суббота, 22 августа 2020 г.

Насрониҳои Панҷакент, таомул ва тақдири ибодатгоҳашон...

 Дар баробари дигар ҳалқу миллатҳо, дар шаҳри Панҷакент беш аз 200 нафар русзабонҳо зиндагонӣ мекунанд, ки аз онҳо беш аз 60 нафарашонро  пайравони дини насронӣ ташкил медиҳад.

Ба ақидаи мӯйсафедон, омадани русҳо ба Панҷакент таърихи хеле қадима дорад. Аввалин русҳое, ки ба Панҷакент омаданд, дар вазифаҳои гуногун ба монанди ҷангалбон, корманди иктишофи сарватҳои табии, муаллим ва ғайра кор кардаанд.

Аъзамқул Шаропови 78 сола, ҷияни яке аз чеҳраҳои шинохтаи таърих Чинор Имомов мегӯя, ҳанӯз вақте Чинор Имомов мактабхон буд, тақрибан солҳои 1909-1910 як ҷангалбони рус бо ному насаби Василий Волков дар ҷангалҳои деҳаи Зебон ва гирду атроф омада кор мекарду ҷиянашро маҳз ин марди рус барои таҳсил ба мактаби русӣ ба шаҳри Самарқанд бурда буд.

Яъне омадани русҳо ба Панҷакент пеш ҳатто пеш аз инқилоб дониста мешавад.

Пайравони дини насронӣ дар шаҳри Панҷакент ба андешаи худашон озоданд ва барои иҷрои расму таомул ва анъанаҳояшон касе ба онҳо монеъа эҷод ва ё таҳқиру таҳдид намекардааст.

-     




Дар мо ҳам иҷро кардани расму анъана ва оину талаботҳои дини худамон ҳаст. Мо ҳам ба таври худ тоату ибодат мекунем. Ҷашнҳои мазҳабии худро дорем. Дар мо ҳам баду нек уболу савоб ҳаст. Мо ҳам шахсони муқаддас дорем – мегӯяд Анна Алексеева – як нафар аз пайравони дини насронӣ.

Ба гуфтаи Анна оилаи онҳо сирф демократӣ буда, касе ба дини касеву эътиқоди ҳамдигар кор надоштаанд. Зеро шавҳараш мусулмону худаш насронӣ ва модараш атеист будааст. 

Баракс мо ба дин ва расму оини ҳамдигарамон эҳтиром мегузорем – мегӯяд хонум Анна.

Пайравони дини насрони дар шаҳри Панҷакент, 2 сол қабл тасмим гирифта буданд, ки барои худ як ибодатгоҳе бунёд кунанд ва онро ба номи яке аз рӯҳониёни муқаддасашон Лука мегузоранд.


Дар расми оғози сохтмони ибодатгоҳ, рӯҳониёни машҳури насрониҳо ба монанди роҳбари калисои Осиёимиёнагии провославиҳо митрополити Ӯзбекистону Тошкент Викентий, епископ дар Тоҷикистон – Питирим ва ҳамчунин иеромонахҳо Валерий ва Андрей ва дигар намояндагони провославиҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масросими гузоштани санги асос ширкат намуда буданд.

Ин ягона ибодатгоҳи пайравони дини масеҳӣ дар яке аз гӯшаҳои қабристони насрониҳо дар шаҳри Панҷакент сохта ва он ба номи яке аз рӯҳониёни дини насрониҳо Лука гузошта мешуд.

Аммо дар ҳамин ҳол як гурӯҳи дигари русзабонҳо барои сохтани  ин ибодатгоҳ мухолиф баромаданд. Ба андешаи ин гурӯҳ, дар қабристон набояд ибодатгоҳ сохта шавад. Як тан аз мухолифони сохта шудани ибодатгоҳ, ки худро Людмила муаррифӣ намуд мегӯянд, дар ин қабристон ҷой барои гӯронидани дигар русзабонҳо кам мондааст, аз ин хотир розӣ нестанд, ки дар дохили қабристон часовня бунёд шавад. Вале мухолиф нестанд, ки дар ягон гӯшаи шаҳр замин ҷудо кунанду ин ибодатгоҳ сохта шавад.

Лекин Эргашева Мая Ахмедовна, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Маркази фарҳанги русӣ - Ҳамвататон дар минтақаи Зарафшон" бо нишон додани харита мефаҳмонд, ки ҷой дар қабристон ҳанӯз барои даҳҳо нафари дигар басанда асту ибодатгоҳ на зиёда аз 70 метри мураббаъ ҷойро мегираду халос.

Баҳси сохта шудан ё нашудани ибодатгоҳ барои пайравони дини насронӣ то ба долони ҳукумати шаҳри Панҷакент расидааст. Масъулин ва ҳукуматдорони шаҳри Панҷакент мегӯянд, бино бар он ки сохтани ин ибодатгоҳ бо Кумитаи дини назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа нашудааст, то анҷоми ҳалли масъала сохтмони он мавқуф дошта мешавад.

Дар ҳамин ҳол вобаста ба ин масъала мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳри Панҷакент Саидҷон Шодиев гуфт, аз рӯи Қонуни ҶТ “дар бораи иттиҳодияҳои динӣ” бояд онҳо ҳамчун иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шаванд. Ҳамчунин бояд ягон рӯҳонӣ ҳамчун корманди он ибодатгоҳ ба қайд гирифта шавад ва сипас баъди аз ду соли фаъолияташон ба онҳо иҷозати сохта шудани ибодатгоҳ дода мешавад.

Гурӯҳе бар он назаранд, ки агар ибодатгоҳи мазкур сохта шавад, яке аз маконҳои сайёҳӣ ва ҷои зиёрати пайравони Лукаи муқаддас, ки муридони зиёд дар олами православӣ доштааст, хоҳад гардид, ки як сарчашмаи даромад хоҳад гардид. Ва бо ин баҳона роҳҳои ин мавзеъ ҳам таъмиру обод карда мешавад.

Бино ба маълумотҳои рӯҳониёни ин дин, то соли 1923 дар шаҳри Панҷакент як ибодатгоҳи калони насрониҳо фаъолият дошта ва Лукаи муқаддас як аср пеш дар инҷо низ хидмат кардааст.

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...