среда, 30 августа 2017 г.

“Таъмирпули”и ғайриқонунӣ дар мактабҳои Панҷакент
Бовуҷуди он, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷамъоварии маблағ барои таъмирро дар макотиби кишвар ғайриқонунӣ хонадааст, ин “маърака” дар мактабу муассисаҳои томакатабтии шаҳри Панҷакент идома дорад.
Бархе аз волидони хонандагони мактабҳои шаҳри Панҷакент мегӯянд, аз 20 то 70 сомонӣ барои таъмири мактаб ба фарзандонашон маблағ пардохт кардаанд.

Насиба Облоқулова, сокини шаҳри Панҷакент, як нафар аз волидон мегӯяд, 3 нафар фарзандони ӯ дар мактабе таҳсил мекунанд, ки маблағи таъмирпулиаш аз ҳама дигар мактабҳои шаҳр нисбатан гаронтар будааст. Ин хонум мегӯяд, барои ҳар як фарзандонаш 80 сомонӣ маблағи таъмирпулӣ додааст.

Арзиши ҷамъоварии маблағи таъмир дар ҳар мактаб гуногун буда, ҳамчунин ваобаста аз шумораи кӯдакон ситонида мешудааст. Ҷонона Бобоева, як нафар аз омӯгорони мактаби №-1-и шаҳри Панҷакент мегӯяд, агар дар як оила кӯдакони зиёд бошад, арзиши маблағи таъмир камтар шудан мегирад. Барои сабукӣ ба волтдон. Яъне барои 1 фарзанд 40 сомонӣ муайян шуда бошаду ҳамчунин бародар ё хоҳаронаш ҳам дар ҳамин мактаб таҳсил кунанд, ин миқдор 30 ё 20 сомонӣ барои ҳар кадоме гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент, Қосимҷон Шарофзода мегӯяд, мо ҷамъоварии маблағро манъ кардаем. Ба андешаи ӯ  ҷамъоварии маблағ ва таъмири мактабҳо, ин ташаббуси кумитаи падару модарон будааст.
Вале Парвина Тошева, яке аз дигар волидон мухолифи ҷамъ кардани ҳама гуна маблағ аз қабили пули моҳона, таъмрпулӣ, пули гӯшаву обуна аст.  Ӯ мегуяд, вақт аз оне, ки мо ҳар моҳ 5 сомонӣ маблағи моҳона медиҳем, ҷамъ кардани таъмирпулӣ кори зиёдатист.
-          Ҳамин моҳонапулӣ куҷо меравад? – савол мегузорад ин модар.
Ба андешаи Тошева, агар волидон пули таъмир насупоранд, барои фарзандони онҳо дар мактаб якчанд мушкилот пеш меомадааст.


Як нафар аз директорони мактабҳои шаҳри Панҷакент гуфт, ки мо барои таъмир аз сари ҳар нафар 15 сомонӣ ҷамъоварӣ кардем. Аз рӯи ҳисоби пешакии мо барои таъмири 1 синфхона 200 сомонӣ кифоят мекунад. Агар аз рӯи гуфтаи ин мудири мактаб ҳисоб намоем, дар мактабе, ки 1500 хонанда дошта бошаду ба ҳисоби миёна 30 сомонӣ маблағ ҷамъ карда шавад, аз ҷамъоварии пулӣ таъмир 45 000 сомонӣ маблағ ба даст меояд. Дар сурати 200 сомонӣ сарф кардан ба ба ҳар синфхона ин маблағро тақсим кунем 45000/200=225 синфхонаро мешавад таъмир намуд.

Ҳамаи ин дар ҳолест, ки ҷамъоварии маблағҳоро вазорати маориф расман манъ карда онро ғайриқонунӣ ва нодуруст хондааст.
PS:Пас аз он, ки дар раисони шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд расман ҷамъоварии таъмирпулиро дар мактабҳои ин 2 шаҳр манъ карданд, хабарҳои атрофи баргардонидани пулҳои ҷамъоварда шудаи волидон ҷой дошт, аммо ин амал, яъне баргардонидани маблағи волидон дар шаҳри Панҷакент амалӣ мешуда бошад?
Хуршед Фозилов

четверг, 13 апреля 2017 г.

ЖУРНАЛИСТ-БЕҲИМОЯТАРИН ҚИШР!!!

ЖУРНАЛИСТ-БЕҲИМОЯТАРИН ҚИШР!!!

Дар ҳолати маҷбурӣ мардум ба журналистон барои пуштибонӣ муроҷиат мекунад ва ин дар ҳолест, ки худи журналист намедонад дар зарурат ба кӣ додашро расонад...
11 март Рӯзи матбуоти Тоҷик буд. Рӯзе, ки журналистон-дилсӯзтарин, вале беҳимоятарин қишри ҷомеа иди касбӣ дошт.
Ёд доред, ки дар 100-солагии Матбуоти Тоҷик Сарвари давлат ҳини суханронии хеш бисёр нуктаҳои муҳимро зикр ва бобати беҳтар шудани фаъолияти рӯзноманигорон чанд дастуру супоришҳо ҳам дода буд? Аммо чунин ба назар мерасад, ки масъулин ва вузаро рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ, сол ба сол ҷои бо журналистон наздик шудан, худро канор мекашанд. Ҳавоӣ намегӯем! Факт!!!
Дар кишвари мо чанд қонунҳое ҳастанд, ки фаъолияти журналистиро ба танзим медароранд ва ҳамаи ин қонунҳо бо имзои Сарвари давлат ба тасвиб расидаанд. Қонунҳои ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» аз ҷумлаи ин қонунҳоянд, ки дар онҳо ӯҳдадориву вазифаи чиновникҳо хеле хуб гуфта шудаанд. Вале чунин ба назар менамояд, ки ин ҳама дар рӯи коғазанду халос.
Масалан дар моддаи 3-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» гуфта мешавад, ки:
1.Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.
2.Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.
Вале дар 5 соли охир чандин нашрияҳо бо сабабҳои мухталиф баста шуданд. То ҳол баъзе аз сомонаҳо дар Тоҷикистон масдуданд. Магар бастани сомонаҳо дахл ба фаъолияти касбии редаксия нест? Чаро чандин журналистони касбӣ ҷилои ватан карданд? Оё касе боре сари ин масъала андешидааст?

