воскресенье, 17 февраля 2019 г.

602168 СОМОНӢ ДАР 1 СОЛ БАРОИ БЕМОРОНИ СИЛ ДАР ПАНҶАКЕНТ


Дар саҳни маркази мубориза бо бемории сили шаҳри Панҷакент бо сокини ҷамоати деҳоти Саразм, Мансурро (номаш дигар шудааст) вохўрдем.  Барои ташхиси навбатӣ ин ҷо омадааст. Шаш моҳ пеш ў бо аломатҳои бемории сил ин ҷо табобат гирифта буд.
                Банди корҳои рўзгор на ҳамеша тавсияи табибонро ба ҷо меовард ва оқибат бемориаш ба шакли мутобиқгаштаи сил табдил ёфтааст ва ўро лозим меояд муддати мадид ба табобат машғул шавад.
                Мансур ягона нафаре нест, ки ба ин шакли бемории сил мубтало гаштааст. Тавре дар нишасти матбуотӣ  сардухтури маркази мубориза бо бемории сили шаҳри Панҷакент Бузургмеҳр Аминов гуфт, ҳоло 105 нафар гирифторони шакли мутобиқгаштаи сил зери назорати диспансерӣ қарор доранд ва 384 нафари онҳо ба шакли фаъоли ин беморӣ мубтало гаштаанд.
                Дар маҷмўъ шумораи мубталоёни ин беморӣ, ки ба қайди диспансерӣ гирифта шудаанд, нисбати соли 2017-ум 316 нафар бештар ҳастанд. Масалан соли 2018-ум балғами 1320 нафар гумонбарон ташхис шуда, бо ин роҳ 152 нафар беморон ошкор шуданд, ки 53 нафарашон микробхориҷкунанда ҳастанд. Онҳо дар сурати ба табобат напардохтан манбаи сироят буда метавонанд. Инро аз ҷадвали зер метавон дид:



Ҳамчунин ҳамасола ҳазорон нафар, ки ба Маркази саломатӣ муроҷиат менамоянд, бо мақсади муайян намудани шакли паҳншудаи он-сили шуш, аз ташхиси флюрографӣ мегузаранд. Соли 2017-ум, 10622  ва соли 2018-ум 13856 нафар муроҷиат аз чунин ташхис гузашта, мутаносибан 5 ва 4 нафар бо аломатҳои ин беморӣ муайян гардида, ба табобат фаро гирифта шудаанд.
                Сардухтури маркази мубориза бо бемории сил Бузургмеҳр Аминов мегўяд, бемории сил бештар дар байни сокинони ҷамоатҳои деҳоти Саразм, Хурмӣ, Чинор ба мушоҳида мерасад.
                Тавре аз Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидимеологии  Панҷакент шарҳ доданд, агар дар ин минтақа дар маҷмўъ ба 100 ҳазор нафар 48,5 нафар беморони сил рост ояд ва ин аз нишондоди ҷумҳурӣ кам аст, дар ҷамоати деҳоти Саразм ин рақам 122,9, Хурмӣ-121,1 ва  Чинор-112,8 нафарро ташкил медиҳад.
                Омили инро аз назари коршиносон пеш аз ҳама аз сатҳи таъминоти аҳолӣ, сари вақт муайян кардану ба табобат фаро гирифтани аъзоёни оилаи беморон, фаҳмонидани нишонаҳои беморӣ ва зарурати табобат фаро гирифтани  онҳо, хатарҳои аз табобат саркашӣ намудан ва риоя накардани тавсияи табибон ҷустан лозим аст.
                Тавре дар беморхонаи марказии шаҳр шарҳ доданд, бемороне, ки ба табобати диспансерӣ фаро гирифта шудаанд, дар доираи пешбинишудаи «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2015-2020» аз маводи ғиоӣ, ташхису табобати ройгон бархурдоранд.
                Яъне агар бо сабабе табобатро пурра намегиранд, на танҳо худ сиҳат  намеёбанд, балки сабабгори сирояти ин беморӣ ба дигарон дар муҳити хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ буда метавонад.  Зеро ба таъқиди мутахассисон сил бемории хавфноки сироятӣ буда, дар шакли фаъол буданаш бо роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ аз шахси бемор ба одами солим ҳангоми сўҳбат, сулфаю атса, балғамафшонӣ сироят карда метавонад.
                Ташхису табобати бемории сил дар заминаи маблағҳои буҷаи маҳаллӣ, Нақшаи миллии стратегие, ки зикр шуд, дастгирии шарикони рушд - Барномаи USAID, лоиҳаи «ХОУП», «Табибони бидуни марз» ва ғайра ба роҳ монда мешавад.
Маблағгузорӣ
 барои табобат ва ҳимоят аз бемории сил аз буҷаи маҳаллии шаҳри Панҷакент (барои Макази мубориза бо бемории сил), (сомонӣ)
Буҷет
Соли 2018
2017
2016
М/меҳнат
449808
449808
376776
Захираҳои моддӣ-молӣ
18000
18000
15488
Пардохтҳо
112452
112452
94194
Маводҳои сўхт
720
720
720
Хароҷоти ҷорӣ
600
600
1160
Таъмири ҷорӣ
10500
7500
560
Пардохт барои  хизматрасониҳо
7488
15488
7488
Пардохт барои хидмати алоқа
2600
600
368
Ҷамъ:
602168
605168
496000



