вторник, 11 декабря 2018 г.

Барномаҳои “бепул”-и соҳаи тандурустӣ

Имрӯз дар кишвар зиёда аз 15 номгӯи барномаҳои вобаста ба соҳаи тандурустӣ марвриди амал қарор дорад, ки аз он барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО ва БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 аз нав қабул ва то соли 2020 тамдид ва барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 ба анҷом расидаанд.
Дар заминаи барномаҳои зикршуда, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ қабул гардидаанд, қарорҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ ҷиҳати татбиқи онҳо низ ба тасвиб расидаанд.
Барои пайдо намудан ба суолҳои, сарчашмаи маблағгузории ин барномаҳо аз куҷост,  оё ин барномаҳо мушаххас маблағгузорӣ мешаванд ва ё аз буҷети маҳаллӣ  амалишавии онҳо сурат мегирад, бо чанде аз табибон ҳамсӯҳбат шудем.
Мутахасисон ва коршиносони соҳа мегӯянд, барномаҳо қабул шаванд ҳам, вале онҳо маблағ надоранд ва барномаҳои бемаблағ роҳи ҳалли мушкили соҳа нест.
Таҳлилҳо муайян намуд, ки ҳини қабули ин барномаҳо, маблағгузории алоҳида на аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва на аз ҷониби ҳукумати вилояту шаҳру навоҳӣ дар татбиқи ин барномаҳо сарчашмаи махсуси маблағгузорӣ зикр нашудааст.
Тавре менеҷери сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Панҷакент Абдусамеъ Ортиқов мегӯяд, барои татбиқи барномаҳои соҳаи тандурустӣ мушаххасан аз буҷети маҳаллӣ ҷудо намудани маблағ пешбинӣ нашудааст. Иҷроиши ин барномаҳо дар доираи ҳамон маблағҳое мебошад, ки аз буҷет барои соҳаи тандурустӣ маблағ гузаронида шудааст.
 Вале баъзе барномаҳои соҳаи тандурустӣ аз дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешаванд. Барои мисол: барноми миллии имуннопрофилактика аз ҷониби ташкилоти ЮНИСЕФ, барномаи диабети қанд аз ҷониби раиси вилоят, Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 аз ҳисоби фармони№600 маблағгузорӣ мешавад. Аммо барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020  қариб, ки маблағгузорӣ намешавад – мегӯяд ҷаноби Ортиқов.
Мутахасисони соҳа бар он назаранд, ки дар қарорҳои марбутаи раиси вилоят ва раиси шаҳр низ, ки онҳо  дар асоси Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ  таҳия мешаванд, маблғгузории алоҳида пешбинӣ нашудааст.
Дар гурӯҳбандии буҷети муассисаҳои тандурустии шаҳр барои солҳои 2016-2017, 9 моҳи соли 2018 ва маблағҳои аз ҳисоби қарори№ 600 ба даст омада, низ барои татбиқи ин барномаҳо маблағ пешбинӣ нагардидааст.

Гурӯҳбандии буҷети КАТС дар солҳои 2016-2017

Рамз
Нишондодҳо
2111
Музди меҳнат
2121
Пардохтҳо (маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ)
2211
Захираҳои моддии молӣ
2214
Хароҷоти ҷорӣ, ғайр аз таъмир
2215
Таъмири ҷорӣ
2217
Пардохт барои хизматрасонии коммуналӣ
2218
Пардохт барои хизматрасонии алоқа


Гурӯҳбандии истифодаи маблағҳое, ки тибқи Қарори № 600-и Ҳукумати ҶТ дар суратҳисоби махсуси КАТС солҳои 2016-2017 ғун шудаанд
Рамз
Нишондодҳо
2111
Музди меҳнат
2121
Пардохтҳо (маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ)
2211
Захираҳои моддии техникӣ
2213
Маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ
2214
Хароҷоти ҷорӣ, ғайр аз таъмир
2215
Таъмири ҷорӣ
2217
Пардохт барои хизматрасонии коммуналӣ
2218
Пардохт барои хизматрасонии алоқа
2219
Дигар молу хизматрасониҳои категорияҳои дигар
2814
Мошинҳо ва таҷҳизот

Байни ин барномаҳо қоидаҳои  гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда, ки бо Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз 23.08.2016, таҳти № 374 ба тасвиб расидааст, истисно аст.
Менеҷери сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Панҷакент Абдусамеъ Ортиқов изҳор дошт, кибарои татбиқи он соли 2017 аз буҷети маҳаллии шаҳри Панҷакент 120 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, ки то ҳол дар доираи он маблағ амал намуда истодаанд.
Вале дар ин ҳол муассисаҳои тиббӣ дар доираи маблағҳои барои соҳа ҷудошуда ҷиҳати иҷрои ин барномаҳо тадбир меҷӯянд.
Ҳарчанд дар буҷети соҳа барои татбиқи барномаҳои миллӣ мушаххас маблағ пешбинӣ нашудааст, вале маблағҳое, ки барои фаъолияти Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БМНМ, Маркази мубориза бо бемориҳои  тропикӣ, Маркази мубориза бо бемориҳои сил, Маркази мубориза бо бемориҳои руҳӣ ва диспансери наркологӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази байниноҳиявии дилшиносӣ, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ҷудо гардидаанд, дар маҷмӯъ барои иҷрои ҳадафҳои барномаҳои миллии соҳавӣ масраф мешаванд, яъне бо забони дигар бо азобе бори худро мекашанд.
Маблағгузории буҷетӣ ва ғайрибуҷетии муассисаҳои тиббие, ки ба табобату пешгирии бемориҳои ҷудогона, тибқи барномаҳои миллӣ машғуланд.

Муассиса
Маблағҷудокунии буҷетӣ дар солҳои: (сомонӣ)
Маблағҷудокунии ғайрибуҷетӣ дар солҳои:
2016
2017
2018 (пешбинӣ)
2016
2017
2018 (пешбинӣ)
1
Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ
345167
454302
465872
71315
48638
37695
2
Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ
131774
155805
157100
-
-
-
3
Маркази мубориза бо бемории сил
488766
604182
602168
-
2750
-
4
Диспансери бемориҳои руҳӣ, нашъамандӣ
899250
1212700
1177800
-
-
-
5
Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим
87770
99455
106920
-
-
-
6
Маркази байниноҳиявии дилшиносӣ
448185
478195
485271
235694
230360
122064
7
Маркази солимии репродуктивӣ
127227
146681
167730
-
-
-
8
Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона
112750
130672
132910
-
-
-


Тавре аз ин нишондиҳандаҳо бармеояд, маблағгузории буҷетӣ ба муассисаҳои зикршуда, ки фаъолияташон ба татбиқи барномаҳои миллии соҳавӣ нигаронида шудааст, сол то сол меафзояд, вале ин афзоиш ба андешаи коршиносон асосан  барои пардохти маоши кормандон, ки  бо Қарорҳои Ҳукумати мамлакат меафзояд, масраф мешавад.
Баробари ин дар КАТС ва Беморхонаи марказии шаҳр, беморхонаҳои минтақавӣ гуфта натавонистанд, ки  барои татбиқи ин ё он барномаи миллӣ чӣ қадар маблағ масраф карда шудааст. Яъне маблағи муайян, ки нест харҷи муайян ҳам надорад.
Ҳоло бошад, тавре дар замони на чандон дури шуравӣ мегуфтанд, ин барномаҳо бо усули «ҳарчӣ боқӣ монад» (остаточный принцип) маблағгузорӣ мешаванд.


Хуршед Фозилов, Чӯраи Мулло

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...