Умеда Солеҳова, як нафар
сокини шаҳри Панҷакент, ки донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон
дар шаҳри Панҷакент аст, мегӯяд ба эҳтимоли зиёд хонданашро тарк мекунад. Ба ин
сабаб, ки шароити зиндагиашон вазнин буда, пардохти ҳаққи таҳсилро надоштааст.
-
3 сол бо азобе пули таҳсилро пардохт кардам. Хоҳарам барои пардохти ҳаққи
таҳсил кӯмак карда буд. Имсол наметавонам маблағро супорам. Ҳайронам чи кор
кунам. Лекин хондан мехоҳам. Медонам, ки агар тарки таҳсил кунам, 3 сола
маблағи супоридааму дарсҳоям ҳайф
мешаванд – мегӯяд Умеда.
Вазорати маориф
БЕВАЗАНЕ, КИ БО 3 ФАРЗАНДАШ ХОНДАН МЕХОҲАД...
Салима Алиева, дигар сокини
шари Панҷакент ба фарқ аз Умеда баъди оиладоршавиаш ҳаваси 56 донишҷӯшавиро
кард. Ӯ солигузашта ба, коллеҷи инноватсионии шаҳри Панҷакент дохил шудааст. Салима
мегӯяд, соҳиби 3 фарзанд ҳастаму зани танҳоям. Гуфтам хонаму соҳиби маълумот ва
ягон касбу кор гардам. Аммо маблағи шартнома гаронӣ карда истодааст. Солонаи
таҳсилам дар коллеҷ 2300 сомонӣ асту ҷое кор намекунам. Намедонам ягон роҳи
бепул ё кам кардани ҳаққи таҳсилам ҳаст ё не? Ду кӯдакам ба мактам мераванду
ман донишӯям. Шояд барои ман ва мисли ман будаҳо ягон имтиёзе бошад? – изҳор медорад Салима
Ба ҳамин ҳолатҳо монанд шояд даҳҳо нафар донишҷӯёнеи
дигаре дар Тоҷикистон бошанд, ки дар дил нияти таҳсилро доранду аммо
наметавонанд бо сабаби пардохти ҳаққи таҳсил, надоштани маблағ, гаронии ҳаққи
таҳсил ва дигар монеъаҳои иҷтимоӣ ба хондан фаро гирифта шаванду соҳиби маълумот гарданд.
Шоҳин Облоқулзода, коршиноси маҳалли аз Панҷакент ба ин
назар аст, ки албатта ҳамасола чандин нафар бо квотаи президентӣ ба донишгоҳҳои
кишвар дохил мешаванд, аммо ин фикр мекунам басанда нест.
Дуруст аст, ки баъди таъсиси Маркази милии тестӣ, ки ба
гуфтаи масъулин хонандагони болаёқат имкони ба донишгоҳҳои дилхоҳ ва ихтисосҳои
интихобмекардаашон дохил шуданро пайдо кардаанд.
Вале бо ин вуҷуд бисёр
нафароне ҳастанд, ки масалан баъди чанд сол майл ба хоҳиши гирифтани маълумоти
олӣ, баъди тарки мактаби миёна аз нав
мехоҳанд донишҷӯ шаванду бинобар надоштани атесстатсия соҳиби маълумоти олӣ
гарданд. Ё даҳҳои дигар омил ва монеаҳое пайдо мегардад, ки ин қишри
доништалаб ба гурӯҳҳои буҷавӣ
наметавонанд дохил гарданду бихонанд.
Бо назардошти чунин ҳолатҳо
соҳибназарон мегӯянд, барои ҷалби ҷавонони болаёқат ва онҳое, ки ҷиддан хоҳиши
таҳсил карданро доранд, бояд имтиёзҳои давлатӣ муқарар карда шавад.
КАДОМ ҚОНУН ХУБТАР?
Коршиносон мегӯянд, дар моддаи 5-и Қонуни ҶТ “дар бораи
маориф”, ки аз 17.05.2004 аз эътибор соқит шуда буд, кафолатҳои давлатӣ нисбатан
фаҳмову равону дарҷ гардида буд, ки барои қиёс инҷо меорем:
Моддаи 5. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таълим
1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави он,
сарфи назар аз аслу насаб, ҷинсият, забон, мансубияти нажодию миллӣ, вазъи иҷтимоию махсусиятҳои касбу кор, ҷои истиқомат, эътиқод, мазҳаб ва
муносибат ба дин ҳуқуқи таҳсил кафолат дода мешавад.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона,
экстернат ва ғайра) ҳуқуқ доранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи касбу ихтисосҳоеро, ки ба
шакли экстернат гирифтани онҳо иҷозат нест,
муқаррар менамояд.