Тавре аз ин ҷадвал бармеояд, маблағи ҷудошуда, аз буҷети маҳаллӣ ва ҳар нафар беморӣ  сил, ки дар қайди диспансерӣ қарор доранд, дар соли 2017-ум  536,4 ва соли 2018-ум 526,3 сомонӣ рост меояд. Тибқи нишондодани Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, мўҳлати табобати бемории сил дар сурати риояи тавсияҳои духтурон 6-8 моҳ давом мекунад. Дар ин сурат хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҳар бемор масалан, дар соли 2018 ҳар моҳ ҳамагӣ 44,7 сомонӣ аст. Ин дар суратест, ки маблағи аз буҷети маҳаллӣ ҷудошуда, пурра барои нигоҳдории Маркази мубориза бо бемории сил, аз ҷумла пардохти маоши кормандони он  масраф мешавад. Табобати беморон бошад, ройгон тибқи меъёрҳои дар «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои давраи солҳои 2015-2020» муайяншуда сурат мегирад.
Вале аз рӯи маълумоте, ки мо дастрас намудем, барои табобати як нафар бемори сил дар шакли содда, зиёда аз 1400 сомонӣ дар як давраи табобат масраф мегардидааст.
                Соли гузашта бо дастгирии созмонҳои хайриявӣ дар Марказ барои ташхистгоҳ бинои нав сохта, бахши табобати диспансерӣ ба ҷои алоҳида гузаронида шуд. Вале ҳанўз набудани ҷомашўихона ва ҳаммом, ки барои ин беморхона иншооти зарурӣ мансуб мешавад мавҷуд нест. Маблағи ночизе, ки ҳамасола барои таъмир пешбинӣ мешавад, на танҳо барои бунёди онҳо, ҳатто барои таъмири ҷорӣ кифоя нест.
                Тавре сарвари ТҶ «Бузург» Дилором Эгамбердиева мегўяд, онҳо бо дастгирии  USAID лоиҳаи «Барномаи USAID оид ба мубориза ба мемории сил дар ноҳияҳои водии Зарафшон»-ро дар 10 ҷамоатҳои деҳоти ҳадафии шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ  амалӣ менамоянд.
                Дар доираи ин лоиҳа корҳои зиёди тарғиботӣ оид ба бемории сил дар байни аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, ба чорабиниҳои тарғиботии он беш аз 3300 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, ки эҳтимоли сироятёбиашон ба бемории сил дар шароити номусоид дар муҳоҷират зиёд аст, фаро гирифта шудаанд.
                Баъди сўҳбатҳо оид ба хатари эҳтимолии ташхису табобат накардани беморони сил, ошноӣ бо роҳҳои дастрас ба ташхису табобат дар муассисаҳои давлатии тиббӣ аз байни 502 нафар ташхисшудагон 50 нафар бо аломатҳои бемории сил дарёфт гардида, барои табобат ба муассисаҳои тиббӣ фиристода шудаанд.
                Натиҷаҳои пурсиши дар давраи татбиқи лоиҳа гузаронида собит сохт, ки ҳанўз 10 фоизи пурсидашудагон баъди ошкор шудани аломатҳои беморӣ намедонанд ба куҷо муроҷиат намоянд, 5 дарсад аз хатари пеш аз мўҳлат қатъ кардани табобат ва 10 дарсад аз роҳҳои сирояти беморӣ огоҳ нестанд. – мегўяд Дилором Эгамбердиева.
                Бо вуҷуди он, ки фарогирии аҳолӣ ба тасхис бештар ва ошкор кардани беморӣ зиёд шуда бошад ҳам, амммо тибқи назари мутахассисон нишондоди гирифторӣ, ба бемории сил ба 100 ҳазор дар Панҷакент нисбат ба ҳисоби миёнаи Ҷумҳурӣ кам аст. Вале норасогии ошкор силшинос ташхису табобати беморонро  душвор менамоянд.
                Мутахассисон бар онанд, ки сару кор гирифтан бо гирифторони бемории сироятии сил аз паи худ хатар ҳам дорад. Ҳодисаҳои ба ин беморӣ сироят ёфтани худи духтурон низ ба мушоҳида мерасад. Аз ин рў талабгорони ин пеша дар байни хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ зиёд нестанд. Роҳи ҷалби онҳо ба ин соҳа муқаррар намудани маоши бештар барои хатарҳои эҳтимолӣ ё муқаррар намудани меъёри собиқаи кор барои гирифтани нафақаи имтиёзнок аст, ки пешниҳоди он дар салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявии соҳа мебошад.
                - Мардум бояд бидонанд, ки сил бемории табобатшаванда аст, ирсӣ нест ва мо дар сурати муроҷиати саривақтӣ ва риояи тасмяҳои табибон ба пурра шифо ёфтани онҳо кафолат медиҳем, – мегўяд сардухтури Маркази мубориза бо бемории сили шаҳри Панҷакент Бузургмеҳр Аминов .

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...