воскресенье, 23 сентября 2018 г.
Панҷакент кай соҳиби МРТ мешавад?
Қонунгузории Тоҷикистон табобати ройгони мардумро кафолат медиҳад. Аммо сару садо дар бораи риоя нагардидани ин талабот зиёд шунида мешавад.
Барои санҷиши ин сару садо ва воқеияти ҳол муаллифони матлаби мазкур дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент пурсиши ғайрирасмӣ доир намуданд.
Суоли мо мушаххас буд: ”Ба фикратон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табобати ройгон кафолат дода шудааст?”
Дар ҳамин ҳол банди 38-и Конститутсияи Тоҷикистон омадааст:
«Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқарарнамудаи қонун аз ёрии тиббиии ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд».
Таъминоти буҷети соҳаи тандурустӣ аз ҳамин кафолати Коститутсия маншаъ мегирад.
Шаҳри Панҷакент яке аз минтақаҳои сернуфуси мамлакат аст. Маълум аст, ки баробари теъдоди мардум номгӯи муассисаҳои тиббӣ низ бояд ба меъёрҳо мувофиқ бошад.
Тибқи меъёри тасдидқнамудаи Вазорати тандурустӣ бояд ба сари 10000 аҳолӣ як бригада фаъолият намояд. Вале дар ҳамин ҳол дар Панҷакент, ки ҳудуди 300 000 аҳолӣ дорад, ҳамагӣ 6 бридагаи ёрии таъҷилӣ фаъолият мекунад, ки 24 бигадаи дигар кам аст.
Ҳамасола барои нигоҳдорӣ ва фаъолияти муассисаҳои зикршуда аз буҷети маҳаллӣ маблағи мушаххас ҷудо мегардад.
Маълумоти дастрасшуда мегӯяд, ки маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сол то сол меафзояд. Ин маблағҳо барои пардохти музди меҳнати кормандон, таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, таъмир, захираҳои моддию молӣ, хидматрасониҳои коммуналӣ, алоқа ва ғайра масраф мешаванд.
Ба назар мерасад, ки бештари маблағи ҷудошудаи буҷетӣ барои пардохти музди меҳнати кормандон масраф мешавад. Инро дар мисоли дигар муассисаҳои давлатии тиббӣ дар солҳои минбаъда низ дидан мумкин аст. Соли 2017-ум дар дармонгоҳи стаматологӣ-77, МНДСД-79, дар дигар муассисаҳои тиббӣ низ тақрибан 70-80 дарсади маблағҳои буҷавӣ барои пардохти маош масраф гардид. Гуфта мешавад, бо афзудани маош ҳиссаҷудокунӣ аз буҷет барои маош, пардохтҳои иҷтимоӣ низ меафзояд. Яъне барои беҳдошти фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла харидории таҷҳизот аз буҷети маҳаллӣ давоми солҳои охир маблағи ночиз ҷудо гардидааст. Маблағе, ки барои таъмини эҳтиёҷоти моддӣ-техникии муассисаи калонтарини тиббии шаҳр - Беморхонаи марказӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо шудааст, аз ҷумла маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷот ва захираҳои моддию молӣ, ки ба он харидории дорувор, таҷҳизот дигар маводи табобатӣ шомил аст, дар соли 2016, 0,28% ва дар соли 2017 ҳамагӣ 0,96%-и маблағгузории буҷетии муассисаро ташкил додааст.
Пас то куҷо гуфтан мумкин аст, ки бо ин маблағ, масалан харидории таҷҳизоти ҳозиразамони ташхиси фавқуссадоӣ ё МРТ, ки барои Панҷакент ҳамчун минтақаи дурдаст сахт зарур аст, имконпазир бошад? Дар ҳоле, ки айни замон беморхонаи марказии шаҳр, ҳатто як таҷҳизоти ташхиси фавқуссадоӣ надорад.
Мутахасисони соҳа мегӯянд, арзиши миёнаи як дастгоҳи МРТ то 1,5 миллион сомонӣ арзиш доштааст. Аммо он маблағҳое, ки тӯли се соли охир барои таъмини захираҳои моддию молии ду муассисаи калонтарини тиббии шаҳр – муассиаи давлатии ёрии аввалияи тиббӣ – санитарӣ ва беморхонаи марказии шаҳр пешбинӣ шудааст ва ин аз маблағи амалан сарфшуда бештар аст, ҳатто барои харидории як дастгоҳи МРТ намерасад. Яъне маблағи дар 3 соли охир пешбинишуда дар ин самт, тибқи маълумоти расмӣ, 466,9 000 сомониро ташкил медиҳад.
Таври маълум, чанд солҳои охир барои дармонгоҳҳои кишвар низоми маблағгузории сарикасӣ муқаррар шудааст.
Масъулини бахши тандурустии шаҳри Панҷакент мегӯянд соли 2016 ба ҳар нафар сокини шаҳру деҳоти Панҷакент аз буҷети маҳаллӣ барои ташхису табобат 93, соли 2017, 115 сомонӣ масраф гардида, дар соли 2018 - 117 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, аз ҳисоби ин маблағ ҳамаи хароҷот-пардохти маош, ҳифзи иҷтимоӣ, хидмати коммуналӣ, алоқа, барқ, таъмир, харидории дорувору таҷҳизот ва ғайра бояд амалӣ шавад. Дар ин сурат хароҷоти бевосита барои ташхису табобати ҳар коргар аз ин ҳам ночизтар мегардад.
Масъулини бахш худро бо он қаноат медиҳанд, ки солҳои 2016-2017 тақрибан 25 дарсади буҷети маҳаллӣ барои соҳаи тандурустӣ ихтисос ёфтааст. Ин таносуб дар соли 2018 низ нигоҳ дошта шудааст.
Имкониятҳои буҷети шаҳри Панҷакент, ки аз минтақаҳои муваффақ маҳсуб мешавад, ҳамин қадар аст. Пас танҳо дар такя ба он то куҷо мушкилоти зиёди ин соҳаи ҳаётан муҳимро ҳал кардан имкон дорад?
Дар ҳоли ҳозир, таъмини буҷетии муассисаҳои тиббӣ бо уштур бо кафлес об доданро мемонад.
Шояд яке аз омилҳои таҳрикдиҳандаи қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2018, №600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ», ки амалан хидмати ройгони тиббиро аз байн бурд, ҳамин имкониятҳои маҳдуди буҷети на танҳо минтақаҳо, балки ҷумҳурӣ ҳам бошад?
Подписаться на:
Комментарии (Atom)
БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!
Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...
-
Ронандагони хатсайри №2 ва сокинони кӯчаи Борбади шаҳри Панҷакент мегӯянд, чаро мақомот 500 метр роҳи ин кӯчаро асфалтпӯш карду боқиманда ...
-
Давоми 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 39 муассисаи таълимӣ ва 2 муассисаи томактабӣ бунёд шудааст. Сохтмони ин ...

