пятница, 14 февраля 2020 г.

Бойкоти нишасти хабарӣ

Имрӯз дар шаҳри Панҷакент соати 15 нишасти матбуотии раиси шаҳр доир гардид.
Моро чанд соат пештар хабар карданд. Ман гуфтам ба нишони эътироз ин нишастро бойкот эълон мекунам. Зеро дар чанд соли охир чандин дархосту пешниҳодҳое, ки гуфта будем то ҳол иҷро нашудааст.
Ҳатто ба такрор як масъаларо мегуфтем...
Фикр кардам аз ширкат кардану ради галочки гузаронидани нишастҳои хабарӣ ягон манфиате нест.
Баъдан хабар ёфтам, ки ду рӯзноманигори дигар ҳам Шоҳин Облоқулзода ва Дилафрӯзи Ҳафиз, бо ҳамин хотир, яъне иҷро нашудани пешниҳоду дархосту саволҳо, нишастро бойкот эълон кардаву аз ширкат худдорӣ кардаанд.
Барои мисол чанд намунае меорем, ки солҳост дар Панҷакент ҳалношуда боқӣ мондааст:
1. Кӯчонидани нимпайкараи Аълохон Афсаҳзод аз ҷои хилват ба ягон ҷои кушод ё мактаби ба номи ӯ гузошташуда,
2. Набудани қуттиҳои партовпарто дар маркази шаҳр,
3. Чароғон кардани кӯчаҳои шаҳр,
4. Гуфтугӯи мустақими радиоӣ бо сокинони шаҳру деҳот,
5. Барқарор кардани обпарто ( канализатсия)-и шаҳрӣ,
6. Кушодани хатсайри нақлиётӣ дар маҳаллаи Навбунёд,
7. Таъмири ҷории кӯчаҳо,
8. Ташкили вохӯриҳо бо аҳли зиё,
9. Дастгирии дастаи футболи Зарафшон,
10. Кӯчонидани бозори марказии шаҳр,
11.Ҷавоб надодан ба саволи даҳҳо сокинони Панҷакент, ки тариқи интернет хаттӣ ним сол қабл пешниҳод шуда буд,
12. Таъмири боми бинои нави кохи Лоиқ Шералӣ, ки то ҳол мечакад,
13. Таъсиси рамз - нишони Панҷакент,
14. Таъсиси гулхона,
15. Таъсиси боғи истироҳатӣ - фароғатӣ,
16. ......ва ғайра...

ДЕПУТАТ ДАР 5 СОЛ ЧӢ КОР КАРД?

(Оё мардум вакили худро мешиносад? Хулоса дар шахсияти 1 тан...)
5 сол муқаддам, аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент №21, собиқ раиси шаҳри Панҷакент Хисрав Абдуназар вакили парлумон таъин гардид. Барномаи пешазинтихобии ӯ беш аз 30 бандро ташкил медод, ки барои ба ёди худи вакилу интихобкунандагони ҳавза овардан онро инҷо кӯтоҳ карда меорем: 
1.Андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати таъмини ғановати буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ тавассути ҷалби сарчашмаҳои истифоданашуда ва баланд бардоштани маърифати андозсупорандагон;
2.Воридоти технологияи муосир бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати ташкили  корхонаҳои нави хурду миёна...
3.Мусоидат дар эҳё ва рушди ҳунарҳои суннатии кашидадӯзиву қолинбофӣ ва пазандагӣ...
4.Мусоидат дар таъмини иштироки фаъолонаи соҳибкорони ватанӣ дар ғановати бозори дохилӣ...густариши шарикии бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ;
5.Ширкат дар таҳияи Барномаҳои миллии таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, нерӯи барқ ва гармӣ тавассути бунёди неругоҳҳои барқи обии хурд ва истифодаи сӯзишвориҳои алтернативӣ;
6.Чораҷӯӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти мӯътадили корхонаҳои саноатии муваққатан азкорбозмонда ва тозабунёд, дар самти истеҳсоли молҳои рақобатпазир ва воридотивазкунанда;
7.Ба анҷом расонидани таҷдиди шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент;
8.- Ба истифода додани коргоҳи дуюми ҶДММ КМ «Зарафшон»;
9.- Сохтмони хати баландшиддати 220 кВ «Айнӣ – зеристгоҳи Рӯдакӣ»;
10.- Сохтмони зеристгоҳҳои барқии 110 кВ «Қавола» ва «Хамиртеппа»;
11.- Сохтмони хонаи саломатӣ дар мавзеи навбунёди Деваштичи Ҷамоати деҳоти Халифа  Ҳасан;
12.- Сохтмони бинои шӯъбаи ёрии таъҷилӣ дар беморхонаи марказии шаҳр; 
13.- Таъмир ва тармими шабакаҳои гармидиҳии  беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент.
14.- Аз таъмири асосӣ баровардани кӯдакистони №7;…
   Ба фиркам кофист…!
Коршиносони шаҳри Панҷакент мегӯянд, қариб нисфи пунктҳои барноми Хисрав Абдуназар иҷроношуда боқӣ мондааст. Он корҳое, ки дар ин муддат амалӣ гардиданд, на бо мусоидати депутаташон амалӣ шудаанд.  Балки кори ҳамарӯза иҷро мешудаи идораву корхонаҳо буд. Мактабҳо боз чун ҳамешагӣ аз ҳисоби хонандагон таъмир гардиданд, роҳу ҷодаҳоро шахсони сахӣ ва ё тариқи ҳашар поккорӣ намуданд ва ғ. ва ҳ. 
Вале ин нуктро мӯҳтарам вакили халқ аз Панҷакенти бостонӣ радд карда наметавонад, ки дар муддати 5 сол депутатии ӯ, чанд корхонаи саноатӣ аз қабили корхонаи “Тамоку”, Заводи биринҷ  ва “Шарбат” пурра аз байн рафтанд. 
Хуршед Фозилов, Панҷакент, СССР

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...