“Таъмирпули”и
ғайриқонунӣ дар мактабҳои Панҷакент
Бовуҷуди он, ки
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷамъоварии маблағ барои таъмирро дар
макотиби кишвар ғайриқонунӣ хонадааст, ин “маърака” дар мактабу муассисаҳои томакатабтии шаҳри Панҷакент идома дорад.
Бархе
аз волидони хонандагони мактабҳои шаҳри Панҷакент мегӯянд, аз 20 то 70 сомонӣ
барои таъмири мактаб ба фарзандонашон маблағ пардохт кардаанд.
Насиба
Облоқулова, сокини шаҳри Панҷакент, як нафар аз волидон мегӯяд, 3 нафар
фарзандони ӯ дар мактабе таҳсил мекунанд, ки маблағи таъмирпулиаш аз ҳама дигар
мактабҳои шаҳр нисбатан гаронтар будааст. Ин хонум мегӯяд, барои ҳар як
фарзандонаш 80 сомонӣ маблағи таъмирпулӣ додааст.
Арзиши
ҷамъоварии маблағи таъмир дар ҳар мактаб гуногун буда, ҳамчунин ваобаста аз
шумораи кӯдакон ситонида мешудааст. Ҷонона Бобоева, як нафар аз омӯгорони
мактаби №-1-и шаҳри Панҷакент мегӯяд, агар дар як оила кӯдакони зиёд бошад, арзиши
маблағи таъмир камтар шудан мегирад. Барои сабукӣ ба волтдон. Яъне барои 1
фарзанд 40 сомонӣ муайян шуда бошаду ҳамчунин бародар ё хоҳаронаш ҳам дар ҳамин
мактаб таҳсил кунанд, ин миқдор 30 ё 20 сомонӣ барои ҳар кадоме гирифта
мешавад.
Дар
ҳамин ҳол мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент, Қосимҷон Шарофзода мегӯяд, мо
ҷамъоварии маблағро манъ кардаем. Ба андешаи ӯ
ҷамъоварии маблағ ва таъмири мактабҳо, ин ташаббуси кумитаи падару
модарон будааст.
Вале
Парвина Тошева, яке аз дигар волидон мухолифи ҷамъ кардани ҳама гуна маблағ аз
қабили пули моҳона, таъмрпулӣ, пули гӯшаву обуна аст. Ӯ мегуяд, вақт аз оне, ки мо ҳар моҳ 5 сомонӣ
маблағи моҳона медиҳем, ҷамъ кардани таъмирпулӣ кори зиёдатист.
-
Ҳамин моҳонапулӣ куҷо меравад? – савол мегузорад ин
модар.
Ба
андешаи Тошева, агар волидон пули таъмир насупоранд, барои фарзандони онҳо дар
мактаб якчанд мушкилот пеш меомадааст.
Як
нафар аз директорони мактабҳои шаҳри Панҷакент гуфт, ки мо барои таъмир аз сари
ҳар нафар 15 сомонӣ ҷамъоварӣ кардем. Аз рӯи ҳисоби пешакии мо барои таъмири 1
синфхона 200 сомонӣ кифоят мекунад. Агар аз рӯи гуфтаи ин мудири мактаб ҳисоб
намоем, дар мактабе, ки 1500 хонанда дошта бошаду ба ҳисоби миёна 30 сомонӣ
маблағ ҷамъ карда шавад, аз ҷамъоварии
пулӣ таъмир
45 000 сомонӣ маблағ ба даст меояд. Дар сурати 200 сомонӣ сарф кардан ба ба
ҳар синфхона ин маблағро тақсим кунем 45000/200=225 синфхонаро мешавад таъмир
намуд.
Ҳамаи
ин дар ҳолест, ки ҷамъоварии маблағҳоро вазорати маориф расман манъ карда онро
ғайриқонунӣ ва нодуруст хондааст.
PS:Пас аз он, ки дар раисони шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд расман
ҷамъоварии таъмирпулиро дар мактабҳои ин 2 шаҳр манъ карданд, хабарҳои атрофи
баргардонидани пулҳои ҷамъоварда шудаи волидон ҷой дошт, аммо ин амал, яъне
баргардонидани маблағи волидон дар шаҳри Панҷакент амалӣ мешуда бошад?
Хуршед Фозилов