Дастрасӣ ба хабар мушкилтар мешавад
Дар музофот гирифтани иттилоот нисбати марказҳо душвортар аст. Чун ба дари баъзе аз мақомоти қудратӣ сар мехалонӣ «бе иҷозати вазорат ё роҳбарияти болоӣ мо ҳуқуқ надорем ба шумо маълумот диҳем!» мегӯянд. Имрӯз редаксияҳои Тоҷикӣ аз кам шудани хонандагон ва кам гардидани шумораи нашрияҳояшон бисёр мегӯянд. Ба замми ин боло рафтани андоз, қимат шудани нархи маҳсулоти чопӣ ва дигар омилҳо деворе гардидааст барои редаксияҳо.
Гузашта аз ин мушкилоти аз ҳама асосӣ ин хеле кам будани маоши рӯзноманигорон воқеан боиси андеша шудааст. Кас ҳайрон мегардад, ки чаро дар дигар давлатҳо рӯзноманигорон маоши баланд мегиранд, редаксияҳо аз бисёр имтиёзҳо бархурдоранд, вале дар мо касе парвои журналистон ва журналистикаро надорад?
Нафароне мехоҳанд дар Панҷакент телевизион кушоянд, лек бо гузашти чандин солҳо наметавонанд ин амали хешро пиёда созанд. Иҷозатнома гирифта наметавонанд. Сабаб? Номаълум! Чизе журналистон мегӯянд барои ободиву пешрафти ин сарзамин аст, на зиёда аз ин.
Мардум ва масъулин, мо душман нестем! Мо танҳо ҳақиқатро ба мардум, ҳукумати марказӣ ва сарвари кишвар мерасонему бас...
Бо умеди пешрафт ва шукуфоии ин сарзамин ва ҳамкории чиновникҳо бо рӯзноманигорон.

Хуршед Фозилов,
Панҷакент, СССР

ПАНҶАКЕНТ: 40 КӮДАК ХАТНА ШУД!

ПАНҶАКЕНТ: 40 КӮДАК ХАТНА ШУД!

  • Душанбе, Апр 03 2017

40 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд аз  шаҳру деҳоти Панҷакент, бо дастгирии молии КМ "Зарафшон" хатна карда шуданд. Саҳни тарабхонаи "Меҳр" пур аз одам буд. Ду тараф дастурхони пурнозу неъмати тӯёна оро дода шуда,  дар тарафти рост кӯдакон бо волидону намояндагонашон ва сарулибоси якхела зиёфат мехӯрданд.  Бо садои карнай раиси шаҳри Панҷакент ва намояндагони КМ "Зарафшон" ба кӯдакон тӯҳфаҳои моливу пулиро инъом намуданд. Рақсубозӣ ва велосипедронии кӯдакон дар саҳни тарабхона бо овози сарояндагон ҷӯр мешуд. Чанде аз волидон ҳини суханронии хеш миннатдориашонро ба ташаббускорони ин амали хайру савоб баён доштанд.

Хуршед Фозилов

ПАНҶАКЕНТ: МАРЗ БО ТОШКАНД КУШОДА ШУД?!

  • Чоршанбе, Апр 12 2017


Намояндагони мақомоти марзбонии Ӯзбакистон ба ш.Панҷакент ташриф овардаанд. Мулоқоти марзбонони Ӯзбакистон бо марзбонони Тоҷикистон дар ш.Панҷакент  ҳудуди 3 соат идома ёфта, то ҳол аз натиҷаи ин мулоқот расман чизе ироа нашудааст. Гуфта мешавад, ин мулоқот ба хотири кушода шудани сарҳади Ҷартеппа - Саразм воқеъ дар қисмати ғарбии ш.Панҷакент сурат гирифтааст. Ба иттилои дигар манбаъ, марзбонони тоҷику ӯзбак ба хотири пешгирии убури ғайриқонунии марз ва ҳамкорӣ дар ин самт вохӯрӣ доир намудаанд. Ин дар ҳолест, ки аввалин хатсайри ҳавоӣ байни ин кишвар  ҳамсоя соли равон пас аз 25 сол боз ба роҳ монда шуд ва чунин ба назар мерасад, ки ҳамкориҳои хуб ва муносибатҳои нарм байни Тоҷикистону Ӯзбакистон пас аз ба сари тахт омадани Шавкат Мирзиёев ба роҳ мондан дорад.

БЕМОР: ВНМО ОХИРИ ҲАЁТ НАБУДААСТ!

Ҷаҳоноро (номи қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Панҷакент ҳанӯз чанд сол пеш, ки он вақт як фарзанд дошту шавҳараш аз муҳоҷирати меҳн...