ва ба ҳар муассиса 69653 сомонӣ меъёр муқаррар шудааст. Воқеан, ин меъёр ҳамасола мутобиқи имкониятҳо дар буҷети мамлакат пешбинӣ мешавад ва раёсатҳои молия дар маҳалҳо  аз он кор мегиранд. Барои муассисаҳои томактабии давлатӣ, ки аз соли 2016 инҷониб ба ин низом гузаштаанд, барои соли 2020 ба ҳар тарбиягиранда 2174 ва ба ҳар кӯдакистон 103716 сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

            Арафаи соли нави милодии 2021 дар Шӯрои шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент  сарварони муассисаҳои таълимӣ аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар буҷети мактабҳое, ки аз ҷониби хадамоти Агентии назорат дар соҳаи маориф   аттестатсия ва аккредитатсия пешбинӣ гардидааст ва  барои ин то 5000 сомонӣ пардохт муқаррар шудааст, дарёфти  маблағ душвор аст. (Шарҳ диҳем?)

 Ин гуна хароҷот дар буҷети мактаб пешбинӣ нашудааст.  Дар муассисаҳои калони серхонанда шояд имкони “манёвр” дар доираи маблағҳои ҷудошуда ҳастанд, вале дар ин ҳол муассисаҳои камталабаи деҳот чӣ бояд кунанд, маълум нест.  Барои ҷуброни норасоии маблағ барои макотиби  хурди деҳот ҷудо кардани 5 фоиз аз буҷети муассисаҳои серхонандаро Дастурамали маблағгузории сарикасӣ муқаррар кардааст, вале бо ин ҳам ҳамаи хароҷоти мактабҳоро  пӯшонидан душвор аст.

             Мушкилоти дигар марбут ба ҷойивазкунии хонандаҳо дар мактабҳо баъди оғози  соли молиявӣ аст, ки маблағҷудокунии сарикасӣ мутобиқи шумораи хонандаҳо дар ин вақт сурат мегирад. Хонандаҳое, ки баъди  ин бо сабабҳои гуногун ҷои таҳсилашонро иваз мекунанд, маблағи сарикасиашон то соли дигар он ҷо мемонадҲалли ин қазия  дар низоми сарикасӣ пешбинӣ нашудааст. Дар низоми ваучерии маблағгузорӣ бошад маблағи барои ҳар хонанда муқарраршуда дар ваучер ё хазинаи худи ӯ меистад ва вақте  ба мактаби дигар мегузарад, пулаш низ ҳамроҳаш меравад.

             Дар ҳар сурат, низоми маблағгузории сарикасӣ дар доираи  ислоҳоти соҳаи маориф, ки ҳоло бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ба талаботи замон мутобиқ намудани соҳаи маориф идома дорад, тағйироти мусбат астОмӯхтани ҳусну қубҳи ин усул, такмили он  аз ҷониби мутахассисон ба манфиати кор хоҳад буд.

                         Бобо Одиназода, Хуршед Фозилов.    

            Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ, бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон, омода шудааст.

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...