среда, 6 мая 2020 г.

Сел дар ҷамоати Саразм


Дар натиҷаи боришоти борони санаи 2-юми май, дар ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент обхезӣ шуда, ин офати табии даҳҳо Га заминҳои кишоварзиро тахриб кардааст.
Раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар сӯҳбат ба мо гуфтанд, ки майдонҳои кишти картошка, сабзиву пиёз ва токзору дигар зироатҳояшон нобуд шудааст.
Пас аз нисфирӯзии санаи 2-юми май борони зиёд борида, ба гуфтаи шоҳидон аз 5 сой сел меояд ва ба чанд заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ зарар мерасонад.



Ба иттилои Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент, то ин вақт маълум гарид, ки хоҷагиҳои кишоварзии “Камар”, “Роҳи абрешим ва “Тайлонов” зарари ҷиддӣ дида, беш аз 32 Га кишти барвақтии деҳқонон талаф ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки санаҳои 8-ум ва 9-уми апрели соли равон, дар шаҳру деҳоти Панҷакент борон ва барф борида ҳаво - 3 дараҷа сард шуда буд ва без аз 90%-и дарахтони зардолу олуболу, ангур ва шафтолую гелосу тут сармо заданд.

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...