3. Бо мақсади амалӣ намудани ҳуқуқи таҳсил давлат хароҷоти таълими
шаҳрвандонеро, ки ба ёрӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ ниёз доранд, дар муддати таҳсил қисман ё
пурра ба зиммаи хеш мегирад, иқдомоти хайрияро нисбати онҳо дастгирӣ менамояд.
4. Давлат шахсони дорои қобилияти фавқулоддаро дастгирӣ мекунад, ба онҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ ёрӣ мерасонад, барояшон идрорҳои махсус муқаррар
менамояд, онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад.
5. Шаҳрвандони хориҷӣ дар
муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон
мувофиқи шартномаву мувофиқатномаҳои байнидавлатӣ ва хориҷиён ва шахси бетабааи муқими ҷумҳурӣ бошанд, дар асоси муқаррароти умумӣ таҳсил менамоянд.
6. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои идомаи таҳсил дар зинаҳои болоии таълим ҳуқуқи баробар
доранд.
Аммо дар имрӯза қонуни амалкунанда дар бораи маориф,
дастгирии донишҷӯёни лаёқатманд гуфта нашудааст. Ва барои қиёс кардани
хонандагон моддаи 6-и қонуни имрӯзаи амалкунандаро меорем, ки худ муқоиса
кунанд: ғ
Моддаи 6. Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил
1. Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон,
новобаста ба миллат, нажод, ҷинс,
забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳуқуқ ба таҳсилро
кафолат медиҳад.
2. Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
таълими ҳатмии
умумии асосии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, инчунин
дар доираи фармоишҳои
давлатӣ
дар асоси озмун ройгон гирифтани таҳсилотро дар зинаҳои
минбаъдаи таҳсилот
кафолат медиҳад.
3. Ҳуқуқи шаҳрванд ба таҳсил аз рўи
синну сол, вазъи саломатӣ, мавҷудияти доғи судӣ ва дигар нишонаҳо метавонад танҳо
тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.
4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони
хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои
интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсилот: рўзона, шабона, ғоибона,
оилавӣ, фарогир, фосилавӣ ва экстернат ҳуқуқ доранд.
5. Давлат дар муассисаҳои таълимии
давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз
муассисаи олии таълимӣ як маротиба гирифтани таълими ройгонро кафолат медиҳад.
6. Давлат таълимгирандагони болаёқатро дастгирӣ намуда, ба таҳсилоти онҳо
кўмак мерасонад, аз рўи натиҷаи таълим барояшон стипендияҳои махсуси давлатӣ муқаррар
менамояд ва ҳангоми зарурат онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад.
7. Давлат таъминот ва хароҷоти
таълиму тарбияи кўдакони ятиму бепарастор, кўдакони дорои имконияти маҳдуд,
маъюбон ва дигар шахсонеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон муайян менамояд, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз ҳисоби
маблағи
буҷетӣ кафолат
дода, пас
аз хатми муассисаҳои таълимӣ онҳоро
бо ҷои кор таъмин менамояд.
8. Давлат барои шаҳрвандоне, ки муддати тўлонӣ бо сабаби
беморӣ
ба муассисаҳои
таълимии таҳсилоти
умумӣ
рафта наметавонанд, дар хона ё дар муассисаҳои тандурустӣ таълими
ройгонро ташкил мекунад.
9. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ барои
идомаи таҳсил
дар зинаҳои
минбаъдаи таҳсилот
ҳуқуқи баробар
доранд.
10. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
барои таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ
бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд.
Холиқназар Ҷӯмаев, хабарнигори тоҷик мегӯяд, дар баъзе аз давлатҳо барои донишҷӯёне, ки лаёқти хуб доранд, давлат донишҷӯро дар соли дуввуми таҳсил 50% маблағи таҳсилашро ва дар солҳои минбаъда пурра аз пардохти ҳаққи таҳсил озод менамояд.
PS: Мавод ба озмуни ҲАТ пешниҳод мешавад.
Хуршед Фозилов

