Дед Вася…
Дар Панҷакент ӯро бо ҳамин ном мешиносанду медонанд. Ягона марди рустаборе ҳаст, ки вайро фақат дар иҳотаи тоҷикон дидан мумкин...
Дӯстош ҳама тоҷиконанд. Худаш ҳар рӯз ба дидорбинӣ ва суроғи дӯстонаш мебарояд.
Вақтҳои охир баъди оне, ки пояш дард пайдо кардаву мелангад, ҳамагӣ рӯзе 1 ё 2 маротиба ба кӯча мебарояд.
Як маршрут дошту дорад: хонааш (кӯчаи Терешкова) – Бозор – Хонааш. Фақат ва фақат пиёда мегардад. Танҳои танҳо зиндагӣ мекунад.
Ба гуфтаи худаи дед Вася, 15 сол зани бемору маъюбашро нигоҳубин ва охир гӯру чӯб кардааст. Амале, ки на ҳар мусулмон метавонад ба ҷо орад...

Дед Вася мисли дигар русҳо тамоман нияти аз Тоҷикистон рафтанро надорад. Мегӯяд, инҷо кор кардам, нон хӯрдам, аз ҳавояш нафас кашидам ва тозатар аз ҳавои Тоҷикистон ҷое нест. Агар дигар ҷо равам касал мешавам... Гарчанде фарзандонаш дар Руссияанд...
Соати дастияш шӯравист, ва аз вақти мо 1 соат фарқ мекунад. Як соат вақти ӯ, аз мо қафо аст.“Аз замони СССР бо ҳамин вақт одат кардаам ва то ҳол аз рӯи он амал мекунам” – мегӯяд дед Вася.Ҷое кор намекунад, нафақахӯр аст ва бо он маблағ рӯз мегузаронад. Аммо бо вуҷуди камбағалияш сахт баномус аст. Намехоҳад аз ҳисоби касе чизе хӯрад...Бо илтимосу илтиҷо ба ин ё он ошхона даъваташ мекунем. Бо ҳар кас намешинад ва наменӯшад. Меъёру андозаро нигоҳ медорад. Куши ҳам аз меъёр зиёд наменӯшад.Афсӯс мехурад, ки фарзандонаш боре ҳам ёди падар намекунанд. Мегӯяд ба писарам мактуб навиштам, ҷавоб намедиҳад...Солҳо дар корхонаҳои гуногун ба ҳайси инжинер, барқчӣ, устои нақлиёт кор кардааст.Дар моҳи Рамазон агар хайрхоҳе пайдо шаваду кӯмакаш кунад, аҷри бештареро соҳиб мешавад. Зеро яккаву танҳо ва бекасу кӯй аст...